САВОЛУ ҶАВОБ

САВОЛУ ҶАВОБ

Мехоҳам маънои сано, тасбеҳот, тасмеъу таҳмид ва зикру дуоҳоеро, ки дар дохили намоз хонда мешаванд, бидонам.

Тарҷумаи зикрҳо ва дуоҳое, ки дар намоз хонда мешаванд, ба сурати зайл аст:

Сано: «Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа ғайрука».

Тарҷума: «Ба покӣ ёд мекунам Туро эй Аллоҳ ва ҳамди Туро мегўям, бобаракат аст номи Ту ва бартар аст зоти Ту, нест худое ҷуз Ту».

Тааввуз: «Аъузу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим». «Аз бадии шайтони рондашуда ба Худо паноҳ мебарам».

Тасмия: «Бисмиллоҳир-Раҳмони-Раҳим». «Ба номи Худои Бахшояндаи Меҳрубон».

Тасбеҳи рукуъ: «Субҳона Раббиял-Азим». «Парвардигори Бузургамро ба покӣ ёд мекунам».

Тасмеъ: «Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ». «Худо ҳамди касеро, ки Ўро меситояд, бишунавад».

Таҳмид: «Раббано лакал-ҳамд». «Парвардигори Бузургамро ба покӣ ёд мекунам».

Тасбеҳи суҷуд: «Субҳона Раббиял-Аъло». «Парвардигори Бартарамро ба покӣ ёд мекунам».

Ташаҳҳуд: «Аттаҳийёту лиллоҳи вас-салавоту ват-таййибот. Ассалому алайка айюҳаннабийю ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Ассалому алайно ва ало ибодиллоҳис-солиҳин. Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу».

Тарҷума: «Тамоми ибодатҳои қавлӣ, баданӣ ва молӣ барои ризои Худост. Салом бар ту эй Пайғамбар ва раҳмати Худо ва баракоти ў. Салом бар мо ва бар бандагони некўкори Худо. Гувоҳӣ медиҳам, ки ба ҷуз Худои ягона ва якто ҳеҷ худое сазовори парастиш нест ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Худост».

Салавот: «Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммадин камо саллайта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳим, иннака Ҳамидум-Маҷид. Аллоҳумма борик ало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммадин камо боракта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳим, иннака Ҳамидум-Маҷид».

Тарҷума: «Худоё! Бар Муҳаммад ва хонадони Муҳаммад дуруд бифирист, ҳамон гуна ки бар Иброҳим ва хонадони Иброҳим дуруд фиристодӣ. Ҳамоно ту ситудашуда ва бузургворӣ. Худоё! Бар Муҳаммад ва хонадони Муҳаммад баракат бифирист, ҳамон гуна ки бар Иброҳим ва хонадони Иброҳим баракат фиристодӣ. Ҳамоно ту ситудашуда ва бузургворӣ».

Дуо: «Аллоҳуммағфир лӣ ва ливолидаййа ва лиҷамиъил-мўъминина вал-мўъминоти вал-муслимина вал-муслимот, ал-аҳёи минҳум вал-амвот».

Тарҷума: «Худоё! Ману падару модарам ва тамоми мардону занони мўъмину мусулмон ва зиндагону мурдагони онҳоро биёмурз».

Салом: «Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ». «Салом ва раҳмати Худо бар шумо бод!».

Ёддошт: Дар аснои намоз тарҷумаи оятҳо ва зикрҳоро нахонад, балки дар маънои онҳо тадаббур намояд.

Зикрҳои пас аз салом: «Астағфируллоҳ, Аста фируллоҳ, Астағфируллоҳ, Аллоҳумма антас-Салому ва минкас-салом. Таборакта Раббано ва таъолайта ё Зал-ҷалоли вал-икром».

Тарҷума: «Аз Худо омурзиш мехоҳам. Аз Худо омурзиш мехоҳам. Аз Худо омурзиш мехоҳам. Худоё! Ту Салом ҳастӣ ва саломатӣ аз Туст. Бобаракат ҳастӣ эй Парвардигори мо ва Боазаматӣ, эй Соҳиби бузургӣ ва икром».

Тасбеҳ: «Субҳоналлоҳ». Худоро ба покӣ ёд мекунам.

Таҳмид: «Алҳамду лиллоҳ». Ҳамду ситоиш танҳо барои Худост.

Такбир: «Аллоҳу акбар». Худо бузург аст.

 Калимаи тавҳид: «Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ. Лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамд. Юҳйӣ ва юмиту ва ҳува Ҳайюл-ло ямут. Биядиҳил-хайру ва ҳува ало кулли шайъин Қадир».

Тарҷума: «Нест худое ҷуз Аллоҳи ягона ва беанбоз. Мулк ва ситоиш Ўрост. Зинда мегардонад ва мемиронад ва Ў Зиндаи намиранда аст. Хайр ба дасти Ўст ва Ў бар ҳар чизе Тавоност».

Дуои охир: «Раббано отино фид-дунё ҳасанатав-ва фил-охирати ҳасанатав-ва қино азобан-нор».

Тарҷума: «Парвардигоро! Ба мо дар дунё некӣ бидеҳ ва дар охират некӣ бидеҳ ва аз азоби дўзах моро раҳоӣ бахш». («Мароки Фалох»)

 

 

Оё дар берун аз намоз пас аз қироати «Фотиҳа» бо садои баланд «омин» гуфтан ҷоиз аст?

Ин ба ҳолати гўянда вобаста аст, агар ба баланд гуфтан итминон ҳосил кунад, боке надорад, вагарна бо овози паст беҳтар аст. («Хошияту Тахтови»)

 

 

 

Дар кадом рўзҳои ҳафта шустани сару тан ва ҷомашўӣ кардан мумкин нест?

Назофат ва покизагӣ аз талаботи дини Ислом буда, нисфи имон мебошад ва он вақти муайян надорад. («Мароки Фалох»)

 

 

 

Ман дар Россия таҳсил карда истодаам. Аз мағозаҳо шоколад мехарем, ки дар таркибаш иловаҳои Е дорад. Оё чунин шоколадро истъмол кардан ҷоиз аст?

Бародари азиз, агар яқинан бидонед, ки ин аломат аз ҷумлаи иловаҳои навъи ҳаром аст, пас аз он парҳез кунед ва агар дар он шубҳа доред, пас тарки он беҳтар аст. («Любоб»)

 

 

 

Ман барои издивоҷ 900 000 ҳазор рубль ҷамъ кардам ва ҳанўз як сол нашудааст, оё аз ин маблағ закот медиҳам ё на?

Бародари азиз, пас аз тамом шудани як соли қамарӣ бар шумо пардохти закот воҷиб мегардад ва пеш аз тамом шудани соли қамарӣ пардохти закот бар шумо воҷиб намегардад. («Любоб»)

 

 

 

Зан намози худро рост истода бигузорад ё нишаста? Қуръону суннат дар ин бора чӣ мегўяд?

Рост истода намоз гузоридан барои мардону занон фарз аст, фақат дар ҳолати узру беморӣ метавонад нишаста ва ё хобида адо кунад, чӣ мард бошад, чӣ зан. («Мароки Фалох»)

 

 

 

Дар рўзи ҷумъа гуфтани ибораи “ҷумъа муборак” дуруст аст?

Дар рўзи ҷумъа табрик кардани касе аз нигоҳи шариат амри мубоҳ аст ва монеъе надорад, чунки он маънои дуоро дорад, аслан рўзи ҷумъа муборак аст ва хуб аст, ки гўяд бо баракат бошад.

 

 

 

Ман дар гуфтани ин сухан, ки “ман зан гирам, се талоқ”, шак дорам, ҳоло зан надорам ва дар фотеҳа ҳам нестам, ҳукми ин чист?

Бародари азиз, то вақте ки дар гуфтани ин сухан яқин пайдо накунед, он эътиборе надорад ва дар сурати издивоҷ кардан талоқ ҳам воқеъ намешавад. («Любоб»)

 

 

 

Касе, ки худкушӣ мекунад, ҷаноза кардани ў дуруст аст ё на? Ба сари қабраш рафтан ҷоиз аст ё не?

Аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ ҷаноза кардани шахси худкушикарда ва ба сари қабраш рафта дуо кардан дуруст аст, зеро ў ба дуои зиндагон бештар ниёзманд аст. («Мароки Фалох»)

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Чипсҳои картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 1-2 дона картошка, 2 қошуқ равғани зайтун, намак ва паприка мувофиқи табъ.   Тарзи таҳия: Картошкаро то ҳадди имкон тунук реза кунед. Барои ин метавонед аз пӯстканак ё комбайн истифода баред. Табақи тафдони хурдмавҷро бо коғази пухтупазӣ пӯшонда, каме равғани зайтун молед....


Беш аз 23,6 миллион рубл музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

Дар ҳафт моҳи соли 2026 дар натиҷаи фаъолияти Намояндагӣ оид ба масъалаҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ба муҳоҷирони тоҷик 23 миллиону 655 ҳазору 452 рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашуда баргардонида шудааст. Ин маблағ...


Тоҷикистон бо Озарбойҷон, Чин ва Фаластин бозиҳои дӯстона мегузаронад

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар рӯзҳои FIFA дар моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад. 23-юми сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Озарбойҷон вохӯрӣ анҷом медиҳад. Бозӣ дар варзишгоҳи...


САВОЛУ ҶАВОБ

Мехоҳам маънои сано, тасбеҳот, тасмеъу таҳмид ва зикру дуоҳоеро, ки дар дохили намоз хонда мешаванд, бидонам. Тарҷумаи зикрҳо ва дуоҳое, ки дар намоз хонда мешаванд, ба сурати зайл аст: Сано: «Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа...


Муҳоҷирон ба Русия бештар даромад оварданд

Дар ним сол аз ҳисоби муҳоҷирон ба буҷети Русия 321 миллиард рубл ворид шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 30% зиёд мебошад.   Ин нуктаро Андрей Кикот, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия дар вохӯрӣ бо Владимир Путин, президенти Русия зикр кард. Ба гуфтаи ӯ, аз ин маблағ, зиёда аз 60...