Эътикоф

Эътикоф

Эътикоф барои мардон дар масҷиди панҷвақта, барои занҳо бошад, дар хона ва ё намозгоҳашон бо нияти эътикоф як муддати муайян нишаста ибодат кардан аст.

 

Эътикоф чун воҷиб, суннати муаккада ва мустаҳаб, ба се қисм ҷудо мешавад:
Эътикофи назр (карда шуда) воҷиб мебошад.
Эътикофи дар даҳаи охири моҳи шарифи Рамазон бошад, ҳамчун кифояи суннати муаккада мебошад. Яъне дар як шаҳр, агар як нафар ин ибодатро анҷом бидиҳад, аз дигарон низ соқит мешавад. 
Берун аз Рамазон дар ягон масҷид ба нияти ибодат эътикоф нишастан мустаҳаб мебошад.


Шартҳои эътикоф: Шахси мӯътакиф (эътикофнишин) бояд, ки нияти эътикоф карда бошад. Мусулмон ва оқил бошад, ҷунуб, ҳайз ва нифос набошад.
Эътикофро дар масҷиди панҷвақта ё ин ки дар ҷое, ки дар ҳукми масҷид аст, нишастан лозим аст. Барои занҳо дар хона, ҳамон мавзеъ, ки барои намоз истифода мекунанд, ҳукми масҷидро дорад.
Дар эътикофи воҷиб рӯзадор будан лозим аст.
Берун аз эҳтиёҷ аз масҷид баромадан ва бо ҳамсараш алоқаи ҷинсӣ кардани мӯътакиф эътикофро бекор месозад.
Бинобар эҳтиёҷи зарурии динӣ, аз масҷид баромадани мӯътакиф эътикофро бекор намесозад. Масалан, дар масҷиди нишастааш, агар намози ҷумъа хонда нашавад, ба масҷиди наздиктарин рафта намозашро адо мекунад. (“Хошиёти Тахтовӣ”)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст

Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ноҳияи Гулкевичи минтақаи Краснодар боздид кардаанд. Дар ин марказ шаҳрвандони...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...