Имон ба китобҳои муқаддас

Имон ба китобҳои муқаддас

Имон ба китобҳои муқаддас

Китобҳои ва саҳифаҳои Муқаддас – ин ваҳйи Аллоҳ ﷻ аст, ки ба пайғамбарон фиристода мешавад.

Ваҳй – ин илм аст, ки Аллоҳ ﷻ онро ба пайғамбарон бо тавассути фаришта Ҷабраил, мефиристад. Ваҳй танҳо ба пайғамбарон фиристода мешавад.

Суҳуф – ин навиштаҷоти Муқаддаси, ки ҳамагӣ аз якчанд саҳифа иборатанд.

Суҳуфҳо ҳамагӣ 100 мебошанд, ки ба Паёмбарони зерин нозил гардида буданд:

1) 10 саҳифа ба Паёмбар Одам.

2) 50 саҳифа ба Паёмбар Шис.

3) 30 саҳифа ба Паёмбар Идрис.

4) 10 саҳифа ба Паёмбар Иброҳим.

Чор китоби Муқаддас аз ҷониби Аллоҳ ﷻ нозил гардидааст:

1) Таврот ба Паёмбар Мусо. Баъдан матни онро одамон тағйир доданд.

2) Забур ба Паёмбар Довуд. Баъдан матни онро одамон тағйир доданд.

3) Инҷил ба Паёмбар Исо. Баъдан матни онро одамон тағйир доданд.

4) Қуръон ба Паёмбар Муҳаммад ﷺ. Ин Китоб дар шакли тағйирнопазир вуҷуд дорад.

Имон ба пайғамбарон

Пайғамбарон – онҳо беҳтарини аз мардумон, бандагоне ҳастанд, ки Аллоҳи мутаъол баргузидааст, то динро ба мардум расонанд. Паёмбар (набӣ) - ваҳй бо шариат ба ӯ нозил шуда, аз ҷониби Аллоҳ ﷻ ба ӯ вогузор шудааст, ки ин шариатро (қонунро) ба мардум расонад.

Паёмбар (расул) - он касе, ки ваҳй бар ӯ нозил шуда, вале барои расонидани он ба мардум амр нашудааст.

Пайғамбаронро воҷиб аст, ки ҳатман дорои сифатҳои зерин бошанд:

1. Сидқ – ҳақгўию росткорӣ. Паёмбарон бениҳоят ҳақгў ва росткор буданд. Онҳо ҳеҷ гоҳ дурўғ намегуфтанд. Ҳамаи чизе ки онҳо гуфтаанд, мешавад, ё ки аллакай шуда гузаштааст.

2. Амонат – эътимод. Онҳо он чиро, ки барояшон амонат мегузоштӣ, ҳаргиз аз они худ намекарданд.

3. Фатонат –хирадманд. Паёмбарон доно ва хирадманд буданд.

4. Исмат – бегуноҳӣ. Паёмбарон ҳеҷ гоҳ гуноҳи ошкор ва гуноҳи пинҳонӣ (на сағира ва на кабира) намекарданд, онҳо ҳеҷ гоҳ, пеш аз Паёмбарӣ ва на баъди расидани рисолат мушрик набуданд. Вале ҳамчун одамӣ хато содир менамуданд ва зуд то он, ки ба онҳо пайравӣ намоянд, тавба мекарданд.

5. Таблиғ – огоҳкунии мардум. Паёмбарон ба одамон қоида ва қонуни Аллоҳро дар кадом шакле қабул намуда буданд, ҳамон тавр, бидуни тағйир, ба одамон мерасониданд.

Пайғамбарон

Номи 25 паёмбар дар Қуръони маҷид оварда шудааст. Дар асл шумораи онҳо хеле зиёд аст. Мо ба ҳамаи паёмбароне, ки шумораи аниқи онҳоро Аллоҳ ﷻ медонад, имон овардаем.

Номҳои паёмбароне, ки дар Қуръон ёд шудаанд:

1.Одам

2.Идрис

3. Нўҳ

4. Ҳуд

5. Солиҳ

6. Лут

7. Иброҳим

8. Исмоил

9. Исҳоқ

10. Яъқуб

11. Юсуф

12. Шуайб

13. Ҳорун

14. Мўсо

15. Довуд

16.Сулаймон

17. Аюб

18. Зулкифл

19. Юнус

20. Илёс

21.Алясаъ

22. Закариё

23. Яҳё

24. Исо

25. Муҳаммад ﷺ

Мўъҷиза – Пайғамбарон ﷺ бо иродаи қудрати Аллоҳ ﷻ барои тасдиқ намудани пайғамбарии худ нишон додаанд. Худи одамон бе мадади Аллоҳ ба нишон додани чунин корҳо қодир нестанд.

Каромат – Дўстони Аллоҳ (Вали) бо иродаи қудрати Аллоҳ ﷻ, қудрати нишон додани онро доранд.

«Рукнҳои имон»

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Муштзанҳои тоҷик ба Бозиҳои ХХ-уми Осиё мераванд

Аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳрҳои Айтӣ ва Нагояи Ҷопон Бозиҳои XX-уми Осиё баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгарони 45 кишвари қора барои 217 маҷмуи нишонҳо мубориза мебаранд. Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқа 117 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Аз намуди бокс дар ин мусобиқаи...


Резиши мӯй. Кай бояд ба табиб муроҷиат кард?

Дар як шабонарӯз рехтани 50-100 тори мӯй барои инсон одатан ҳолати муқаррарӣ ба ҳисоб меравад. Аммо агар мӯй назар ба пеш хеле бештар резад, ҷойҳои каммӯй пайдо шаванд ё сохтори мӯй тағйир ёбад, ин метавонад нишонаи мушкилоти саломатӣ бошад.   Рехтани мӯй ҳам мардон ва ҳам занонро дар синну...


Санбӯсаҳои зудпази картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 100 грамм панири тарошида, 700–800 грамм картошка, як бандча кабудӣ, 1 дона пиёз.   Барои хамир: 2 дона тухм, 2 истакон орд, 1 қошуқча намак, 1 истакон кефир. Тарзи таҳия: Картошкаро тоза карда, дар об пазед ва аз он картошкаи кӯфта тайёр кунед. Пиёзро майда реза...


Талаби илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст

Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд:   «Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд...


Маркази нави омӯзишӣ барои муҳоҷирон

Дар шаҳри Душанбе боз як Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ифтитоҳ шуд.   Дар ифтитоҳи ин марказ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва дигар масъулини дахлдор иштирок карданд. Чунин марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд,...