Моҳи шарифи рамазон

Моҳи шарифи рамазон

Моҳи шарифи рамазон

Моҳи мубораки Рамазон султони 11 моҳ мебошад. рўза Моҳи уммати Муҳаммад аст. Аввали Рамазон раҳмат, мобайнаш мағфират, охираш озодӣ аз азоби Дӯзах аст. Моҳи шарифи Рамазон: рӯзаш бо рӯза, шабаш бо намози Таровеҳ эҳё карда мешавад. Рамазони шариф моҳи Қуръон аст. Бинобар ин, ҳар касе Қуръони каримро хонда метавонад, ӯро мебояд, ки дар ин моҳ бисёр хатми Қуръон кунад. (Касоне, ки хонда наметавонанд, ин моҳро фурсат шумурда аз пайи омӯзиши Қуръон шаванд.

Рӯза танҳо баҳри ба даст овардани ризои Худо аз вақти имсок то вақти шом (ифтор) аз хӯрдану нӯшидан ва аз муносабати ҷинсӣ худро боз доштан аст, ки бар ҳар як марду зани мусулмон, оқил ва болиғ фарз гардидааст. Рӯзаи моҳи Рамазон фарз аст. Ин, ҳам аз ҷиҳати ақлӣ ва ҳам аз ҷиҳати нақлӣ, яъне, бо Китоб, суннат ва иҷмоъи уммат собит гардидааст.


Нозил шудани қуръони карим

Худованд дар ояи 185-уми сураи Бақара чунин мефармояд: “Моҳи Рамазон, моҳест, ки дар он барои роҳнамоии мардум ва баёни роҳи равшани ҳидоят ва ҷудо сохтани ҳақ аз ботил Қуръони карим нозил шудааст. Пас ҳар кас, ки ин моҳро дармеёбад,пас албатта бояд, ки дар он рӯза бидорад...”
Қуръони карим дар муддати 23 сол ба тадриҷ (қисм-қисм) инзол гардидааст. Ва ин оят баёнгари он аст, ки Қуръони карим дар моҳи Рамазон нозил шудааст.

Нияти гирифтани рўза

Шарти асосии рўза нияти он мебошад. Рўзаи беният қабул карда намешавад. Беҳтарин вақт барои нияти рўза баъди саҳарӣ ( таъоми пеш аз азони бомдод) мебошад.

Аммо шахси рўзагир саҳарӣ аз хоб бедор шуда натавонист, метавонад нияташро баъди вақти имсок (имсок – вақти ба охир расидани мўҳлати ғизои саҳарӣ) намояд, агарчи офтоб баромада бошад, фақат то нисфирўзӣ дер набояд кард. Аз ҳама муҳиммаш он аст, ки аз амалҳои шиканандаи рўза баъди расидани вақти имсоқ, даст бояд кашид.

Ҳар шахсе азми саҳархезӣ надорад, нияти гирифтани рўзаашро аз сари шаб кунад. Агар рўзаи моҳи шарифи Рамазон дар гардани шахс қарз афтад, бояд дар моҳҳои дигар ин рўзаро чун қарз адо намояд. Дар ин ҳолат ниятро пеш аз ғуруби офтоб, яъне аз сари шаб кардан беҳтар аст. Ниятро то дамидани субҳ намудан ҳатмӣ мебошад. Барои рўзаи қазоӣ ва рўзаи каффорат дар ният ақиб мондан манъ карда шуда, онро баъди имсоқ кардан мумкин нест. Нияти рўза дар дил карда мешавад. Ин маънои онро дорад, ки одами бо дил нияти рўзаро карда, дар воқеъ нияткарда ҳисобида мешавад. Инчунин одаме, ки бо мақсади хўрдани ғизои саҳарӣ барои гирифтани рўзаи рўзи минбаъда аз хоб бармехезад, низ нияткарда ҳисобида мешавад. Шахси рўзагиранда нияташро чӣ бо овози паст ва чӣ баланд карда метавонад: “Ният кардам рўза дорам рўза моҳи шарифи Рамазонро аз субҳи содиқ то фурў рафтани офтоб”. Дар вақти ифтор “Аллоҳумма лака сумту ва бика оманту ва ъалайка таваккалту ва ъала ризқика афтарту ва савма ғадин навайту” ё ин ки “Заҳабаззамаау вабталлатил ъуруқу ва сабатал аҷру иншааллоҳу таъала” хонда мешавад.

Манфиати рўза

1. Рўза ахлоқро қавӣ мегардонад.

2. Рўза меҳру шавқатро зиёд мегардонад.

3. Рўза василаи қадр ва шукргузории неъматҳои ато кар-

даи Аллоҳ аст.

4. Рўза одамро солим мегардонад.

Расулуллоҳ ** гуфта аст: “Рўза гиред, сиҳатӣ меёбед”.

(“Кашфу-л-хафо”).

5. Рўза ба инсон сабру таҳаммул меомўзад.

Ҳазрати Муҳаммад ** мегўяд: “Рўза ними тоқат аст”. (Тирмизӣ).

6. Рўза сабабгори омўрзиши гуноҳи мусалмонон мебошад.

Паёмбар ** гуфта аст: “Ҳар кӣ Рамазонро аз рўи имону ихлос бигирад, ҳамаи гуноҳҳои дар собиқ кардааш бахшида мешаванд”. (Бухорӣ).

7. Рўза сабабгори ба Ҷаннат ворид гардидани мусалмонон мегардад.

Паёмбар ** фармудааст: “Ба ростӣ, дар Ҷаннат даре ҳаст, онро ки Райён (серобӣ) гўянд, аз он дар рўзи Қиёмат рўзадорон ворид мешаванд ва аз он ғайри онҳо касе надарояд”. Гўянд: “Рўзадорон

куҷоянд? Онҳо (барои даромадан) бармехезанд, ба ғайри онҳо касе аз он надарояд. Ва чун онҳо ворид шаванд, (он дар) баста гардад ва аз он касе надарояд». (Бухорӣ).

8. Рўза шафоаткунандаи Рўзи Қазо мегардад.

Паёмбар Муҳаммад ** мегўяд: “Рўза ва Қуръон, дар рўзи

Қазо бандагони Аллоҳ Таъолоро шафоат мекунанд. Рўза мегўяд:

“Эй Худованди ман, ўро хўрдан нагузоштам ва пеши роҳи нафси

ўро гирифтам. Шафоати маро қабул фармо”. Қуръон мегўяд: “Ман монеи хоби шабонаи ў гардидам. Шафоати маро қабул фармо” Ҳар ду шафоати (ин бандаро) мекунанд”. (Аҳмад).

9. Аллоҳ Таъоло дуои рўзадоронро мустаҷоб мегардонад.

Паёмбари Худо Муҳаммад ** чунин мегўяд: “Рўзадорро ҳеҷ гоҳ дуояш ҳангоми рўзакушоӣ рад карда намешавад». (Ибни Моҷа).

Ҳолатҳои шикананда ва талабкунандаи қазои рўза

1. Фурў бурдани ашёҳои ғайри ғизоӣ (қоғаз, хок, пахта, ва ғ).

2. Чаконидани дору дар бинӣ.

3. Чаконидани дору дар гўш.

4. Ҳангоми ғарғара намудани даҳон бо об ва гирифтани об

дар бинӣ, ки ба нохост об ба даруни одам меравад.

5. Қурт додани оби ҷамъгардидаи даҳон, ки ғашу омехтахои

ҳархела доранд.

6. Маҷбуран шикастани рўза.

7. Об рехтан ба гулўи шахси хобрафта.

8. Ангуштҳоро ба даҳон ворид намуда, қай намудан.

9. Пеш аз мўҳлат, надониста, ифтор кардан (гумон мекунанд,

ки гўё вақти намози шом расидааст).

10. Хўрдани ғизо баъди итмом расидани вақти саҳар (гумон

мекунанд, ки вақти саҳарӣ ба охир нарасидааст).

Ҳолатҳое, ки рўзаро намешикананд

1. Аз рўи фаромўшхотирӣ нўшидан ва хўрдан ва ҷимоъ на-

мудан. Агар шахс баъди ин ба хотир оварад, ки рўзадор аст, ҳамоно хўрдан ва нўшиданро қатъ намуда, ғизои дар даҳонаш бударо пас гирад, рўзаи ў намешиканад. Агар баъд аз ба хотир омаданаш, луқмаро фурў барад, дар ин ҳол рўзаи ў мешиканад.

2. Ба гўш даромадани об.

3. Чаконидани дору ба чашм.

4. Қай кардан (ғайри иҷборӣ).

5. Эҳтилом. (ҷудогардии манӣ дар хоб).

6. Супурдани хун.

7. Нохост ба гулу даромадани чанг ва дуд.

8. Фурў бурдани оби даҳон.

Амалҳои макрўҳ дар вақти рўзадорӣ

1. Чашидани маззаи чизе (фурў набурда).

2. Фурў бурдани оби ҷамъшудаи даҳон.

3. Бисёр супурдани хун, ки боиси заифшавии ҷисм мегардад.

4. Кори пурмашаққат.

Амалҳое, ки ҳангоми рўзадорӣ макрўҳ ҳисобида намешаванд

1. Атрро бўй кардан ва истифода намудан.

2. Дандонҳоро тоза кардан, бо мисвок.

3. Даҳонро бо об бо эхтиет ғарғара намудан.

4. Биниро об бо эхтиет гирифта афшонидан.

5. Шустушўй бадан намудан.

Онҳое, ки бесабаб дар моҳи рамазон рўза нагирифтаанд

Ҳар касе, ки дар моҳи шарифи Рамазон бесабаб рўза надоштааст, гунаҳгор ҳисобида мешавад. Шахсони тарки рўза намуда, бояд дар назди Аллоҳ Таъоло тавба намуда, авфи гуноҳ талабанд. Шахсони гунаҳгор бояд Аллоҳ Таъолоро барои бахшидани гуноҳҳояшон ибодат намуда, вақтро аз даст надода, рўзаи қазоӣ доранд ва агар зарур бошад, тақсими каффорат ба ҷой оваранд. Ҳазрати Муҳаммад ** мегўяд: “Агар касе, ки рўзаро дар Рамазон шиканад, ба ғайри онҳое, ки Аллоҳ Таъоло ба онҳо иҷозат додааст (мусофир, ҳомиладор, бемор ва ғ). , пас ў ҳеҷ гоҳ наметавонад ин рўзро пурра намояд (чунин савобро дарёфт кунад), агар ҳатто тамоми умр ҳам рўза дорад”. (Бухорӣ).

Сабабҳое, ки боиси нагирифтани рўза мегарданд

Нагирифтани рўза ва ё қазо намудани он бо сабабҳои зерин иҷозат дода мешавад:

1. Беморӣ. Баъди сиҳатӣ ёфтан ў бояд, рўзҳои надоштаи худро бо гирифтани рўзаи қазо адо намояд.

2. Сафар. Баъди сафар, он бояд рўзаи ҳангоми сафар нагирифтаашро бо гирифтани рўзаи қазоӣ адо намояд. Ба вуҷуди ин, агар дар сафар рўза гирад хубтар аст.

3. Ҳомиладорӣ ва ё доштани тифли ширхор. Баъди ҳомиладорӣ ва анҷоми давраи синамаконияш ў бояд рўзаи қазокардаашро бо гирифтани рўзаи қазоӣ ҷуброн кунад.

6. Пиронсолӣ. Бо сабаби надоштани имкони адои рўзаи қазоӣ, бояд барои ҳар рўзи рўза надоштанаш фидя диҳанд.

( Мороқил Фалоҳ)

2026-04-01 (Шаввали соли 1447) №4.


Вохӯрии Давлаталӣ Саид бо тоҷикони бурунмарзӣ дар Қазон

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия бо роҳбарону намояндагони диаспораи тоҷик, соҳибкорон ва ҳамватаноне, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд, мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот таъкид гардид, ки муносибатҳои дуҷонибаи...


Саволу ҷавоб

Ҷумлаи “Астағфируллоҳа ва атубу илайҳ” чӣ маъно дорад? Бародари азиз, маънои ин ҷумла чунин аст: Аз Худованд (барои гуноҳонам) омурзиш мехоҳам ва ба сўи Ў тавба мекунам. Ин ҷумларо баъди намози Бомдод ва баъди намози Аср сад бори такрор кунед савоби беканор дорад. Шахсе, ки дар ватан...


Ҳаёт ва фаъолияти имом Тирмизи ва осори у

Зимни сафар ба кишварҳои хориҷӣ Имом Тирмизӣ ҳадисро ҷамъ оварда, бо таълифи китобҳо машғул шудааст. Баъд аз бозгашт аз сафар, бо олимону фузало дар мунозираҳои илмӣ ширкат меварзад, ба шогирдони зиёде устодӣ мекунад. Хусусан, бо муҳаддиси шинохта Имом Бухорӣ мубоҳисаҳои зиёди илмӣ анҷом дода, аз ӯ...


Шириние, ки шифо мебахшад

Набот яке аз шириниҳои маъруфи халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Он шакли булӯрӣ дошта, аз қиёми шакар омода мешавад. Набот на танҳо ҳамчун ширинии болаззат, балки як воситаи табобатӣ дар тиби мардумӣ аз қадим истифода мешавад. Набот танҳо ширинии одӣ нест, он хусусияти шифобахшӣ...


Русия назорати муҳоҷиронро сахттар мекунад

Ҳукумати Русия ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард, ки асосҳо барои рад кардани иҷозатномаи кор ё патент барои муҳоҷирон бештар карда шаванд. Лоиҳаи қонун, ки дар сомонаи Думаи давлатӣ нашр шудааст, пешниҳод мекунад, ки мақомоти андоз ба таври худкор (автоматӣ) маълумот дар бораи даромади шаҳрвандони...