Фазилати тавба

Фазилати тавба

Фазилати тавба

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

 

 

Ҳамду сано Худованди ягонаро ва дуруду саломи бепоён бар Паёмбари акрам ﷺ ва олу асҳобу тамоми пайравонаш бод.

 

Худованди маннон дар қуръони карим мефармояд:

 «Эй касоне, ки имон овардаед, ба сўи Худованд тавбаи насўҳ намоед. Умед аст, ки Парвардигоратон гуноҳҳони шуморо кафорат намояд ва шуморо дохили биҳиште гардонад, ки аз зери дарахтони он ҷўйҳо равонанд» (Сураи «Таҳрим», ояти 8).

 Донишмандони улуми исломӣ мегўянд, ки: Тавба аз ҳар маъсият воҷиб аст. Аммо агар маъсият дар байни банда ва Худо бошад ва ба ҳуқуқи одамӣ иртиботе надошта бошад, се шарт дорад:

  1. Ин ки худро аз маъсият ва гуноҳ боздорад.
  2. Ин ки аз анҷом додани он пушаймон шавад.
  3. Ин ки тасмим гирад, ки дубора онро анҷом надиҳад.

 Агар яке аз ин шартҳо мавҷуд набошад, тавбааш мавриди қабул намеафтад ва агар маъсият ба ҳуқуқи инсонҳо таъаллуқ дошта бошад, чаҳор шарт дорад. Илова бар шартҳои мазкур шарти зерин зам мешавад, яъне бояд аз соҳиби ҳақ бароат ва розигӣ талаб намояд. Агар ин ҳақ мол ва амсоли он бошад ба ў бозгардонад. Агар ғайбат бошад, бахшиш талабад ва лозим аст, ки аз ҳамаи гуноҳон тавба кунад. Агар аз баъзе гуноҳон тавба намуд, тавбааш дар назди аҳли ҳақ аз ҳамон гуноҳ саҳеҳ ва дуруст мебошад ва гуноҳони боқӣ монда, бар зиммааш мемонад.

Далелҳои зиёде аз қуръон ва аҳодиси Паёмбар ﷺ барои воҷиб будани тавба омадааст, чунончи Худованди бузург мефармояд:

«Эй мўъминон, ҳама ба даргоҳи Худо тавба кунед, бошад, ки растагор шавед. (Сураи «Нур», ояти 31)

«Аз Парвардигори худ омурзиш талаб кунед ва сипас ба сўяш бозгардед». (Сураи «ҳуд», ояти 3)

Аз Абуҳурайра ривоят аст, ки гуфт: аз Расули Худо ﷺ шунидам, ки фармуданд: «Савганд ба Худо, ки ман ҳар рўз беш аз ҳафтод бор аз Худо омўрзиш талабида ва ба даргоҳи ў тавба мекунам».

Аз Ағарр ибни Ясори Музанӣ ривоят аст, ки гуфт: Он ҳазрат ﷺ фармуданд: «Эй мардум! Аз Худо омурзиш талабед, ба даргоҳи ў тавба кунед, зеро ман дар ҳар рўз сад бор тавба мекунам».

Аз Абдуллоҳ ибни Умар ривоят аст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд: Худованди бузург тавбаи бандаро мепазирад, то лаҳзае, ки рўҳ ба ҳулқумаш нарасад.

Ҳамчунин аз Абдуллоҳ ибни Умар ривоят аст, ки фармуд: Аз он ҳазрат ﷺ шунидам, ки мефармуданд: қабл аз шумо се тан буданд, ки ба сафар рафтанд ва барои сипарӣ кардани шаб вориди ғоре шуданд. Ногаҳон сахра (харсанг)-и бузурге аз кўҳ сарозер гардид ва остонаи ғор баста шуд. Сипас онҳо гуфтанд: ҳеҷ чизе шуморо аз ин харсанги наҷот нахоҳад дод, магар ин ки аз Худо бихоҳед, ки ба баракати аъмоли некатон шуморо наҷот диҳад. Марде аз миёнашон гуфт: Бор Худоё! Ман падар ва модаре доштам, ки пир ва фартут буданд ва қабл аз эшон ҳеҷ як аз аъзои хонавода ва хидматгоронро сероб намекардам. Рўзе дар ҷустуҷўи чарогоҳ пардохта, ба ҷои дуре рафтам ва замоне бозгаштам, ки он ду ба хоб рафта буданд. Ман ҳиссаи ширашонро дўшидам ва чун дидам, ки онҳо ба хоб рафтаанд, раво надонистам, ки онҳоро аз хоб бедор кунам ва ё яке аз аъзои хонавода ва хидматгузоронамро шир бинўшонам. Ман ҳамчунон сабр кардам, ки онҳо бедор шаванд ва қадаҳ ҳам дар дастам буд, то лаҳзае, ки субҳ дамид, дар ҳоле, ки кўдаконам дар пеши поям аз гуруснагӣ доду бедод мекарданд. Пас онҳо аз хоб бедор шуда ва ҳиссаи шири худро нўшиданд. Худоё! Агар ин корро бароят кардам, маро аз ин мушкилӣ наҷот деҳ. Пас сахра каме дур шуд, ба гунае, ки аз он баромада наметавонистанд.

Дигаре гуфт: Худоё, духтари амаке доштам, ки маҳбубтарини мардум дар наздам буд ва дар ривояте омада, ки: Ман ба болотарин дараҷа, ки мардон занонро дўст медоранд, ўро дўст медоштам ва хостам бо вай ҳамбистар шавам, вале ў имтиноъ варзид, то ин ки соле фаро расид, ки қаҳтӣ буд. Ў худ наздам омад. Ман ба вай яксаду бист динор додам, ки худро дар ихтиёрам бигзорад ва ў ин корро кард, чун бар вай тасаллут ёфтам ва дар ривояте омада, ки чун дар миёни ду пояш нишастам, гуфт: Аз Худо битарс ва ин муҳрро (киноя аз пардаи бакорат аст) ҷуз ба ҳаққаш (издивоҷи шаръӣ) дур макун. Ман дар ҳоле, ки ўро аз ҳама бештар дўст медоштам, аз вай рўй баргардондам ва аз тиллое, ки ба вай дода будам, ҳам гузаштам. Худоё! Агар ин корро бароят кардам, моро аз ин мушкилӣ наҷот деҳ. Сахра қадре онсўтар рафт, вале онҳо ҳанўз наметавонистанд берун биёянд.

 Севумӣ гуфт: Худоё, ман иддаеро муздур кардам ва муздашонро ҳам додам, ғайр аз як мард, ки муздашро гузошт ва рафт. Ман муздашро ба тиҷорат андохтам, ки аз он суди зиёде фоида шуду моли фаровоне ба даст омад ва ў пас аз муддате наздам омада гуфт: Эй бандаи Худо, муздамро бидеҳ. Ман гуфтам: ҳама шутурҳо, говҳо, гўсфандҳо ва ғуломҳоеро, ки мебинӣ аз музди ту аст. Гуфт: Эй бандаи Худо, маро мавриди тамасхур қарор мадеҳ. Гуфтам: Ман туро масхара намекунам, он гоҳ вай ҳамаро гирифта бо худ бурд ва чизе боқӣ нагузошт. Худоё, агар ин корро барои ту намудаам, маро аз ин мушкилӣ наҷот деҳ! Он гоҳ сахра аз дами ғор ба канор рафт ва онҳо аз ғор берун омада ва ба роҳ афтоданд.

Аз Абдуллоҳ ибни Аббос ва Анас ибни Молик ривоят аст, ки Паёмбари Худо ﷺ фармуд: ҳар гоҳ фарзанди одам водие аз тилло дошта бошад, дўст медорад, ки ду водӣ дошта бошад ва даҳони фарзанди одамро ҷуз хок чизи дигаре ҳаргиз пур карда наметавонад ва Худованд мепазирад тавбаи ҳар касеро, ки бихоҳад.

Худованди меҳрубон ба ҳамагон тавфиқи тавба аз гуноҳон ато фармуда, хайру салоҳу тақво насибу рўзӣ гардонад.

 

«Шуроиуламо»

2026-08-01 (Сафари соли 1448) №8.


Саволу ҷавоб

Агар ягон хешованд аз дунё гузарад, барои мотами ў то як сол куртаи кабуд пўшидан чӣ ҳукм дорад? Ин амал дуруст нест, фақат барои зане, ки шавҳараш аз олам гузаштааст, муддати 4 моҳу 10 рўз мотам гирифтан ҳатмӣ аст, яъне аз пўшидани либосҳои сурху абрешимӣ ва истеъмоли хушбўӣ худдорӣ мекунад. Агар...


10 сабаби фарбеҳӣ

Фарбеҳӣ дар ҷаҳони муосир ба як масъалаи ҷиддӣ табдил ёфтааст. Пӯшида нест, ки фарбеҳӣ натанҳо ба симои зоҳирии инсон таъсири манфӣ мерасонад, балки ба саломатӣ низ зиён дошта, боиси пайдоиши як қатор бемориҳо мегардад. 10 сабаби гирифторӣ ба фарбеҳиро пешкаши шумо мегадонем.   1. Сустшавии...


7 маслиҳати муфид ба ҷавонон дар боби интихоби арӯс

Ҳар як ҷавонмард мехоҳад бо духтари покдомон ва ҳунарманде оила барпо намояд, ки як умр ҳамсафари вафодори ҳаёташ гардад ва дар тамоми пастию баландиҳои зиндагӣ ӯро ҳамдаму ҳамроз ва ғамхору меҳрубон бошад. Ба хотири кумак ба ҷавонон дар интихоби дурусти арӯс мо чанд маслиҳати муфиди психологиро...


Беҳном Разоқӣ Шаҳидӣ: Бисёр чизро метавон иваз кард, аммо Ватанро ҳаргиз!

Беҳном Разоқӣ Шаҳидӣ бо ҷиу-ҷитсу Тоҷикистон дар ҷаҳон муаррифӣ мекунад   Моҳи майи соли 2026 дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб мусобиқаи бонуфузи Abu Dhabi Grand Slam аз рӯи ҷиу-ҷитсу баргузор гардид. Дар ин мусобиқа варзишгари 20-сола Беҳном Разоқӣ Шаҳидӣ (вазни то 77 кг), ки дар...


Русия хариди ангур ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Русия ният дорад хариди ангур, мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Ин масъала дар мулоқоти вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург баррасӣ шудааст.   Ба...