Илм ва дуоҳои зарурӣ

Илм ва дуоҳои зарурӣ

Илм ва дуоҳои зарурӣ

Бисмиллоҳир рахмонир рахим. Алҳамду лиллоҳи раббил оламин, вал-оқибату лил муттақин, вассалоту вассалому ало расулиҳй Мухаммадив ва олиҳи ва асхобиҳи аҷмаин.

 

Яьне, шукр ва сипоси беҳад ба Парвардигори олам. Оқибат ва некуи охират мар пархезгоронрост. Ва дуруди бепоён ба пайғамбари ӯ хазрати Мухаммад мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам.

Аъузу биллоҳи минаш шайтонир раҷим.

Яьне, пано металабам ба сӯи Аллоҳ таоло аз шарри шайтон, сифати шайтон ин аст, ки раҷим аст.

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим.

Яьне, ибтидо мекунам ба номи маъбуди (Худои) бархақ, ки бахшанда ва ниҳоят меҳрубон аст.

Эй номи ту бехтарин сарогоз,

Бе номи ту нома кай кунам боз?

Эй ибтидокунандаи некхоҳи ин китоб, саодатманду хушбахт гардонад Аллоҳ таоло туро ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират.

 

Биной мусулмони

Бинои мусулмонй бар панҷ навъ аст:

  1. Калиман шаҳодат, гуфтан аст, ки ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Мухаммадан ъабдуҳу ва расулуҳ.
  2. Панҷ вақт намоз гузоридан аст.
  3. Рузаи моҳи шарифи рамазон доштан аст.
  4. Закоти мол додан аст.
  5. Тавофи хонан Каъба кардан аст ҳар киро қудрат ва тавоной бошад.

 

Шаш калимаи динй

  1. Калиман таййбаҳ гуфтан аст, ки ло илоҳа ил-лаллоҳу Муҳаммадур расулуллоҳ.
  2. Калиман шаҳодат гуфтан аст, ки ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Мухаммадан ъабдуҳу ва расулуҳ.
  3. Калимаи тавҳид гуфтан аст, ки ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу лаҳул мулку валаҳул Хамд. Ваҳува ъало кулли шайин қадир.
  4. Калимаи тамҷид гуфтан аст, ки субҳоналлоҳ ил ъазим, мошо Аллоҳу кона ва мо лам яшаъ, лам якун.
  5. Калимаи истиғфор гуфтан аст, ки астағфируллоҳ, астағфируллоҳ, астағфируллоҳи таъоло мин кулли замбин азнабтуҳу ъамдан, ав хатаан сирран, ав ъало ниятан ва атубу илайҳи миназзамбиллази аъламу ва миназзамбиллази ло аълам, иннака анта ъалломул ғуюб.
  6. Калиман радди куфр гуфтан аст, ки аллоҳумма иний аъузу бика мин ан ушрика бика шай-ав ва ана аъламу, вастағфирука лимо ло аълам, иннака анта ъалламул ғуюб ва сатторул ъуюб ва ғаффоруззунуб, ва кашшофул қулуб, ло хавла ва ло қуввата илло биллоҳил ъалиййл ъазим, мошо Аллоҳу кона ва мо лам яшаь лам якун.

 

1. Таърифи имон

Ал-имону иқрорум биллисони ва тасдиқум бил қалби.

Яьне, имон ба забон иқрор намудан ва ба дил тасдиқу бовар кардан аст, ки Худои таъоло якка ва ягона ва Мухаммад мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам пайғамбари бархақанд.

 

2. Имони муҷмал

Оманту биллоҳи камо ҳува биасмоиҳи ва сифатиҳи ва қабилту ҷамиъа ахкомиҳи ва аркониҳи.

Яьне, Худои таъолоро ба ҳамаи номҳояш ва сифоташ, ки дар Қуръон аст бовар кардам ва ҳамаи фармонҳои ӯро қабул намудам ва аз он чи мань кардааст, боз истодам.

 

3. Имони муфассал

Оманту биллоҳи ва малоикатиҳи ва кутубиҳи ва русулиҳи вал явмил охири, вал қадари хайриҳи ва шарриҳи миналлоҳи таъоло вал баъси баъдал мавти.

Яьне, имон овардам ба Худои таъоло ва ба фариштаҳои вай ва ба китобҳои вай ва ба пайғамбарони вай ва ба рӯзи қиёмат ва ба тақдири неки ва бади ҳама аз Худои таъолост ва ба зинда гардонидани баъд аз мурдан.

 

4. Имони мухтасар

Мо амаранияллоҳу таъоло биҳи қабилтуҳу ва мо наҳони ъанҳу интаҳайту ъанҳу.

Яъне, мухтасари имон ин, ки гуяд банда он чизе, ки маро амр кардааст Аллоҳ таъоло ба ҳамон чиз қабул кардам ва аз он чизе, ки наҳи кардааст маро Аллоҳ таъоло аз ҳамон чиз бозистодам.

 

Маърифати парвардигор

Барои муъминон зарур аст, Аллоҳ таъолоро ба даҳ сифат шиносанд, ки ҳашти он субутй ва дуи он салбист.

  1. Илм - яъне Аллоҳ таъоло доност бар ҳама ашё.
  2. Қудрат - яъне Аллоҳ таъоло тавоност ба чизе, ки хоҳад аз кардан ва нокардан.
  3. Хаёт - яъне Аллоҳ таъоло зинда аст азалан ва абадан.
  4. Самь - яъне Аллоҳ таъоло шунавост на ба гӯш.
  5. Басар - яъне Аллоҳ таъоло биност на ба чашм.
  6. Калом яъне Аллоҳ таъоло гуёст на бар забон.
  7. Ирода - яъне Аллоҳ таъоло сохиби ирода аст ва сохиби ихтиёр аст. Ҳар чи хост шуд ва ҳар чи нахост нашуд.
  8. Таквин - яъне Аллоҳ таъоло нобударо пайдокунанда аст.

 

Ва он дуе, ки салбист

  1. Аллоҳ таъоло якка ва ягона аст бе шарик, бе мисл ва бемонанд аст.
  2. Аллоҳ таъоло пок аст аз ҷамии айбҳо ва нуқсонҳо.

 

Се вахдати заруриёти дин

  1. Вахдат дар холиқият - яъне Аллоҳ таъоло холиқи кулли ашёст, ғайри у холиқи дигаре нест.
  2. Вахдат дар маъбудият - яьне Аллоҳ таъоло лоиқи ибодат ва парастиш аст, ғайр аз вай маъбуди дигаре нест.
  3. Вахдат дар воҷибал вуҷуд - яьне Аллоҳ таъоло воҷибул вуҷуд аст, хастии ӯ аз зоти худи ӯст ғайре дахл надорад ин сифат дар ғайри Аллоҳ таъоло нест.

 

Усули дин

Усули дин бародар хашт қисм аст,

Бигуям бо ту ҳар якро чи исм аст.

Аввал тавхид бошад эй мусулмон,

Дуввум адл аст, бинобар амри султон.

Мақоми саввумин бошад амомат,

Мақоми чорумин бошад нубувват.

Ба панҷум амри маъруф аст бингар,

Ба шашум низ медон наҳй мункар.

Мақоми хафтумин бошад тавалло,

Мақоми ҳаштумин бошад табарро.

 

Тарҷума:

  1. Тавхид - яъне Аллоҳ таъолоро донистан ва ягона этиқод кардан.
  2. Адл - яъне ба худ рости кардан аст.
  3. Амомат - яъне кори охиратро аз кори дунё муқаддам доштан аст.
  4. Нубувват - яъне ҳазрати рисолат паноҳ саллАллоҳу алайҳи ва салламро пайғамбари бархақ донистан ва ҳамаи пайғамбаронро бархақ донистан аст.
  5. Амри маъруф - яъне чизе, ки Худои таъоло амр кардааст, ба ҷо овардан аст.
  6. Наҳи мункар - яъне аз он чизе, ки Худони таъоло наҳй кардааст, дур будан аст.
  7. Тавалло - яъне дустони Худои таъолоро дуст доштан аст.
  8. Табарро - яъне душманони Худой таъолоро душман доштан аст.

 

Фарзи айн

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст

Дар Маскав як табиби тоҷик дар байни зиёда аз 100 нафар соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гаштааст Дар озмуни байналмилалии Bridge Awards, ки дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гашт, табиби тоҷик Муборакшо Муборакшоев соҳиби ҷоиза гаштааст. Бино бар иттилоъи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


7 ҷудокор. Чаро федератсия онҳоро аз муҳориба маҳрум кард?

Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 паҳлавони маъруфи кишварро барои 4 моҳ аз ширкат дар тамоми мусобиқаҳо маҳрум кард. Инҳо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Абдуллои Ориф (-73 кг), Умедҷон Раҷабов (-90 кг), Виктория Киселёва (+78 кг) ва...