“ИН АСТ ЗАБОНИ ДӮСТӢ”

“ИН АСТ ЗАБОНИ ДӮСТӢ”

“ИН АСТ ЗАБОНИ ДӮСТӢ”

Дар урдугоҳи таълимӣтабобатии “Артек” хабарнигорон Наира Боғдасариён-Арманистон, Айдар Куртмулатов-Қазоқистон, Бао Зайҷонг-Чин, Марио Мунос-Куба, Шамсиддини Муқим-Тоҷикистон, Оқшин Кишуев - Туркия, Андрей КнязевӮзбекитсон, даъват шуда буд.

Дар 9-мин баст (смена)-и Артек зиёда аз 2, 5 ҳазор талабаи мактаб аз кишварҳои дунё истироҳату таълим мегиранд. Ҷамъ, қудрати ин бошишгоҳи кӯдакона дар як мавсим то 3,5 ҳазор талабаро метавонад қабул кунад. Масоҳати ин бошишгоҳ 218 гектар буда, дар соҳили Баҳри Сиёҳ, наздики шаҳри Алуштаи нимҷазираи машҳури Қрим миёни дарахтони сӯзанбаргу гулу буттаҳои шифобахш паҳн шудааст. Дар 1 сол то 15 маротиба талабаи мактаби миёнаро аз тамоми олам қабул хоҳад кард.

Вохӯрӣ ва суҳбат бо бачаҳо дар мавзӯйи “Ин аст забони дӯстӣ” ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардид. Хабарнигорон аз рӯзгор, рафти таълим ва саёҳат ошно шуда, барои ташкили баланд ба роҳбарияти Артек баҳои баланд дода шуд. Дар 7 соли охир “Артек” зиёда аз 7 ҳазор талабаро аз 83 кишвари дунё ва кишварҳои собиқ Шӯравӣ ва ҷумҳуриҳои Аргентина, Баҳрейн, Булғористон, Британияи Кабир, Олмон, Дания, Исроил, Испания, Италиё, Канада, Қатар, Чин, Латвия, Литва, Мексика, Муғулистон, Нидерланд, Арабистони Саудӣ, Лаистон, Сербия, Словения, ИМА, Туркия, Франса, Хоравтия, Эстония, Корея Ҷанубӣ ва монанди инҳо даъват кардааст.

Вожа (калима)-и дӯстӣ барои кӯдакони дар Артек иштирок дошта, якест ва миёни онҳо дӯстии абадӣ боқи мемонад. Эҳтирому сипосгузорӣ ба мардуми олам барои бачаҳо дар зинаи аввал истода, то кунун бо ҳамдигар муносибати дӯстона доранд. Баробари ин “Артек” як навъ маркази пайвасти кӯдакони ҷаҳон ба шумор меравад. Дар замони кӯдакӣ пайдо кардани дӯст, ин фурсатест, ки барои дар оянда рафиқ, ҳамфикру ҳамнишин аз мардуми ҷаҳон, аҳамияти хеле муҳим дорад.

“Артек” тобистони соли 1925 ташкил шуда, то имрӯз чанд миллион кӯдакони оламро дар роҳи дӯстӣ ва бародарӣ пайваст кардааст. Умедворем, ки дар оянда ҳам кори ин маркази кӯдаконаи таълимӣ-табобатии ҷаҳон беҳтару хубтар хоҳад шуд.

ШАМСИДДИНИ МУҚИМ.

Артек, 2021

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...