Ҳақиқати ризо, таслим ва тафвиз

Ҳақиқати ризо, таслим ва тафвиз

Ҳақиқати ризо, таслим ва тафвиз

Бидон, ки ризо эътироз накардан ба ҳукм ва қазо аст, на эҳсос накардани бало. Ва бидон, ки бар банда воҷиб аст, то ба қазое розӣ бошад, ки ризо ба он амр шудааст, зеро на ҳар он чӣ ба қазои Худои таолост, барои банда равост ё ризо ба он бар вай воҷиб аст, аз қабили гуноҳҳо.

 

Ризо берун кардани кароҳият аз дил аст, то дар он танҳо шодмонӣ ва сурур бошад ва он оромиши дил аст ба аҳкоми Ӯ таоло ва мувофиқати ӯст бо он чӣ Худо ﷻ розӣ шуда ва барои ӯ ихтиёр кардааст. Аз нишонаҳои он аст: тарки ихтиёр қабл аз қазо ва гум кардани талхӣ баъд аз қазо ва ҳаяҷони дӯстӣ дар зимни бало. Ҳаловати имонро касе дармеёбад, ки ба Парвардгор ﷻ будани Худо ﷻ розӣ аст ва ба он ноил нашавад касе, ки дар дилаш барои дунё ҷое вуҷуд дошта бошад. Ризо бар ду қисм аст: ризо ба Ӯ таоло ва ризо аз Ӯ субҳонаҳу. Ризо ба Ӯ он аст, ки ба тадбиркунанда будани Ӯ таоло розӣ бошӣ. Ризо аз Ӯ розӣ будан аст дар он чӣ қазои Ӯст ﷻ.

Розӣ ба Худои таоло касе аст, ки бар тақдираш эътироз накунад. Ҳар кӣ ба ҳусни ихтиёри Худои таоло эътимод намояд, ӯ дар ҳақиқат ба ҷуз чизе, ки Худои азза ва ҷалл ихтиёр кард, чизи дигареро таманно намекунад.

Аммо тафвиз ва таслим тарки ихтиёр аст. Таслим, ислом ва истислом калимаҳоеанд, ки ба як маъно далолат менамоянд ва он ҳам фармонбардорӣ ва изҳори убудият аст. Тафвиз он аст, ки банда чизеро аз умури дунё ихтиёр накунад ва ихтиёрро ба мавлояш супорад, пас хилофи он чӣ барои ӯ ихтиёр шуд, ихтиёр накунад. Ва гуфтаанд, тафвиз қабл аз нузули қазо бошад ва таслим баъди он. Ва таслиму тафвиз аз сифатҳои аҳли маърифатанд.

 

Фазли ризо ба қазои Худованд ﷻ

Ризо шодмонии дил аст ба он чӣ бо ҳукми қазо мегузарад, аз ин рӯ, аҷри касе, ки ба қазои Худои таоло розӣ аст, бузург аст. Ривоят шуда, ки мунодӣ рӯзи Қиёмат нидо кунад ва гӯяд: Куҷоянд бандагони баргузидаи Ман? Фариштагон гӯянд: Бандагони баргузидаи Ту киҳоянд? Пас, гӯяд: Онон, ки ба атои Ман қаноат карданд ва ба қазои Ман розӣ буданд.

Паёмбар ﷺ гуфт: «Худои таоло ба Мӯсо ваҳй фиристод: Ҳароина, ту ба Ман наздикӣ маҷӯӣ ба чизе дӯстдоштатар назди Ман аз ризо ба қазои Ман».

Имом Абулҳасани Шозилӣ (қдс) васият карда гуфтааст: «Аз ҳамаи он чӣ баргузидаӣ, ба сӯи Худои таоло бигрез! Зеро касе, ки чизеро ихтиёр кард, намедонад, оё ба он ноил мешавад ё не. Сипас, агар ба он ноил шуд, намедонад, оё он назди ӯ мемонад ё не. Агар назди ӯ то поёни умраш ҳам бимонад, намедонад, оё ӯро дар он хайре ҳаст ё не. Пас, хайр дар чизе аст, ки Худованд ﷻ ихтиёр кардааст».

Ба Ҳусайн ибни Алӣ гуфтанд: «Абузар мегӯяд: Назди ман тангдастӣ аз дороӣ дӯстдоштатар аст ва дардмандӣ аз тандурустӣ дӯстдоштатар аст». Гуфт: «Худо Абузарро раҳмат кунад, аммо ман мегӯям: Ҳар кӣ ба хубии ихтиёри Худованд ﷻ итминон дошта бошад, ба ҷуз оне, ки Худованд ﷻ ихтиёр кардааст, чизеро ихтиёр накунад». Умар ибни Хаттоб ба Абумӯсои Ашъарӣ навишт: «Аммо баъд, ҳамоно, ҳамаи хайр дар ризо аст, агар тавонӣ розӣ бошӣ, пас чӣ хуб, вагарна сабр бикун!»

Ризо ба қазои Худованд самараи пиндори нек ба Ӯ таоло аст, аз ин рӯ, Ибни Машиш (қдс) гуфтааст: «Худовандро дар чизе муттаҳам накун! Ту бояд дар ҳама чиз ба Ӯ ﷻ пиндори нек дошта бошӣ ва дар ҳеч чиз ихтиёри худро бар ихтиёри Худованд ﷻ бартарӣ мадеҳ!»

Донишмандон ризо ба қазоро аз ҷумлаи некиҳое донистаанд, ки бо вуҷуди онҳо бадиҳо ба кас осеб намерасонанд. Гуфтаанд: Ду бадӣ аст, ки бо онҳо некиҳои зиёд суде надоранд: норизоятӣ аз қазои худовандӣ ва ситам бар бандагони Худо ﷻ. Ва ду некӣ аст, ки бо онҳо бадии бисёр осеб нарасонад: ризо ба қазои Худованд ﷻ ва гузашт кардан аз бандагони Худо ﷻ.

Ризоро беҳтарин амал шумурдаанд. Гуфтаанд: Амалҳои беҳтарин чаҳоранд: дӯстии Худованд ﷻ, ризо ба қазои илоҳӣ, парҳезгорӣ дар дунё ва таваккул бар Худованд ﷻ.

Ҳар кӣ ба қазои Худои таоло розӣ бошад, бо дили шоду хуррам зиндагӣ мекунад ва ҳар кӣ барои худ ихтиёреву тадбире мекунад, зиндагии пур аз ғаму талхе ба сар мебарад. Саҳли Тустарӣ (қдс) гуфт: «Тадбир ва ихтиёрро бигзоред, зеро онҳо зиндгаии мардумро талх мегардонанд!»

Имом Ибни Атоуллоҳи Сикандарӣ (қдс) гуфт: «Аз тадбир кардан истироҳат кун ва кореро, ки дигаре ба ҷои ту анҷом медиҳад, барои худ анҷом мадеҳ!»

Бузургон дар ин масъала нуктасанҷӣ намуда, эътироз бар ҳоли бандаро эътироз бар офаридгори он эътибор кардаанд, ки чунин ҳолро барои ӯ ҳукм кард ва онро сарнавишти ӯ сохт. Имом Шаъронӣ (қдс) гуфтааст: «Аз мо паймонҳо гирифта шуда, ки чун касеро дар аҳволи бад бидидем, ӯро «мискин» нагӯем, зеро аз ин бӯи эътироз бар Худои азза ва ҷалл меояд, балки аз Худо ﷻ барои ӯ кушоиш ва раҳоиш аз он аҳволи бад бихоҳем».

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Дар Санкт-Петербург фаъолияти муҳоҷиронро дар чанд соҳаи корӣ маҳдуд карданд

Мақомоти шаҳри Санкт-Петербург барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд, дар як қатор соҳаҳо маҳдудияти кор ҷорӣ намуданд. Ин манъкунӣ соҳаҳои тиб, савдои чакана, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, толорҳои варзишӣ ва марказҳои солимгардониро дар бар мегирад. Тибқи қарори...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...