Боғҳои ахлоқи некукорон

Боғҳои ахлоқи некукорон

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Пешгуфтор

Ситоиш Худойро, ки Парвардгори ҷаҳониён аст ва ниёишу дуруд бар пешвои паёмбарону расулон ва бар хонадону ёронаш ва бар ҳамаи онон, ки бар равиши ӯ рафтанд ва ӯро пайравӣ карданд то рӯзи Қиёмат. Аммо баъд:

Ахлоқ сутуни ин дин ва ҷавҳари матини он аст; бо росту дурустшавии он миллатҳо росту дуруст шаванд ва бо косташавии он мусибатҳову ғамҳо фурӯд оянд. Чун салоҳи ҷомеа аз салоҳи фард оғоз меёбад, бар ҳар оқили толиби салоҳи ҷомеа лозим аст, ки дар ахлоқи худ бингарад ва баҳри ислоҳи фасоди он бикӯшад. Агар кас ба замони мо назаре андозад, хоҳад дид, ки дар он чӣ офату бемориҳое паҳн гашта, ба ахлоқи башар сироят кардаанд, пояҳои имон майл ба сустшавӣ доранд ва наздик аст, ки фазилат дар дилҳо бимирад.

Аз ин ҷо ниёзи сахт ба фароҳам овардани китобе ба миён омад, то ахлоқи фавтида дар дилҳои бандагонро эҳё карда, баҳри тасҳеҳу дурустии сулук, тазкияву поксозии нафсҳо ва оростани онҳо бо арзишҳову фазилатҳои воло ҳиммат гумошта шавад. Аз Худои Таъоло масъалат дорем, ки ин китобро судбахш ва сабабе аз ҷумлаи сабабҳои (пероиши ахлоқ)гардонад. Ҳамоно, Ӯст Шунавову Наздик ва Иҷобаткунандаи дуо. Ситоиш Худойро, ки Парвардгори ҷаҳониён аст ва ниёишу дуруди Худо бар пешвои мо Муҳаммад e ва хонадону ёронаш бод!

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Боби аввал

Нафс ва пайванди он бо ахлоқи инсонӣ

Фасли аввал

Ҳақиқати нафс

Бидон, ки нафс латифаест раббонӣ ва он рӯҳ бошад қабл аз пайвастанаш бо баданҳо ва чун Ҳақ ба ӯ фармуд, ки ба баданҳо бипайвандад, ағёрро бишинохт, сипас аз ҳазрати Ҳақ дар ҳиҷоб шуд, ба сабаби саргармиву машғулшавӣ (бо ағёр) ва аз ёд бурдани Ӯ Таъоло. Маълум аст, ки рӯҳи одамӣ гавҳари ноёбест, офаридашуда аз дами фаришта. Аз ин Паёмбари Худо ﷺ хабар дода, ҷое, ки гуфтааст:

إِنَّ أَحَدَكُمْ يُجْمَعُ خَلْقُهُ فِي بَطْنِ أُمِّهِ أَرْبَعِينَ يَوْمًا نُطْفَةً، ثُمَّ يَكُونُ عَلَقَةً مِثْلَ ذَلِكَ، ثُمَّ يَكُونُ مُضْغَةً مِثْلَ ذَلِكَ، ثُمَّ يُرْسَلُ إِلَيْهِ الْمَلَكُ فَيَنْفُخُ فِيهِ الرُّوْحَ وَيُؤْمَرُ بِأَرْبَعِ كَلِمَاتٍ: يَكْتُبُ رِزْقَهُ وَأَجَلَهُ وَعَمَلَهُ وَشَقِيٌّ أَوْ سَعِيدٌ.

«Ба дурустӣ ки офариниши ҳар яки шумо дар батни модараш муддати чил рӯз нутфа анҷом пазирад, сипас ба ҳамин муддат хуни баста бошад, сипас ба ҳамин муддат гӯштпорае бошад, сипас Худованд фариштаеро фиристад, ӯ дар вай рӯҳро бидамад ва ба чор калима амр карда шавад; бинависад ризқашро ва аҷалашро ва амалашро ва инро, ки хушбахт аст ё бадбахт». Баъди пайвастани рӯҳ ба бадан махлуқи аҷибе ба номи инсон ба вуҷуд омад. Худованд ӯро дар Замин халифа гардонид, то онро маъмуру обод созад; тамоми шариатҳоро барои ҳифзи ин нафси башарӣ ва нигаҳбонии он фиристод, чун илму ахлоқ ду аслеанд, ки камоли нафси инсон бар онҳо бунёд ёфтааст.

Азбаски мукаллафи мухотаб аз инсон нафси ӯст ва чун салоҳу фасоди инсон бо салоҳ ва фасоди нафси ӯ қиёс мешаванд, такмили нафси инсонӣ бузургтарин мақсуд аз нозил кардани китобҳои осмонӣ, фиристодани паёмбарон ва поягузории шариатҳост.

Нафсҳо, бинобар он чӣ аз шаҳвате, ки дар онҳост ва бинобар он чӣ аз ғафлате, ки бар он офарида шудаанд ва бинобар он чӣ дар зиндагӣ бо онҳо рух додааст ва бинобар бар онҳо мусаллат шудани ҳамнишинони бад аз ҷумлаи шайтонҳои инсиву ҷиннӣ, пайваста ба гуноҳ биолоянд. Аз ин рӯ, бояд онҳоро ислоҳ кард, бо роҳи аз байн бурдани камбуде, ки гуноҳ дар онҳо ба вуҷуд меорад ва бо роҳи аз байн бурдани зарари он аз онҳо. Ва ин муяссар нашавад, магар бо тавба ва бозгашт ба сӯи Худои Таъоло.

ПОРАЕ АЗ

«БОҒҲОИ АХЛОҚИ НЕКУКОРОН»

Муаллиф шайх Аҳмад пир ибни

Муҳаммад Абдуллоҳ

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Беш аз 23,6 миллион рубл музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

Дар ҳафт моҳи соли 2026 дар натиҷаи фаъолияти Намояндагӣ оид ба масъалаҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ба муҳоҷирони тоҷик 23 миллиону 655 ҳазору 452 рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашуда баргардонида шудааст. Ин маблағ...


Санбӯсаҳои зудпази картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 100 грамм панири тарошида, 700–800 грамм картошка, як бандча кабудӣ, 1 дона пиёз.   Барои хамир: 2 дона тухм, 2 истакон орд, 1 қошуқча намак, 1 истакон кефир. Тарзи таҳия: Картошкаро тоза карда, дар об пазед ва аз он картошкаи кӯфта тайёр кунед. Пиёзро майда реза...


Муштзанҳои тоҷик ба Бозиҳои ХХ-уми Осиё мераванд

Аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳрҳои Айтӣ ва Нагояи Ҷопон Бозиҳои XX-уми Осиё баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгарони 45 кишвари қора барои 217 маҷмуи нишонҳо мубориза мебаранд. Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқа 117 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Аз намуди бокс дар ин мусобиқаи...


Чипсҳои картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 1-2 дона картошка, 2 қошуқ равғани зайтун, намак ва паприка мувофиқи табъ.   Тарзи таҳия: Картошкаро то ҳадди имкон тунук реза кунед. Барои ин метавонед аз пӯстканак ё комбайн истифода баред. Табақи тафдони хурдмавҷро бо коғази пухтупазӣ пӯшонда, каме равғани зайтун молед....


Маркази нави омӯзишӣ барои муҳоҷирон

Дар шаҳри Душанбе боз як Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ифтитоҳ шуд.   Дар ифтитоҳи ин марказ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва дигар масъулини дахлдор иштирок карданд. Чунин марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд,...