Муҳосабаи нафс

Муҳосабаи нафс

Нафсро ду сифате бошад, ки онро аз хайр боздорад: кӯшишу талош дар шаҳватҳо ва монеъшавӣ аз тоатҳо. Чун нафс ҳангоми ғазаб ба ҷӯшу хурӯш ояд, пас беҳтарин василаи мубориза бо он хулқи неку аст, ки дар натиҷа ба султони ғазаб шикаст ворид карда ва алангаи оташи он бо нармиш хомуш гардонида мешавад. Чун нафс шароби сабукфикриву кӯтоҳандеширо гуворо ёфт, пас воҷиб аст, ки ӯро аз ин чиз боздошт, ӯро бо уқубате хору залил кард, ки ҳақирии қадри хеш, фурӯмоягӣ ва нопокии феълашро ба ёд оварад.

Зуннун f гуфт: «Даромади фасод аз шаш чиз аст: нахуст – заъфи ният барои кори охират; дуввум – дар гарави шаҳватҳояшон бимондани баданҳояшон; сеюм – ғолиб омадани орзуи дурудароз бо наздикии аҷал бар онҳо; чорум – ризои махлуқотро бар ризои Холиқ баргузидаанд ва тарҷеҳ додаанд; панҷум – аз ҳавову ҳаваси худ пайравӣ карда, суннати Паёмбарашонро e паси пушташон андохтаанд; шашум – лағжишҳои андаки гузаштагонро ҳуҷҷате барои худ сохтаанд ва амалҳои бузургворонаву мояи ифтихорро дафн кардаанд».

Муҷоҳадаи нафс суратҳои зиёде дорад, ки онҳоро бузургон дар китобҳояшон зикр кардаанд. Дар ин ҷо барои ту баъзе гуфтаҳои эшонро дар ин бора нақл мекунем, то ибрате барои толиби хайр ва хушнудии Худованд бошад.

1. Орифе гуфтааст: «Мо тасаввуфро аз қилу қол нагирифтаем, балки аз гуруснагӣ, тарки дунё, қатъи алоқа бо он ки унс пайдо кардаем, пайравӣ аз амрҳо ва парҳез аз наҳйшудаҳо гирифтаем».

2. Ҳакимеро пурсиданд, ки нафс бо кадом банд баста мешавад? Гуфт: «Бо гуруснагӣ ва ташнагӣ бубандаш ва бо беарзиш доштани иззату арҷмандӣ ва фурӯ нишондани шаҳват хору зораш бигардон ва бо тарки карру фар бишканаш!»

3. Дар бораи Боязид ҳикоят кардаанд, ки гуфт: «Раббулиззатро дар хоб дидам, пас ба Ӯ гуфтам: Ё Раб, роҳ ба сӯи Ту чӣ гуна аст?» Гуфт: «Нафсатро бигзору биё!»

4. Яке аз машоих гуфт: «Ин амр бар се чиз бино ёфтааст: ин ки нахӯрӣ, магар ҳангоми ниёзмандӣ ва нахобӣ, магар ҳангоме, ки хоб ғалаба кунад ва сухан нагӯӣ, магар ҳангоми зарурат».

5. Устоде ба шогирдаш гуфт:

– Офат аз се чиз расад: бемории табъ ва тарк накардани одат ва табоҳии ҳамнишинӣ.

Шогирд аз ӯ пурсид:

– Бемории табъ чист?

Гуфт:

– Ҳаром хӯрдан.

Шогирд гуфт:

– Тарки одат накардан чист?

Гуфт:

– Назар кардан дар ҳаром ва муддатҳо аз он истифода кардану лаззат бурдан ва ғийбат кардан. Гуфт:

– Табоҳии ҳамнишинӣ чист?

Гуфт:

– Ҳар гоҳ шаҳвате нафсро ба ҳаяҷон овард, нафс ҳам дар пайи он равад.

1. Донишманде гуфт: «Бояд аз касе, ки ба мо бадӣ кардааст, интиқом нагирем, балки ӯро маъзур дорем ва бо ӯ тавозуъ намоем. Ва агар дар дили мо нисбати касе эҳсоси таҳқир пайдо шавад, ба хидмати ӯ ва некукорӣ ба ӯ бипардозем, то он эҳсос зоил шавад». Хулоса, ҳар ки нафсаш барояш гиромиқадр аст, динаш барояш қадре надорад ва он ки динаш барояш гиромиқадр аст, нафсаш беқадр аст. Ҷидду ҷаҳди мардуми авом баҳри такомули аъмолашон аст ва ҷидду ҷаҳди баргузидагон баҳри поксозии аҳволашон аст. Ранҷи гуруснагӣ ва бедорхобӣ кашидан хеле осон бошад, вале муолиҷаи ахлоқ ва поксозии он аз гарду ғубор бағоят душвор аст.

ПОРАЕ АЗ

«БОҒҲОИ АХЛОҚИ НЕКУКОРОН»

Муаллиф шайх Аҳмад пир

ибни Муҳаммад Абдуллоҳ

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


10 фоидаи оббозӣ ба саломатии инсон

Фасли тобистон фаро расида, ин шабу рӯзҳо соҳили дарёву рудхонаҳо ва нуқтаҳои махсуси оббозӣ пур аз одам аст. Албатта оббозӣ дар ҳавои гарм ба тану ҷони кас роҳат мебахшад, вале бархе бар он назаранд, ки бар асари оббозӣ инсон ба бемориҳои гуногун гирифтор мегардад. Ин андеша то куҷо ҳақиқат...


Саволу ҷавоб

Закотро дар шакли маблағи пулӣ супоридан лозим аст ё ин ки маҳсулот харида ба шахси фақиру ниёзманд додан бояд дод? Пардохти закот ба ҳар ду шаклаш дуруст аст, албатта агар он шахси фақир ба пул бештар ниёз дошта бошад, додани пул беҳтар ва агар ба маҳсулот ниёзи бештар дошта бошад, додани...


ҲАҚИҚАТИ НАФСИ АММОРА

Чун шутурмурғе шинос ин нафсро, Не кашад бору на парад бар ҳаво. Гар бупар гӯияш, гӯяд уштурам, В-ар ниҳӣ бораш, бигӯяд тоирам. Чун гиёҳи заҳр рангаш дилкаш аст, Лек таъмаш талху бӯяш нохуш аст. Гар ба тоъат хонияш, сустӣ кунад, Лек андар маъсият ҷусти кунад. Нафсро он беҳ, ки дар зиндон...


Душвориҳои нав ба муҳоҷирон

Президенти Русия Владимир Путин бастаи қонунҳоеро ба имзо расонд, ки қоидаҳои кору иқомати шаҳрвандони хориҷиро дар ин кишвар ба таври назаррас тағйир медиҳанд. Тағйирот пеш аз ҳама ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо дахл дорад.   Муҳлат 15 рӯз Муҳимтарин навоварӣ тасдиқи ҳатмии...


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...