Ҳақиқати бандагӣ

Ҳақиқати бандагӣ

Бояд худро дар мартабаи фурӯтар аз ҳар ҳамнишини хеш пиндорем.

 

Ибодат ниҳояти хоксориву фурӯтанӣ бо эҳсоси нотавониву ниёзмандӣ, изҳори итоату фармонбарӣ ва зориву илтиҷои пайваста аст. Хоксорӣ бо нармии қалб ва пажмурдагиву шикастагии он, бинобар нотавониву ниёзмандӣ бошад ва ин нармӣ асоси ибодати қалбӣ аст. Чун касе яқин кард, ки ӯ фурӯтар аз ҳар ҳамнишини хеш аст, ҳамаи ҳастӣ дар мартабаи пири ӯ қарор гирад1, зеро ҳар он чӣ дар вуҷуд бошад, Ҳақ таоло онро дорои хусусияте гардонидааст, ки ба ҷуз он дар дигар мавҷудот набошад. Пас, соҳиби ин мақом ба он хусусият менигарад ва аз он баҳравар мешавад. Аз ҳамнишини осиву гунаҳгори хеш, масалан, фармонбариву сабр дар балои Худои азза ва ҷаллро мегирад, то ин ки он бало дур гардад. Аз саг, агар бо ӯ нишаст, ба ҷафо тоб овардан ва чизе аз моли дунё, ба ҷуз сершавии ишкамаш, захира накарданро касб мекунад, хушнудии зиёд аз соҳибаш ба хӯрдани устухонҳои пӯсида, дилкушодӣ ва доштани дӯстӣ бо касеро меомӯзад, ки ба ӯ эҳсон кардааст. Аз санг сабр кардан бар онро ёд мегирад, ки ӯро аз кӯҳ бо оҳан канда, паҳлуҳояшро метарошанд, сипас аз он таҳкурсии девори ҳоҷатхона месозанд. Аз хар ва уштур бурдбории онҳоро бар кашондани бор ва бар пушти худ нишондани соҳибашро меомӯзад. Аз хурӯс, чун бо ӯ нишаст, бедордилии зиёду рашки ӯ ва хасисӣ накардан бар аҳли аёлашро меомӯзад. Аз шамъ ва чароғ равшан кардани ҳамнишини худ ва сабри онҳоро бар азоб кашидан дар оташ ба хотири ҳамнишинаш касб мекунад.

Ҳар кӣ худро фурӯтар аз ҳар ҳамнишинаш шуморад, пас ӯ рафиқи Паёмбари Худо ﷻ бошад. Аз фоидаҳои фурӯтарӣ ба чунин шинохт посухи ранҷовар надодан ба касест, ки ба мо сухани хашмбарангез гӯяд. Аз дигар фоидаҳои он ҳамчунин тан додан ба мардум аст дар ҳар он чӣ аз мартабаҳои камол иддио мекунанд, чун аз асрори халқи Худо ﷻ ба ҷуз Ӯ таоло, сипас, ҳамон кас аз халқ, ки Худованд он асрорро барояш ато кардааст, касе дигар огоҳ нест. Пас, агар инсоне моро аз сирри худ огоҳ созад, мо бовар мекунем ва ӯро дурӯғгӯ хондани мо нифоқ, балки сари нифоқҳо бошад.

Имом Афзалуддин (қдс) имом Шаърониро (қдс) насиҳате карда, гуфта буд: «Чун ба маҳфиле ворид шудӣ ё ба иёдати беморе аз бузургон рафтӣ, зинҳор дар садри маҷлис нанишинӣ, ҳарчанд он ҷо холӣ ҳам бошад, чунки шояд яке аз бузургон дарояд, он гоҳ туро бархезонанд ва дар хиҷолат гузоранд, пас, ту дар хиҷолат монӣ ва нафсат ба ҷунбиш ояд. Инро дониста бош ва ба он амал бикун! Ва нест ин, магар аз боби дидан худро фурӯтар аз ҳар касе, ки бо вай ҳамнишин шавӣ».

__________________________________

1 Тамоми дунё мисли шайх-муаллим мегардад.

«Боғи Ахлоқи накӯкорон»

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...