Одамгарӣ. Суннати неки тоҷикӣ куҷо шуд?

Одамгарӣ. Суннати неки тоҷикӣ куҷо шуд?

Одамгарӣ. Суннати неки тоҷикӣ куҷо шуд?

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир сатҳу сифати зиндагии мардуми мо рӯз ба рӯз беҳтар гардида истодааст, вале қадршиносиҳои байниҳамдигарию мардумсолорӣ дар баъзе сатҳҳо хеле коҳиш ёфтааст.

 

Дар давраҳои шӯравӣ гарчанде аксари мардум чандон дороиҳои зиёдро соҳибӣ намекарданду дастурхони хоксорона доштанд, муносибати ҳамватанони мо нисбати якдигар хеле самимию одамгариашон баланд буд ва сидқан ба қадри ҳамдигар мерасиданд. Он давраҳо, агар касе аз ҳамкорон ё дӯстон бемор мешуд, ҳама хабаргириаш мерафтанд ва дар ҳолати ба ягон мушкилот дучор шудани ҳамсафон, бо суханҳои нек онҳоро таскин медоданд.

Сад афсӯс, ки дар раванди протсесҳои ҷаҳонишавии имрӯза ченаки бисёр муносибатҳо танҳо пул шудаасту шарти одамгарӣ вобаста ба мансабу дороиҳо ё худ, супориши унвонии мансабдори воломақом гардидааст ва ин хоҳу нохоҳ баёнгари дурустии мисраҳои зерини шоир мебошад:

Хулқу атвори замонро хуб донистам, ки чист,

Корашон афтад, ғулому корат афтад, хоҷаанд!

Чанде қабл нафаре бароям қиссаи бемории як дӯсташ ва муносибати духӯраи як қатор ҳамкорони дар намуди аввал «хеле самимии ӯро» нақл кард, ки боиси омодашавии мақолаи пандомези мазкур гардид.

Мувофиқи гуфти он дӯстам, як корманди мақомоти давлатӣ бемор мешавад ва чанд муддат дар беморхона табобат мегирад. Баъдан, тибқи тавсияи табибон барои ташхиси аниқ ва идомадиҳии табобат ба хориҷи кишвар сафар карданаш зарур мешавад. Ҳангоми дар хориҷи кишвар қарор доштанаш, тавассути “Ватсап” аз як ҳамкораш хоҳиш мекунад, ки варақаҳои корношоямии ӯ ва аризаашро оид ба додани рухсатии меҳнатӣ аз хонааш гирифта, ба муҳосиботи коргоҳ расонад, вале он «ҳамкораш», ки худро дӯсти хеле наздик вонамуд мекардааст, ҳатто муроҷиати дудафъаинаи телефонии падари куҳансоли он кормандро сарфи назар карда, ҳуҷҷатҳои мазкурро ба коргоҳ набурда ва инсони бемеҳр будани хешро нишон додааст.

Пас аз кашолкории ҳамкори қаблии он фарди бемор, волидонаш тариқи телефон аз дигар ҳамкори ӯ, ки дар масофаи начандон дур аз хонаи он корманди бемор истиқомат доштааст, хоҳиш кардаанд, то ҳуҷҷатҳои болозикрро ба ҷойи кори ҳамкасбаш дастрас намояд ва ин «дӯсти бемор» низ тӯли чанд рӯз ваъдаи ба хонаи онҳо омада гирифтани он ҳуҷҷатҳоро додаву аз ӯ дараке нашудааст.

Чунин ҳолатҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки баъзе инсонҳо хислати хуби одамгариро гум карда истодаанд ва фикру хаёли аксари чунин ашхос танҳо ба «пулкоркунию сарватҷамъкунӣ» банд аст.

Мо ба ин дунёи фонӣ барои он омадаем, ки бо амалҳои хеш аз худ номи некро боқӣ гузорем, ба наслҳои ҷавон ибрат бошем ва дар рушди босуботи ҷомеа саҳми арзандаи худро гузорем. Рисолати инсонии мо дар он аст, ки дар мавридҳои зарурӣ дасти корафтодаеро гирифта, барои иҷрои амалҳои хубу савоб ҳам омода бошем.

Наход дар як идора чандин сол ҳамроҳ кор карда, лофи дӯстию бародарӣ занеду бароятон ба роҳбарияти корхона дастраскунии танҳо як варақаи корношоямии ҳамкоратон мушкил бошад!? Канӣ одобу мардумсолории хизматчии давлатӣ? Куҷо шуд орияти мардуми ориётабори тоҷик?

Аламовараш он аст, ки баъзе роҳбарон ба зердастони худ умуман бобати одобу ахлоқ, зоҳир намудани меҳрубонии байниҳамдигарӣ, дар мавридҳои зарурӣ дасти кумак дароз кардан ба ҳамсафону дӯстон ҳарфе намегӯянд. Баръакс, як зумра мансабдорони худкома дар фурсатҳои барояшон муносиб нисбати зердастони ҳақиқатгӯ қасдгирию душманситезиро раво мебинанд, ки ин ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсири манфии худро мерасонад.

Ҳолатҳое низ вомехӯранд, ки як қатор мансабдорони воломақом аз вазифаҳои хеш сӯйистифода бурда, нисбати зердастонашон таҳқиру дашномдиҳӣ мекунанд ва чунин ашхос гумон доранд, ки курсии мансаб то мавриди фавташон зери думболи онҳост, вале ҳеҷ гоҳ чунин набуду нахоҳад шуд.

Ҳар фарди солимақл бояд фаромӯш насозад, ки мо дар ин дунё абадӣ нестем ва барои ҳар як кирдори норавои хеш ҳам дар назди халқу давлат ва ҳам дар назди Офаридгори олам ҷавоб хоҳем дод.

Ҳангоме, ки мо маънои ин гуфтаҳоро хуб дарк мекунем, дар амалҳои хеш боадлу инсоф шуда, пеши роҳи худкомагиҳоро гирифта, сазовори обрӯю эътибори хоса хоҳем шуд. Боқӣ, қазоват аз якояки мову шумост, азизон!

 

Карамулло Одилов,

собиқадори хизмати давлатӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии молияи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви ИЖТ

 

2026-08-01 (Сафари соли 1448) №8.


Саволу ҷавоб

Агар ягон хешованд аз дунё гузарад, барои мотами ў то як сол куртаи кабуд пўшидан чӣ ҳукм дорад? Ин амал дуруст нест, фақат барои зане, ки шавҳараш аз олам гузаштааст, муддати 4 моҳу 10 рўз мотам гирифтан ҳатмӣ аст, яъне аз пўшидани либосҳои сурху абрешимӣ ва истеъмоли хушбўӣ худдорӣ мекунад. Агар...


Алимамад Боймамадов – соҳибкор ва яке аз чеҳраҳои фаъоли ҷомеаи тоҷикони Русия

Дар миёни шахсиятҳои тоҷиктаборе, ки тайи солҳои охир дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва иқтисодии Федератсияи Русия нақши назаррас бозидаанд, номи Алимамад Баймамадов ҷойгоҳи махсус дорад. Ӯ на танҳо ҳамчун соҳибкори муваффақ, балки ҳамчун яке аз фаъолони маъруфи ҷомеаи тоҷикони муқими Русия шинохта...


Дар Русия қоидаҳои нави марбут ба фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ қабул шуданд

Думаи давлатии Русия қонунеро дар бораи сахттар кардани талабот ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин кишвар кор мекунанд, дар хониши дуюм ва сеюм қабул кард. Тибқи тағйирот, муҳоҷироне, ки назди шахсони воқеӣ кор мекунанд, бояд пешпардохти андоз аз даромадро анҷом диҳанд. Ҳамчунин онҳо бояд имкони...


10 сабаби фарбеҳӣ

Фарбеҳӣ дар ҷаҳони муосир ба як масъалаи ҷиддӣ табдил ёфтааст. Пӯшида нест, ки фарбеҳӣ натанҳо ба симои зоҳирии инсон таъсири манфӣ мерасонад, балки ба саломатӣ низ зиён дошта, боиси пайдоиши як қатор бемориҳо мегардад. 10 сабаби гирифторӣ ба фарбеҳиро пешкаши шумо мегадонем.   1. Сустшавии...


Русия хариди ангур ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Русия ният дорад хариди ангур, мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Ин масъала дар мулоқоти вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург баррасӣ шудааст.   Ба...