Мухолифат бо нафс

Мухолифат бо нафс

Бидон, эй фарзанд, ки дар мухолифати инсон бо нафсаш хайри зиёд бошад, вале мувофиқат бо он ва пайравӣ аз он калиди ҳама гуна бадиҳост. Туро иҷмоъи оқилони ҳамаи асрҳо басанда бошад бар ин ки мухолифати нафс калиди ҳама гуна некӣ аст ва решаи ҳар бадӣ пайравӣ аз ҳаво ва фармонбарӣ аз он аст.

Донишмандон мухолифати нафсро сари ибодатҳо шумурдаанд ва бо шамшери мухолифат куштани нафсро аз муҳиммоти ин роҳ ҳисобидаанд, то ҷое ки гуфтаанд: «Ҳар кӣ дар ин мазҳаби мо дохил шуд, пас бояд дар нафси худ чор хислатро аз марг биниҳад: марги сурх, марги сиёҳ, марги сафед ва марги сабз. Марги сурх мухолифат бо нафс ва ҳавои он, муҷоҳида бо дунёву фитнаҳои он ва муҳориба бо Иблису ёварони ӯст. Шояд сурхии он ба шаҳватҳо ва марг аз онҳо ишора намояд. Марги сиёҳ таҳаммул кардани озори мардум аст. Ва сиёҳиаш аломати душвории ин ва сахтии он бар нафс аст. Марги сафед гуруснагӣ аст. Ва сафедиаш ишора ба нурест, ки гуруснагӣ дар ботин меафканад. Марги сабз рӯи ҳам дӯхтани порчаҳо ва тарки либоси зебо бувад, гӯё зиндагии ӯ бо қаноат ва ба андак розӣ буданаш сабзранг гаштааст.

Тибқи ҳукм ва доварии Худои таоло, баракати мухолифати нафс ҳар бандаеро фаро гирад, ки бо ҳавову ҳаваси хеш мухолифат намояд, агарчи аз аҳли ислом ҳам набошад. Ҳикоят кардаанд, ки роҳибе дар кишвари Миср ба мукошафа1 шуҳрат доштааст. Донишманде аз ҷумлаи мусулмонон гуфт: «Бояд ӯро ба қатл расонид, то мабодо байни мусулмонон фитна ангезад».

Пас, бо корде заҳрогин қасди ӯ кард. Чун дарашро кӯфт, гуфт:

– Кордро ба дур андоз, эй донишманди мусулмонон! Кордро дур андохту дохил шуд, сипас гуфт:

– Нури мукошафа туро аз куҷост?

Гуфт

– Ба сабаби мухолифати нафс.

Гуфт:

– Оё мусалмон мешавӣ?

Гуфт:

– Оре

(Ашҳаду ал-ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ – Гувоҳӣ медиҳам, ки нест худое, магар Аллоҳ ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад паёмбари Аллоҳ аст).

Гуфт:

– Чӣ туро ба ин водошт?

Гуфт:

– Исломро бар нафсам арз кардам, ӯ рад кард ва ман ӯро мухолифат кардам. Пас, бинобар бо нафси худ мухолифат карданаш ӯро хайре азим ҳосил шуд. Агар мухолифат бо нафс фатҳ ва қабул самара медода бошад, мувофиқат бо он дар шаҳватҳояш ва ҳамроҳи ӯ аз пайи ҳавову ҳавасҳояш гаштан, ба ҷуз хорӣ ва таъхир, чизи дигаре ба бор намеорад. Паноҳ мебарем ба сӯи Худои таоло аз он! Нақл аст, ки Иброҳим ибни Шайбон гуфт: «Замоне ҳаваси ба серӣ тановул кардани наскро кардам, вале ин иттифоқ намеафтод2.

Боре дар Шом будам, ки ғазорае3 пур аз наск наздам оварданд ва ман аз он тановул кардам. Сипас берун шудам ва зарфҳои шишагини овехтаро бидидам, ки дар онҳо чизе монанд ба намунаҳои нӯшокӣ буд. Пиндоштам, ки сирко аст. Маро гуфтанд: Чӣ нигоҳ дорӣ? Инҳо намунаҳои май бошанд ва ин хуми май аст. Ман ба дӯкони майфурӯш даромадам ва ба рехтани майи он хумҳо пардохтам. Ӯ гумон кард, ки ман онҳоро ба амри султон ба замин мерезам. Аммо вақте (аз ҳақиқати кор) огоҳ шуд, маро назди Ибни Тулун4 бурд. Ӯ бифармуд, ки маро дусат чӯб бизананд ва ба зиндон афкананд. Муддате дар зиндон бимондам, то ба он кишвар устодам Абуабдуллоҳ ал-Мағрибӣ омад. Ӯ барои ман восита шуд ва шафоат кард. Вақте чашмаш ба ман афтод,

гуфт:

– Чӣ кардӣ?

Гуфтам:

– Ҳаваси ба серӣ хӯрдани наск кардам, пас онро бихӯрдам ва дусат чӯб уқубат карда шудам. Гуфт: – Муфт наҷот ёфтӣ!». Ривоят шуда, ки марде бар ҳаво нишаста буд, пас сабаби инро аз ӯ пурсиданд. Гуфт: «Тарки ҳаво кардам ва ҳаво маро мусаххар шуд».

1. Мукошафа – Илми ғайб.

2. Иттифоқ намеафтод – яъне, муяссар намешуд.

3. Ғазора – зарфи сафолӣ; ғадора, тағора.

4. Ибни Тулун – ҳокими Миср дар он замон.

ПОРАЕ АЗ

«БОҒҲОИ АХЛОҚИ НЕКУКОРОН»

Муаллиф шайх Аҳмад пир

ибни Муҳаммад Абдуллоҳ

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...