Шарм аз гӯшаи имон аст

Шарм аз гӯшаи имон аст

Бидон, ки аз шартҳои муридӣ пайваста оташдон будани ботини ӯст. Фузайли Иёз (қдс) гуфт: «Панҷ чиз аз нишонаҳои бадбахтӣ аст: сангдилӣ, хушкии чашмон, бешармӣ, рағбат ба дунё ва орзуи дурудароз».

 

Ва ҳам гуфтаанд, ки чун ҳайбат ва шарм аз банда бирафт, дар вай хайре боқӣ намонад.

Шарми банда аз Худои таоло ба андозаи имон ва зуҳди ӯ дар дунёст. Бузургон гуфтаанд: «Шарм ва унс дари дилро мекӯбанд ва агар дар он зуҳду парҳезгориро ёфтанд, бимонанд, вагарна бираванд». Дар каломи Ӯ таоло омада: «Ва дар ҳақиқат он зан оҳанги вай кард ва Юсуф низ оҳанги ӯ кард, агар бурҳони Парвардгорашро ﷻ надида буд» (Юсуф, 24). Дар мавриди тафсири «бурҳон» гуфта шудааст, ки Зулайхо ҷомаеро бар рӯи буте, ки дар кунҷи хона буд, афканд. Юсуф гуфт: «Чӣ кор мекунӣ?» Зулайхо гуфт: «Аз вай шарм медорам». Юсуф гуфт: «Ман аз ту авлотарам ба ин, ки аз Худои таоло шарм бидорам».

 

Намунаҳое аз шарм назди аҳли тариқат

 

Намунаҳои бузурги шарм аз Худои таоло аз гузаштагони шоиста ба зуҳур пайвастааст, ки ҳамаи онҳо бе такаллуф ва худнамоие аз сӯи эшон будааст. Баъзе аз эшон аз Худои таоло шарм медоштанд, ки дохили масҷид шаванд, чун он хонаи Худост ﷻ ва онҳо ба Худо ﷻ нофармонӣ ва аз амри Ӯ ﷻ саркашӣ кардаанд. Ривоят кардаанд, ки марде дар беруни масҷид намоз мехонд. Ба вай гуфтанд: «Чаро ба масҷид намедароӣ, то дар он намоз бихонӣ?» Гуфт: «Аз Худои таоло шарм медорам, ки ба Хонааш дароям, чун Ӯро ﷻ нофармонӣ кардаам».

Баъзе аз онҳо аз Худо ﷻ шарм медоштанд, ки аз дигаре, ғайри Ӯ ﷻ, битарсанд. Яке аз онҳо гуфт: «Шабе берун шудем ва аз бешае гузар кардем. Мардеро хуфта дидем ва аспаш дар болои сараш ба чаридан машғул буд. Ӯро бедор кардем ва гуфтем: Оё аз хобидан дар чунин ҷои ваҳмангези пур аз ҳайвоноти дарранда наметарсӣ? Ӯ сар бардошту гуфт: Ман аз Ӯ таоло шарм медорам, ки аз ғайри Ӯ ﷻ тарсам. Сипас сарашро гузошту ба хоб рафт.

Абубакри Варроқ (қдс) гуфт: «Чӣ басо ду ракъат намоз аз барои Худои таоло мегузорам ва чун аз он берун меоям, аз шарм худро ба манзилаи касе медонам, ки аз дуздӣ баргаштааст».

 

Шарми Худо аз бандааш

 

Бидон, ки Ҳақ таоло аз бандагонаш шарм медорад. Дар Таврот навишта шудааст: «Аз саркашӣ шарм дор, ки Ман аз азоб додани ту шарм медорам!» Ва дар китобе илоҳӣ аст: «Бандаи Ман нисбат ба Ман беинсофӣ мекунад, вақте ки ӯ дуо мекунад ва Ман шарм медорам, ки дуояшро рад кунам, вале ӯ Маро нофармонӣ мекунад ва аз Ман шарм намедорад».

Паёмбар ﷺ дар ҳадисе гуфтааст: «Ҳамоно, Худованд ﷻ бисёр шармгин ва бахшанда аст; чун банда дастонашро ба сӯи Ӯ ﷻ бардошт, шарм медорад, ки онҳоро холӣ баргардонад».

 

 

Некухулқи Фазли некухулқӣ

 

Некухулқӣ беҳтарин хислати банда аст ва ба воситаи он гавҳари инсон ошкор мешавад. Худои таоло чизҳое вижаро махсуси паёмбараш ﷺ гардонид, сипас ҳеч хислати ӯро чун хулқаш ситоиш накард. Ӯ таоло гуфт: «Ва дар ҳақиқат ту ба некухулқии бузург оростаӣ» (Қалам, 4).

Уламо гуфтаанд: «Хулқи азим он аст, ки бо касе мухосама накунад ва касе ҳам бо ӯ мухосама накунад, бинобар Худои таолоро бисёр шинохтанаш». Ва низ гуфтаанд: «Маънои «хулқи азим» ин аст, ки баъди Ҳақ таолоро мутолаа карданат ҷафои халқ ба ту таъсире нахоҳад расонид». Боз ҳам гуфтаанд: «Ғайри Худои таоло туро ҳиммате набошад».

Уламо ин оятро муфассал тафсир кардаанд. Чунончи, гуфтаанд: «Ва дар ҳақиқат ту ба чунон некухулқии азим оростаӣ, ки шаъни онро касе аз махлуқот дарк карда наметавонад. Барои ҳамин ҳам ту ончунон ранҷу озори халқро таҳаммул мекунӣ, ки башар онҳоро таҳаммул карда наметавонад». Яке дигар аз эшон гуфтааст: «Бинобар ба ахлоқи Худованд ﷻ ороста буданат, пас, аз ифтирои онҳо мутаассир машав ва аз озори онҳо ҳам озурда машав, чунки сабрро Худованд ﷻ ба ту диҳад, на худат! Чунонки, Ӯ таоло гуфт: «Ва сабр кун ва сабри ту ҷуз ба (тавфиқи) Худо ﷻ нест» (Наҳл, 127). Ва касе аз Худо сабуртар нест. Ва таъбири «некухулқии бузург» (Қалам, 4) барои бартарӣ аст ва ба он далолат мекунад, ки Паёмбар ﷺ ахлоқи ҳамидаро фаро гирифта ва ончунон ба афъоли мавриди хушнудии Худованд ﷻ даст ёфтааст, ки онҳо барояш ба манзилаи умури табиӣ гаштаанд. Аз ин ҷост, ки Ӯ таоло гуфтааст: «Бигӯ: Барои он аз шумо музде намехоҳам ва ман аз мутакаллифон нестам» (Сод, 86). Яъне, ман дар он чӣ аз ахлоқам назди шумо зоҳир мешавад, мутакаллиф нестам, чунки кори мутакаллиф дер давом намекунад, балки хислати табииаш ба сӯяш бармегардад.

Аз ин рӯ, гуфтаанд, ки хулқ ба сабаби ҳамнишинӣ ва ҳамкорӣ дигаргун мешавад. Пас, зебо зишт мегардад ва зишт зебо мешавад, вобаста ба ҳоли ҳамнишинон ва ҳамкорон. Чунонки дар ҳадис аст: «Мард бар дини дӯсташ аст, пас, ҳар яки шумо бояд бингарад, ки бо кӣ дӯстӣ дорад». «Бо аҳли ҳавову ҳавас ва бидъатҳо ҳамнишин нашавед, зеро онҳо хоришаке доранд, чун хоришаки ҷараб ва ин гузаранда аст».

 

1 Яъне, ҳамеша фурӯзон будан аз шарми кӯтоҳӣ дар пешгоҳи Худои таъоло.

 2 Ҷангал.

 3 Мухосама – хусумат, душманӣ, ситеза, кашмакаш.

 4 Яъне, нигаристан ва мушоҳида кардани анвори Ҳақ таъоло.

 

«Боғи ахлоқи накӯкорон»

2026-08-01 (Сафари соли 1448) №8.


8 тоифаи занон, ки дили шавҳарро ба осонӣ ёфта метавонанд

Дар тӯли зиндагияшон мардҳо бо бонувони зиёде рӯ ба рӯ мешаванд, вале онеро интихоб менамоянд, ки аз нигоҳи мард беҳтарин аст. Мехоҳед донед, ки ҳангоми интихоби бахт мардҳо ба чӣ аҳамият медиҳанд? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!   Зани гапдаро Барои он ки аробаи зиндагӣ дар нимароҳ чаппа нашавад,...


Дар Русия қоидаҳои нави марбут ба фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ қабул шуданд

Думаи давлатии Русия қонунеро дар бораи сахттар кардани талабот ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин кишвар кор мекунанд, дар хониши дуюм ва сеюм қабул кард. Тибқи тағйирот, муҳоҷироне, ки назди шахсони воқеӣ кор мекунанд, бояд пешпардохти андоз аз даромадро анҷом диҳанд. Ҳамчунин онҳо бояд имкони...


Алимамад Боймамадов – соҳибкор ва яке аз чеҳраҳои фаъоли ҷомеаи тоҷикони Русия

Дар миёни шахсиятҳои тоҷиктаборе, ки тайи солҳои охир дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва иқтисодии Федератсияи Русия нақши назаррас бозидаанд, номи Алимамад Баймамадов ҷойгоҳи махсус дорад. Ӯ на танҳо ҳамчун соҳибкори муваффақ, балки ҳамчун яке аз фаъолони маъруфи ҷомеаи тоҷикони муқими Русия шинохта...


Дин ва арзишҳои милли

Худованд дар Қуръон сураи Ҳуҷурот ояти 13 ба одамон чунин хитоб кардааст: «Эй мардумон, ба дурустӣ ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо ҷамоатҳо ва қабила сохтем, то ин, ки якдигарро шиносед». Ин ояти карима аз мардум даъват ба амал овардааст, ки одамон якдигарро шиносанду...


10 сабаби фарбеҳӣ

Фарбеҳӣ дар ҷаҳони муосир ба як масъалаи ҷиддӣ табдил ёфтааст. Пӯшида нест, ки фарбеҳӣ натанҳо ба симои зоҳирии инсон таъсири манфӣ мерасонад, балки ба саломатӣ низ зиён дошта, боиси пайдоиши як қатор бемориҳо мегардад. 10 сабаби гирифторӣ ба фарбеҳиро пешкаши шумо мегадонем.   1. Сустшавии...