АХБОР

АХБОР

Арабистони Саудӣ ба мардуми тоҷик кумак мерасонад

Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон гуфтааст, кишвараш ҳамеша омодаи идомаи ҳамкориҳои наздик бо Тоҷикистон аст. Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдан, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ҳангоми дидор бо генерал Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон омодагии кишварашро барои кумак ба кишвар изҳор доштааст.

Бинобар иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи иҷрои барномаи ҳамкориҳо бо Арабистони Саудӣ, аз ҷумла бо Маркази дастгирӣ ва ёриҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ ва дигар сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ изҳори назар карданд. Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо сафири навтаъйини Арабистони Саудӣ дар Душанбе, Валид бин Абдурраҳмон ар-Решайдон. Абдурраҳмон Ар-Решайдан изҳор доштааст, ки Арабистони Саудӣ дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳои табиӣ ҳамеша омодаи идомаи ҳамкориҳои наздик бо Тоҷикистон аст.

“Муносибатҳои Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон дар заминаи эътимод ва самимият рушд мекунанд, мо мардуми Тоҷикистонро самимона эҳтиром мекунем ва ҳамеша омодаем, ки ба кумаки мардуми бародари худ бирасем”,- таъкид кардааст сафир.

Сарчашма: «Спутник»

Фаъолияти кории шаҳрвандони хориҷӣ Россия

Дар солҳои охир ташкилотҳои ҷамъиятии Россия, ки роҳбарони онҳо аз намояндагони миллатҳои берунӣ ҳастанд, асосан ба кори ҳалли мушкилоти ҳамватанони худ машғуланд. Аз таҷрибаи ҳаррӯза мебинем, ки муносибат байни роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо ҳамватанони хеш хеле печидаву сарбаста аст. Дар ин чанд даҳсоли охир, баҳси зиёд байни роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандони барои кор ба Россия омада, давом дорад. Роҳбарони ин ташкилотҳо корро ба дараҷае овардаанд, ки намояндаи идораҳои давлатии Россия фарқ карда наметавонад, ки шаҳрванди хориҷӣ кӣ ҳасту роҳбари ин ташкилотҳо кӣ.

Чунин муносибат дар кори ба таври қонунӣ ба кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ мушкилиҳои зиёде ба миён овардааст. Дар солҳои охир фаъолияти роҳбарони ташкилоти ҷамъиятӣ ба куллӣ дигар карда шудааст. Дар ҳайати ин ташкилотҳо аз ҳамватанон зиёд шуда, барои ба даст овардани вазифаи роҳбар мубориза хеле шадид аст. Масалан, танҳо тоҷикони муқими Россия, ё шаҳрвандии Россияро қабул карда, наздики 70 ташкилоти ҷамъиятию иттиҳодияҳои миллиро дар Вазорати адлия расман ба қайд гирифта, корхонаи ҳуқуқии Россия ҳастанд, на ташкилоте аз Тоҷикистон. Бояд гуфт, ки 70-75% ин ташкилотҳо 1 роҳбар дораду тамом. Асосан барои пешбурди ин ташкилотҳо на давлат ва на хазинаҳои хайрияи дохиливу берунӣ бо маблағ таъмин намекунанд. Рӯзгори роҳбарои ин ташкилотҳои россиягӣ, на тоҷикӣ боз ҳам аз “ҷамъоварӣ”-и пул аз бо ном муҳоҷири меҳнатӣ, яъне мардуми меҳнаткаши тоҷики Россия аст. Чӣ хел?

1. Дар Низомномаи ин ташкилотҳои россиягӣ ташкили нимойиши фарҳангӣ, варзишӣ ва таҷлили ҷашнҳои давлативу мардуми тоҷик аст, на кори дигаре. Барои гузаронидани чунин чорабиниҳо маблағ лозим, ки аз шумораи тоҷикони дар атроф буда, дучанд ҷамъоварӣ мешавад.

2. Баробари ба Россия омадан қисми зиёди шаҳрванди тоҷик аз барои надонистани забон бисёр қонунгузории Россияро вайрон мекунад. Боз ҳам ба кӣ муроҷиат мекунад? Ба роҳбари ташкилоти ҷамъиятии минтақаи омада. Ин роҳбари “муҳтарам” барои гӯё кумаки ҳуқуқӣ карданаш, соҳиби пули дигар мешавад. 3. Тахмин дар Россия соле каму беш аз 1 миллион шаҳрванди тоҷик барои кор, хониш, табобат, тиҷорат омаду рафт карда, зиндагии мавсимӣ дорад. То 55% шаҳрвандони мо, баъди гирифтани иҷозати кор бо номи “патент” дар ҷойҳое кор мекунанд, ки шартномаи расмии корӣ намебандан. Яъне ба таври шифоҳӣ, гӯё маслиҳат кардаанду тамом, лекин баъди супоридани кор корфармо музди меҳнати то 100-ҳо нафар тоҷикро дар 1 идора моҳҳои дароз намедиҳанд.

Аз ноилоҷӣ, боз ҳам муроҷиати ҳалли мушкилӣ ба чунин роҳбарони ташкилотҳо мешавад, ки асосан бе музд ҳеҷ гоҳ кор намекунанд. Ҳамин хел “сарчашма”-ҳо хеле зиёданд. Имрӯзҳо ташкилоти ҷамъиятӣ масъули кор бо шаҳрвандон шуда наметавонад. Ин кор аз ҷониби давлат танҳо ба консулгарӣ иҷозат дода шудааст. Ягон ташкилоти дигаре бо ҳуҷҷати шаҳрвандӣ сару кор дошта наметавонад. Замоне расидааст, ки минбаъд ҳамаи шаҳрванди ба Россия омада, аз қайди консулгарӣ гузаронида шуда, ҳама гуна ёрии ҳуқуқӣ дода шавад. Барои чӣ? Гап сари он аст, ки идораҳои давлатии Россия дар ҳуҷҷатгузорӣ бо давлат, яъне ба намояндаи консулӣ муроҷиат ва бовар мекунанд. Таври дигар гӯем, созмон, ташкилот, ё иттиҳодияҳои мардуми кишвари дигар дар Россия бударо дар шакли намояндаи фарҳангӣ мешуморанд, ки роҳбарони онҳо россиягӣ ҳастанд.

Умуман, аз 1 ҷо ба ҷои дигар рафта, ё барои кор омадан дар ҷаҳон омили иқтисодӣ иҷтимойӣ аст, ки аз он дурӣ ҷустан ғайримумкин аст. Дар ҳар сурат, фарҳанг, забон, расму ойини хешро дар хориҷи кишвар барои насли наврас боқӣ бояд гузошт. Дар ҳақиқат Россия кишвари паҳнои дорои иқтисоди хеле бузург аст. Барои тоҷикони ба ин кишвар омада, тавре Президент Путин иброз дошт, забони русиро донистани ҳар як шаҳрванди хориҷӣ шарт ва зарур аст. Дар акси ҳол, танҳо барои ҳуҷҷатгузорӣ то 80% маблағи бо меҳнати ҳалол ба даст оварда, ба миёнаравону донандагони ин забон дода мешавад. Хулоса бароред.

ШАМСИДДИНИ МУҚИМ

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта 1,2 миллиард доллар афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 30 дарсад афзоиш ёфт, иттилоъ додааст хабаргузории “Авеста” дар истинод ба хадамоти гумруки кишвар. Ҳамин тариқ аз 1 январи соли 2021 кишвар дар ҳаҷми 5,19 миллиард доллар додугирифт кардааст. Яъне гардиши мол дар даҳ моҳи соли равон беш аз 1,2 миллиард доллар афзоиш ёфтааст. Барои муқоиса бояд гуфт, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондод 3,99 миллиард доллар буд. Дар ҳамин ҳол содироти Тоҷикистон манфӣ боқӣ монда, хуруҷи бебозгашти асъори хориҷӣ аз ҷумҳурӣ дар натиҷаи фаъолияти тиҷорати хориҷӣ беш аз 1,6 миллиард долларро ташкил додааст.

Афзоиши 50-дарсадии додуситади миёни Тоҷикистону Русия

Содироти мол дар соли равон 1,67 миллиард долларро ташкил дод, аммо ҷумҳурӣ дар ин давра ба маблағи 3,35 миллиард доллар мол ворид кардааст. Дар ин давра Тоҷикистон бо 109 кишвари ҷаҳон равобити тиҷоратӣ доштааст. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия, Қазоқистон, Швейтсария ва Чин мебошанд.

Сарчашма: «Спутник»

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Тоҷикони муваффақ дар Русия

Чеҳраҳое, ки миёни ду кишвар пул месозанд   Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таърихи тӯлонӣ ва заминаи мустаҳками ҳамкорӣ доранд. Имрӯз ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору фаъолият намуда, дар рушди иқтисоди ҳар ду кишвар саҳм мегузоранд. Дар баробари...


Раҳимов муаллифи голи 1100-уми “Истиқлол” дар Лигаи олӣ шуд

Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол”-и Душанбе Муҳаммадҷон Раҳимов номи худро дар таърихи бошгоҳ бо ҳарфҳои заррин сабт намуд.   Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, голе, ки Раҳимов дар дақиқаи аввали вақти иловагии қисми якуми бозӣ муқобили дастаи “Истаравшан” ба...


Волидон ё интернет. Кӯдакро кӣ бояд тарбия кунад?

Дар давраи наврасӣ ҷаҳонбинӣ, самтҳои арзишӣ, худшиносӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва хислатҳои маънавӣ ва ахлоқии шахс фаъолона ташаккул меёбанд. Дар ин марҳилаи рушд ба тарбияи онҳо диққати махсус мебояд. Бахусус, дар замони ҳозир, ки интернет “муаллим”-и фарзандони мо...


Русия хариди ангур ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Русия ният дорад хариди ангур, мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Ин масъала дар мулоқоти вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург баррасӣ шудааст.   Ба...


Маърифати молиявӣ. 5 роҳи сарфа кардани пул

Ҳамарӯза мо барои хариди маҳсулоти рӯзгор вориди мағоза ё бозор мешавем. Оё медонед, ки харид кардан ҳам қоидаҳои худро дорад? Пас, 5 қоидаро бароятон пешниҳод менамоем. Ба назар сода менамоянд, аммо барои сарфаи пулу зиндагии беҳтари шумо кӯмак мекунанд.   Якум, харид аз бозор роҳи хуби...