Ним асри НБО-и «Норак»

Ним асри НБО-и «Норак»

Ним асри НБО-и «Норак»

Аз ифтитоҳи Нерӯгоҳи барқи обии “Норак” - яке аз манбаъҳои асосии нерӯи барқ дар Тоҷикистон 50 сол сипарӣ шуд.

Оғози сохтмон - соли 1961. Сарчашмаи об - дарёи Вахш. Ба истифода додани агрегати нахустин - 15-уми ноябри соли 1972 бо иқтидори 300 мвт. Ба истифода додани агрегати охирин - декабри соли 1979 бо иқтидори 2700 мвт. Иқтидори солона - 11,4 млрд квт соат қувваи барқ. Таҷдиди нахустин: таҷдиди аввал - соли 1988. Иқтидори агрегатҳо расонида шуд - ба 335 мвт. Иқтидори умумӣ - 3000 мвт. Баландии сарбанди нбо-и Норак - 300 метр (то соли 2013 аз ҳама баландтарин сарбанд дар ҷаҳон ба шумор мерафт). Ҳаҷми умумии лоиҳавӣ - 10,5 км3. Ҳаҷми фоиданоки лоиҳавӣ - 4,5 км3. Баландии призмаи истифодашаванда - 53 метр. Сатҳи максималии об - 910 метр. Сатҳи минималии об - 857 метр. Истеҳсол: истеҳсоли нбо-и “Норак” то 1-уми январи соли 2010 - 353,6 млрд квт/соат нерӯи барқ. Обанбори Норак: макони ҷойгиршавӣ - дар дарёи Вахш. Мақсад - барои таъмини НБО-и “Норак” бо об сохта шудааст. Ҳаҷм - 10,5 млрд мукааб. Масоҳати обанбор - 98 км². Дарозии обанбор дар сурати сатҳи максималӣ - 70 км. Чуқурии миёна - 107 метр. Фаррохӣ - 5 км. Лоиҳаи «барқарорсозии нбо-и «Норак» - 20-уми марти соли 2019 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак оғози расмии лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и «Норак» сурат гирифт. - Мақсади лоиҳа таҷдид ва эътимодноктар гардидани иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳ, аз 3000 ба 3300 мвт боло бардоштани иқтидор аст.

- 24-уми октябри соли 2022 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон агрегати №1-и НБО-и “Норак” ба номи Турсун Улҷабоев ба истифода дода шуд. - Иқтидори агрегати барқароршуда ба 375 мвт мерасад. - Дар натиҷаи татбиқи пурраи лоиҳа тавоноии ҳар агрегат ба 375 мвт мерасад ва истеҳсоли миëнаи солонаи нерӯи барқ 1,4 миллиард квт/соат зиëд мегардад.

Таҳияи Идибеки Саид ва Умед Султонов

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...