Соли нави хониш муборак бошад!

Соли нави хониш муборак бошад!

Муассисаҳои омӯзишӣ дарҳои худро барои талабагон боз хоҳанд кард. Албатта кӯдаке аввалин бор ба дарс хоҳад рафт. Барои ӯ ҷаҳони нав, муҳити дигар, мутобиқшавӣ ба атроф кушода хоҳад шуд.

Барпо кардани чунин шароити мусоид барои кӯдак масъулияти падару модар аст. Ба ҳамин хотир, мо нуқтаҳои муҳимро барои падару модарон интихоб карда, пешниҳод дорем, ки онҳоро ба назар гирифта, барои ба ҷаҳони нав қадам гузоштани кӯдак истифода кунанд.

Вақтро ба дурустӣ истифода кунед. Ин вазифаи шумо (падару модар) аст. Сухану рафтори неки шумо барои кӯдаки ба синфи 1– ум мерафта, хеле зарур аст.

Рӯзҳои аввал кӯдак хаста хоҳад шуд. Тартиби нав, вазифаи хонагӣ, ҷамъияти барояш нав ва ғайра, кори ғайриоддӣ нест. Ҳаргиз фишору зӯроварӣ ба кӯдак накунед.

Дар ҳама кори кӯдак бодиққат бошед. Афсӯс, ки на ҳама вақт муҳити нав таъсири хуб мекунад, барои он, ки кӯдак зудбовар аст. Доимо дар суҳбат шуда, бодиққат ӯро гӯш карда, бубинед, ки замони дар мактаб буданаш, чӣ мегӯяд, ба кадом кор шавқ дорад, кадом бозиро дӯст медорад.

Барои хониши аълояш туҳфа диҳед, ки руҳи кӯдакро болида сохта, барои давом додани хониш руҳбалан бигардад.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...