АХБОР

АХБОР

АХБОР

Табрикот ба муносибати Иди Фитр

Муфтии Ҷумҳурии Доғистон шайх Аҳмад пир руҳониёни кишварро ба муносибати ҷашни иди Фитр табрик гуфт

Ба номи Худованди ҷону хирад! Хоҳар ва бародарони муҳтарам! Самимона ва аз таҳти дил Шуморо ба муносибати фарорасии иди Фитр таҳният мегӯям. Ин рӯзи пурбаракат, ки поёни рӯзадорист, яке аз муҳимтарин рӯз барои имондорон ба ҳисоб меравад.

Дар давоми ин моҳи шариф, мусалмонон дар саросари ҷаҳон, аз маводи ғизову оби ошомиданӣ парҳезгорӣ карда, ахлоқи хамида, ситойишу раҳму шафқатро аз Худованд интизор шуда, нияти некро анҷом доданд. Бисёре аз шумо дар ин замони сабру санҷиш, ба мушкилии имрӯзаи дар зиндагӣ доштаи хеш нигоҳ накарда, садақа додед, ба камбизоатон хайр карда, дар ҳар гуна маъракаҳои хайр иштирок намудед. Бошад, ки Худованди Бузург хайри шуморо қабул фармуда, манфияти онро борҳо дучанд гардонад. Ҳамчунин ҷамъи намояндагони миллату аҳзоби гуногун, на танҳо дар гӯшаву канори Доғистон, балки дар давоми ин моҳ ифтор карданду саҳархезӣ. Ин моро аз он хӯшнуд месозад, ки дар мустаҳкам шудани робитаи бародарона ва барпо кардани руҳияи меҳнатпарварӣ, меҳр ба сарзамини хеш ва ба ҳамдигарро хеле зиёда кард.

Суҳбату шабнишинҳо андар арзишҳои диниву мазҳабӣ ва масъалаҳои ҳамарӯза пайдо карда, ахлоқи ҳамидаи байни моро мустаҳкамтар намуд. Ситойиши беҳамто ба Худованди Бузург дорам, ки барои мо иҷоза дод, ки ин рӯзи муборакро бубинем ва бо дигарон ҳамсаф шуда, орзӯ кунем, то моро ба моҳу соли оянд расонда, маҳрум насозад. Аз Худованди Бузург хоҳиш дорем, ки намозгузорӣ, закоту хайру дигар амали неки моро бипазирад. Сиголиш мекунам, ки ҳамаи моро қуввату дармон, сабру тоъат бидеҳ, то дар роҳи хайр бошем. Дастгири ҳамдигар шуда, аз якдигар дар ҳама моҳу сол омӯрзиш талабем. Ҳама гуноҳи хешу табору наздиконро бубахшем, ки моро низ дигарон бубахшанд. Ба хотири ин моҳи муборак, аз Худои меҳрубон хоҳиш дорам, ки ҳамаи гуноҳи моро бахшояд, аз дигар нохӯшӣ паноҳ дорад, сабру ҷамил ба касоне, ки дар шароити душвор қарор доранд, ато фармояд.

Сулҳу раҳмати Худо бар Шумо бод, хоҳару бародарони муҳтарам!

Табрикот ба муносибати Рӯзи Ғалаба

Муфтии Ҷумҳурии Доғистон Шайх Аҳмад пир мардумро бо Рӯзи Ғалаба табрик гуфт

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!

Муҳтарам ветеранҳои Чанги Бузурги Ватанй ва меҳнатдустони фронт! Шуморо бо Рӯзи Ғалабаи Бузург аз самими қалб табрик мегӯям! Ин иди махсус, ҳақиқатан умумихалқй мебошад, ки барои ҳамаи мардуми мамлакатамон азиз аст. Дар он порае аз таърихи шахсии ҳар як оила ва ҳар як шахс мавҷуд аст. Мо корнамоии бузург ва қурбониҳои бузурги халқи худро дар хотир дорем, эҳтиром мекунем ва ҳеч гоҳ фаромуш нахоҳем кард. Шумо бо ирода ва лутфи Офаридгор на танҳо Ватанро дифоъ кардед, балки онро дубора эҳё кардед ва ба мо осмони осоишта ва бовариро ба фардо бахшидед.

Ба фронтчиён, занони фронт, фарзандони чанговаре, ки дар он замони мудҳиш ба фронт ёрй расонданд ва ба ҳамаи онҳое, ки озодии моро, сарфи назар аз мансубияти динй ва миллй ҳифз кардаанд, миннатдории махсус баён мекунем. Мутаассифона, имрӯз дар мамлакат ветеранҳо кам шуда истодаанд. Эҳтиром ва ифтихор аз корнамоиҳои аҷдодони шоистаи мо камтарин корест, ки мо метавонем кард. Дар ҳадиси Паёмбари Худо, ки Тирмизӣ ривоят кардааст, омадааст: «Касе, ки ба хурд солон раҳм накунад ва бузургони мо (дар синну сол ва илм) эҳтиром накунад, яке аз мо нест». Ветеранҳои азиз, беҳтарин ахлоқу накукорй, адолат ва меҳру муҳаббат ба Ватан аз тарафи шумо моро баҳри гулгулшукуфии диёрамон ба меҳнати буньёдкорона руҳбаланд мекунанд. Аз даргоҳи Худованди мутаъол таманно дорам, ки бароятон сиҳату умри дароз ато кунад, ҳар рӯзатон пур аз меҳру муҳаббат аз тарафи наздиконатон бошад.

Қаҳрамонии тоҷикистониён дар фронтҳои ҷангӣ

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷавонписарони тоҷикистонӣ дар тамоми амалиётҳои ҷангӣ, аз мудофиаи қаҳрамононаи қалъаи Брест сар карда, то забти пойтахти фашистони Олмон – шаҳри Берлин иштирок намудаанд. Аз ҷумла, пулемётчӣ Акбар Маҳмудов, ки дар қалъаи Брест хизмат мекард, ҳанӯз 23 июни соли 1941 бо ҳамроҳонаш ба ҷанг даромада, қаҳрамонона ҳалок гардидааст. Минбаъд ҷанговарони ҷумҳурии мо дар муҳорибаҳои назди Москва, ҷанги шадиди Сталингард, мудофиаи Ленинград ва ғайраҳо қаҳрамониҳои бемисл нишон додаанд. Чунончӣ, Аҳмад Турдиевӣ тоҷик дар қатори намояндагони 8 миллатҳои шӯравӣ қариб ду моҳ, «хонаи Павлов» – и Сталинградро аз душман мудофиа намудааст.

Пӯшида нест, ки муҳорибаи Курск яке аз муҳорибаҳои бузургтарини танкии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб меравад. Зеро, фашистони немис, баъди шикастхӯрӣ дар муҳорибаи Сталинград, ният доштанд, ки дар муҳорибаи навбатӣ аз болои аскарони шӯравӣ ғалаба ба даст дароранд. Бо ҳамин мақсад онҳо дар ин муҳориба танкҳои нави «Паланг», «Бабр», самалиётҳои қиркунандаи «Фоке – Вулф» ва ғайраро истифода бурданд. Дар ҳамин муҳориба, 5 – 7 июли соли 1943 тӯпчӣ Ҳодӣ Кенҷаеви қистакӯзӣ бо батареяи худ чандин ҳуҷуми танкҳои душманро зада гардонд. Дар натиҷаи ҷанги сахт ҳамяроқони ӯ ҳалок гардиданд.

Вай бо яроқи танкзан якчанд мошинҳои душманро нест кард. Барои ин корнамоӣ ба ӯ унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд. Собиқ колхозчии ба номи К. Маркси ноҳияи Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) Исмоил Ҳамзаалиев низ дар ҳамин муҳориба, 8 – 10 июли соли 1943 баландии беномро ҳимоя карда, бо тӯп танкҳои душманро тирборон намуд. Вай маҷрӯҳ шуда бошад ҳам, вале майдони ҷангро тарк накард. Корнамоии ӯ низ бо номи пуршарафи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ қадр карда шуд. Бояд қайд намуд, ки Ҳодӣ Кенҷаев ва Исмоил Ҳамзаалиев дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷумлаи тоҷикписарон аввалин шуда ба гирифтани ин ном мушарраф шудаанд. Сентябри соли 1943 қӯшунҳои Шӯравӣ ҷангкунон дарёи Днепрро гузаштанд.

9 сентябр Сарфармондеҳи Олии ҳарбӣ (Ставка) ба фронтҳо дастур дода буд, ки мувофиқи он ҷанговари аз дарё аввалин гузашта ва дар соҳили дигар мавқеъ гирифта, барои унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ пешниҳод карда мешуданд. Ин ҳуҷҷати муҳим дар байни ҷанговарон ба тарзи васеъ ташвиқ карда шуд. Ҷавобан ба он ҷанговарон далерию чолокӣ нишон дода, муқобилияти сахти душманро шикаста, ҷангкунон ба соҳили дигар гузаштанд. Дар ҳамин муҳориба 21 -нафар фиристодагони зерини Тоҷикистон ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардидаанд: Саидқул Турдиев, Домулло Азизов, Ҳайдар Қосимов, Тӯхтасин Мирзоев, Ӯрунбой Якибов, Ховаджи Муҳаммадмирзоев.

2026-04-01 (Шаввали соли 1447) №4.


10 фоидаи рӯза ба саломатӣ

Тадқиқотҳои олимони соҳаи тиб нишон медиҳанд, ки рӯза гирифтан барои саломатӣ низ фоидаҳои зиёде дорад, ки 10-тои онро манзури шумо мекунем.   1.Тоза шудани ҷисм Бо шарофати рӯзадорӣ ҷисми инсон аз дарун тоза мешавад. Рӯзона аз хӯрдану нӯшидан даст кашидани шахси рӯзадор боиси он мегардад,...


Чӣ гуна моли худро пок кунем?

Ҳамду сано Худованди ягонаро, дуруду салом ба Паёмбари гиромӣ ﷺ ва тамоми олу асҳобаш бод.   Закот яке аз аркони Ислом буда дар бисёре аз оятҳои Қуръон бо намоз якҷо зикр шудааст. Худованд мефармояд: «Ҳаргиз гумон набаранд касоне, ки ба он чи Худованд ба онҳо додааст, бахилӣ мекунанд,...


Саволу ҷавоб

Ҷумлаи “Астағфируллоҳа ва атубу илайҳ” чӣ маъно дорад? Бародари азиз, маънои ин ҷумла чунин аст: Аз Худованд (барои гуноҳонам) омурзиш мехоҳам ва ба сўи Ў тавба мекунам. Ин ҷумларо баъди намози Бомдод ва баъди намози Аср сад бори такрор кунед савоби беканор дорад. Шахсе, ки дар ватан...


Беҳтарин суханон дар васфи модар

Модар - сарчашмаи ҷӯшони ҳаётест, ки ҳастии моро аз файзи худ шодоб мегардонад.   Модар - сарчашмаи меҳру муҳаббат, шавкати беканор, нури ҳар як хонадон аст. Модар - туӣ он моҳи дурахшоне, ки бо нури меҳрборат шабҳои тираю торики моро равшан месозӣ. Модар - ту офтобӣ дар зиндагӣ, ки моро...


Ҳақиқати шармсорӣ

Пас, бидон, ки шармсорӣ бар чанд ваҷҳ аст:   Дар шармсорӣ бинобар бузургворӣ он чӣ дохил мешавад, ки дар ин қавли Ӯ таоло омадааст: «Яке аз он ду духтар, ки бо камоли шарм роҳ мерафт, назди ӯ омад» (Қасас, 25). Гуфтаанд: Духтари Шуайб аз Мӯсо барои он шарм медошт, ки ӯро ба...