АХБОР

АХБОР

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Ҳамзамон рӯзи 6 ноябри соли 1994 рӯзи қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ботантана қайд карда мешавад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Дар моддаи 1-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.»

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон конститутсияи сифатан нав ва қабули он дар ҳаёти ҷумҳурӣ ҳақиқатан воқеаи таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Ин ҳуҷҷати бо роҳи демократӣ қабулшуда ба ҳисоб рафта, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мустаҳкам менамояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 боб ва 100 моддаро дарбар гирифта, дар худ моҳияти тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеаи тоҷиконро то хурдтарин ҷузъиёташ ифода менамояд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ташкил медиҳад. Қайд кардан бамаврид аст, ки 34 моддаи он ва ё аз се як ҳиссаи Конститутсия ба ин мавзӯъ бахшида шудааст.

Муҳоҷири корӣ дар Русия бояд чиро донад

Владимир Путин қайд кард, ки шаҳрвандони кишварҳои дигари ИДМ, ки барои кор ба Русия меоянд, бояд забони русиро донанд ва чӣ будани ин кишварро дарк кунанд. Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки «забони русӣ нерӯи муттаҳидкунанда аст, фазои ягонаи тамаддуниро дар қаламрави ИДМ таъмин мекунад».

Дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ президент қайд кард, ки муҳоҷирони корие, ки ба Федератсияи Русия меоянд, бояд ҳадди ақал забони русиро донанд, чӣ будани кишварро дарк кунанд. «Дар ҳақиқат кишварҳои муштаракул-манофеъ муштаракоти зиёде доранд. Ин як таърихи муштарак, решаҳои маънавӣ, бо ҳам пайвастаи амиқи фарҳангҳо, урфу одат ва албатта, забони русӣ аст», - таъкид кард раҳбари Русия. «Мо ҳама мефаҳмем ва медонем, ки дар Русия аз кишварҳои иттиҳод чанд муҳоҷири корӣ кор мекунад.

Ҳам барои шумо ва ҳам барои мо муҳим аст, ки одамон мутобиқ ва ба осонӣ ба зиндагии оддии Русия ворид шаванд», - таъкид кард президенти Русия. Илова бар ин ӯ афзуд, ки муҳоҷирони корӣ бояд фарҳанги Русия, равобити мардуми ин кишвар ва Иттиҳоди Шӯравии пешинро донанд. Вай қайд кард, ки интегратсия на танҳо маънои пулкоркунӣ, балки зиндагии пурра дар як кишварро дорад. (© Sputnik)

Иҷозаи иқомати муваққати

Тибқи қарори ҳукумати Русия, соли 2022 танҳо ба 18 955 шаҳрвандони хориҷӣ иҷозаи иқомати муваққатӣ дода мешавад. Ҳукумати Русия додани иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ба хориҷиёнро дар соли 2022 ду баробар кам мекунад. Дар ин бора аз қарори ҳукумат, ки сарвазири кишвар Михаил Мишустин имзо кардааст, маълум аст. «Соли 2022 барои шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ дар Русия 18 955 квота барои додани иҷозаи иқомати муваққатӣ муқаррар карда шавад», - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат. Тибқи фармон, дар соли 2022 ба хориҷиён 18955 иҷозат барои иқомати муваққатӣ дар Русия дода мешавад, дар ҳоле ки соли 2021 ба 39,325 нафар иҷозат дода мешуд. (© Sputnik)

Дар Русия гирифтани шаҳрвандӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ осон мешавад

Дар Русия хатмкунандагони хориҷии мактабҳои Русия метавонанд ба таври сода соҳиби шиносномаи русӣ шаванд. Вазорати корҳои дохилии Русия тартиби шароити таҳсили хориҷиён дар Русияро дигар мекунад, хабар медиҳад «МВД Медиа». Дар бораи равишҳои нав дар татбиқи сиёсати муҳоҷират муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия, генерал-полковники пулис Александр Горовой хабар дод. «Хориҷиёне, ки ба категорияҳои афзалиятноки хатмкунандагон тааллуқ доранд, метавонанд ба тартиби содаи гирифтани шаҳрвандии Русия умед банданд» - гуфт Горовой. (© Sputnik)

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Талаби илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст

Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд:   «Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд...


Санбӯсаҳои зудпази картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 100 грамм панири тарошида, 700–800 грамм картошка, як бандча кабудӣ, 1 дона пиёз.   Барои хамир: 2 дона тухм, 2 истакон орд, 1 қошуқча намак, 1 истакон кефир. Тарзи таҳия: Картошкаро тоза карда, дар об пазед ва аз он картошкаи кӯфта тайёр кунед. Пиёзро майда реза...


Муҳоҷирон ба Русия бештар даромад оварданд

Дар ним сол аз ҳисоби муҳоҷирон ба буҷети Русия 321 миллиард рубл ворид шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 30% зиёд мебошад.   Ин нуктаро Андрей Кикот, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия дар вохӯрӣ бо Владимир Путин, президенти Русия зикр кард. Ба гуфтаи ӯ, аз ин маблағ, зиёда аз 60...


Тиҷорати Тоҷикистону Русия 21% афзуд

Савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли равон ба 7 млрду 943,7 млн доллар расидааст, ки дар он Русия ҷойгоҳи хост дорад. Дар ин муддат гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия беш аз 1,5 млрд долларро ташкил додааст. Ин дар муқоиса бо январ – июли соли гузашта қариби 21% зиёд мебошад. Дар ин...


Аввалин пайванди ҷигар ва гурда дар вилояти Суғд анҷом ёфт

Дар шаҳри Хуҷанд амалиётҳои пайванди ҷигар ва гурда бори аввал дар вилояти Суғд анҷом дода шуданд. Ҷарроҳиҳо дар Беморхонаи клиникии №1-и шаҳр гузаронида шуда, ҳар ду амалиёт бидуни мушкилот анҷом ёфтаанд. Дар ин бора 2 сентябр дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии...