Истиқлолият шарафу номуси ватандорист

Истиқлолият шарафу номуси ватандорист 

Истиқлолият шарафу номуси ватандорист

Соли ҷорӣ мардуми шарафманди тоҷик ва низ сокинони ғайритоҷики ин сарзамин, онҳое, ки дар ин ватан зиндагӣ ва фаъолият ихтиёр кардаанд, ҷашни муборак ва ниҳоят азизу гиромӣ – 34-умин   Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҷлил хоҳанд кард. Истиқлол мафҳумест, ки онро наметавон ба як-ду ҷумла шарҳ дод: он фарогирандаи буду набуди мост, фазо ва муҳитест, ки моро дар бар мегирад, озодӣ ва мустақилияти комили мо чӣ дар дохили ватан ва чӣ дар беруни он аст.

        

Истиқлолияти давлатӣ, ки Тоҷикистон онро 34 сол пеш ба  даст овард, натиҷаи кўшишу талоши тўлонии халқи тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърих мебошад. Чунки андешаи истиқлолият ва кўшиши расидан  ба  давлатдории  миллӣ дар  зеҳни миллати мо дар давоми беш аз ҳазор сол ҳамеша зинда буд. Дар шароити кунунӣ таҳкими истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии инсон барои мо мазмуни ҳаётан муҳим пайдо кардааст. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму технология ва раванди ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.

Бо вуҷуди ҳамаи дастовардҳои беназири худ инсон ҳанўз ба ормону орзуҳои деринааш,  яъне эҷоди як зиндагии поку пурсаодат, орому осуда ва озод аз хушунату ихтилофҳо дастёб нашудааст. Баръакс, имрўз инсоният бо хатарҳои нав ва мушкилоти сангинтар рў ба рў гашта, гирифтори ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ ва бархўрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ мебошад. Бинобар ин ҳар як нафар бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, барои рушду нумуи кишвари азизамон ва истиқлолияти он саҳми воқеии худро бояд гузорад.

Агар истиқлолият ҳастии миллату давлат бошад, пас фарҳангу маънавияти исломӣ дар пайкари ин ҳастӣ нақши қалбро дорад. Мардуми мусалмони Тоҷикистон аз он ифтихорманданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун муҳофизи исломи асил ва мухолифи таассубу хурофот борҳо аз минбарҳои баланд ба ҳимояти арзишҳои исломӣ садо баланд карда, динро ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ эътироф намудааст.

 Истиқлолият ҳамон неъмати бебаҳоест, ки бо саъю талошҳои тўлонии фарзандони ҷонфидои ин миллат дар натиҷаи паси сар кардани чандин имтиҳоноти вазнин дар масири таърих ба мардуми шарифи Тоҷикистон муяссар шудааст.

        

Ба қавли Мавлоно ҷалилиддини Балхӣ:

Неъмате беҳтар зи истиқлол нест,

Ҳеҷ дигар ҷойи қилу қол нест.

 

Халқи тоҷик дар тўли таърих ба ҳайси халқи тамаддунофар шинохта шудааст. Яъне мардуми мо тавассути хиради азалии худ тавонистааст, ки дар таърих дар бунёди кишвардориҳои бузург саҳми арзандае гузорад ва мондагории худро дар саҳифаҳои таърихи башар таъмин намояд. Агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем, дармеёбем, ки чеҳраҳои дурахшоне бо қаҳрамонию диловарӣ, эҷодкорию ҳунармандӣ ва муборизаҳои ватанхоҳонаи худ боиси ифтихор ва намунаи ибрати аҳли башар гардида, дар даврони мухталиф пешвои сиёсию динӣ ва фарҳангию илмии тамаддунҳои гуногун гардидаанд. Корнамою муборизаҳои Куруши Кабир, Спитапен, ақлу фазилати волои Имоми Аъзам, Исмоили Сомонӣ, эҷодиёти Рўдакӣ, Фирдавсӣ, ҷалолиддини Балхӣ, дастовардҳои илмии ибни Синою Закариёи Розӣ ва ҳазорҳо тани дигар тавонистаанд, ки миллати тоҷикро дар тўли қарнҳои гуногун дар арсаи ҷаҳонӣ пойбарҷо нигаҳ доранд. Хидмати чунин афроди муътабар на танҳо барои миллати тоҷик, балки барои тамоми башарият аҳаммияти бузург доштанд ва то имрўз моҳияти худро аз даст надодаанд.

Миллати тоҷик баъд аз муборизаҳои зиёди сиёсӣ тавонист, ки дар асрҳои IX-X тавассути корнамоиҳои сулолаи Сомониён давлати мустақили худро ба даст орад. Маҳз дар ҳамин давра ташаккули халқияти тоҷик ба анҷом расид ва забони порсии дарӣ ба ҳайси яке аз унсурҳои муҳими давлати мустақил забони расмии давлати Сомониён гардид. Ин мустақилият то андозае тавонист, ки дар рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҳамон замон мусоидат намояд ва мардум то андозае дар шароити осоишта умр ба сар баранд. Вале ин даврони тиллоӣ дер давом накард ва баъд аз сад сол чунин давлати пуршукуҳ аз байн рафт, зеро пояҳои давлат аз ҷониби ашхоси бегона то андозае заъиф гардонида шуданд, ки ин боиси аз байн рафтани чунин як давлати бузурге дар саҳифаи таърихи мардуми мо гардид.

Албатта, аз байн рафтани давлати Сомониён сабабҳои зиёде дошт ва инро муҳаққиқон дар даврони гуногун таҳлилу таҳқиқ карда, андешаҳои илмии худро иброз доштаанд. Вале, ба андешаи мо, яке аз сабабҳои асосии пошхўрии давлати Сомониён ин буд, ки мардуми он замон ба умқи маънои истиқлолият ва моҳияти он чандон таваҷҷуҳ накарданд ва ё шароиту сиёсати он замон низ ба онҳо чунин имкониятро намедод. Яъне тафаккури истиқлолхоҳӣ ҳанўз ба таври комил рушд накарда буд. Бо вуҷуди ин сиёсате, ки аз ҷониби давлати Сомониён бунёд ёфта буд, дар зеҳни таърихии халқи тоҷик нақши боризе гузошт ва он тавонист, ки дар тўли зиёда аз ҳазор сол аз забон, дину ойин, фарҳангу маънавиёти худ дифоъ кунад ва дар мубориза бо тамаддунҳои минбаъда ин унсурҳои истиқлолиятхоҳиро аз нобудшавӣ нигаҳ дорад.

Тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва бо розигии Худованди мутаъол сол то сол истиқлолияти миллати мо истеҳком меёбад ва дар арсаи байналмилалӣ миллати тоҷик ба ҳайси миллати сулҳпарвар эътироф мегардад. Дар ин замина обрўю эътибори миллат тавассути сиёсати инсонпарварона ва сулҳҷўёнаи Роҳбари сиёсии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле афзоиш ёфтааст. Дар доираи мамлакатҳои мусулмоннишин низ мавқеи Тоҷикистон хеле боло рафтааст. Ин аст, ки Тоҷикистонро ба узвияти аксар созмонҳои гуногуни исломӣ пазируфтаанд.

Обрўю эътибори Сарвари кишвари мо дар доираи мамолики исломӣ аз он ҷиҳат аст, ки он кас мудом аз дини мубини Ислом дифоъ карда, аз сарони давлатҳои дигари ҷаҳон тақозо мекунад, ки ҳамагуна ваҳшонияту терроризмро ба ислом нисбат надиҳанд, чунки ислом ба зоти худ дини инсонпарвар буда, зўроварию кушторро маҳкум менамояд. Ба андешаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, террористон аслан дину миллат надоранд, онҳо ба муқобили дину миллати худ мубориза мебаранд ва барои манфиату ғаразҳои худ ба ягон арзиш эҳтиром намегузоранд.

 

(«Шуроиуламо»)

2026-08-01 (Сафари соли 1448) №8.


Саволу ҷавоб

Агар ягон хешованд аз дунё гузарад, барои мотами ў то як сол куртаи кабуд пўшидан чӣ ҳукм дорад? Ин амал дуруст нест, фақат барои зане, ки шавҳараш аз олам гузаштааст, муддати 4 моҳу 10 рўз мотам гирифтан ҳатмӣ аст, яъне аз пўшидани либосҳои сурху абрешимӣ ва истеъмоли хушбўӣ худдорӣ мекунад. Агар...


Дар Шаҳристон комплекси сайёҳӣ бунёд мешавад

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон – эко резорт шинос шуд.   Ин иншооти сайёҳӣ аз чор марҳилаи сохтмонӣ иборат аст ва то ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон бунёд...


8 тоифаи занон, ки дили шавҳарро ба осонӣ ёфта метавонанд

Дар тӯли зиндагияшон мардҳо бо бонувони зиёде рӯ ба рӯ мешаванд, вале онеро интихоб менамоянд, ки аз нигоҳи мард беҳтарин аст. Мехоҳед донед, ки ҳангоми интихоби бахт мардҳо ба чӣ аҳамият медиҳанд? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!   Зани гапдаро Барои он ки аробаи зиндагӣ дар нимароҳ чаппа нашавад,...


Шарм аз гӯшаи имон аст

Бидон, ки аз шартҳои муридӣ пайваста оташдон будани ботини ӯст. Фузайли Иёз (қдс) гуфт: «Панҷ чиз аз нишонаҳои бадбахтӣ аст: сангдилӣ, хушкии чашмон, бешармӣ, рағбат ба дунё ва орзуи дурудароз».   Ва ҳам гуфтаанд, ки чун ҳайбат ва шарм аз банда бирафт, дар вай хайре боқӣ...


10 сабаби фарбеҳӣ

Фарбеҳӣ дар ҷаҳони муосир ба як масъалаи ҷиддӣ табдил ёфтааст. Пӯшида нест, ки фарбеҳӣ натанҳо ба симои зоҳирии инсон таъсири манфӣ мерасонад, балки ба саломатӣ низ зиён дошта, боиси пайдоиши як қатор бемориҳо мегардад. 10 сабаби гирифторӣ ба фарбеҳиро пешкаши шумо мегадонем.   1. Сустшавии...