Фарбеҳӣ – хатари пинҳон ба саломатӣ ва ҷомеа

Фарбеҳӣ – хатари пинҳон ба саломатӣ ва ҷомеа

Фарбеҳӣ яке аз мушкилоти ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад, ки мутаассифона Тоҷикистонро низ фаро гирифтааст. Ин ҳолат на танҳо ба саломатии инсон таҳдид мекунад, балки ба иқтисодиёт ва самаранокии ҷомеа низ бетаъсир намемонад.

 

Чаро фарбеҳӣ меафзояд?

– Се усули асосии ғизохӯрӣ вуҷуд дорад,- мегӯянд ғизошиносони тоҷик ва таъкид менамоянд, ки бояд ин принсипҳо, ки таъмини нерӯ, таъмини маводи ғизоӣ ва реҷаи ғизоӣ аст, риоя шаванд.

Сабабҳои гирифтор шудан ба бемории фарбеҳӣ пурхӯрӣ мебошад. Яъне аз меъёр зиёд истеъмол намудани маҳсулоти хӯрокворӣ ва таомҳои дорои микдори зиёди нерӯ, аз қабили маҳсулоти гӯштии серравған, ширу маҳсулоти ширии равғаннокиашон баланд, шакар, шириниҳо, қаннодиҳо.

Дуюм сабаби фарбеҳӣ камҳаракатӣ аст, вақте килокалорияи аз меъёр зиёд ба бадани мо ворид мешавад, ҳаракати лозимиро анҷом намедиҳем ва ин мусоидат мекунад ба фарбеҳӣ. Имрӯз рафтори ғизоӣ иваз шудааст. Агар мо дар қиёс ба 5-10 сол пеш гирем, кам одамоне буданд, ки дар ошхонаҳо хӯрок мехӯрданд, аммо ҳоло занону кӯдакон дар маҷмуъ оилавӣ дар нуқтаҳои тезтаёр, ки аз ғизоҳои таркибашон аз консервантҳо ва маводҳои кимиёвӣ бой аст, истеъмол мекунанд.

Одатҳои номатлуб, ба монанди тамокукашӣ ва аз меъёр зиёд истеъмол намудани машрубот низ омили инкишофи бемории фарбеҳӣ мегарданд.

Дар баробари ин, бемории фарбеҳӣ омили ирсӣ низ дорад. Агар падару модар ба бемории фарбеҳӣ гирифтор бошанд, замина барои инкишофи бемории мазкур дар фарзандони онҳо вуҷуд дорад.

 

Фарбеҳӣ + беморӣ

Фарбеҳӣ метавонад боиси бемориҳои зиёд, аз ҷумла бемориҳои дил ва рагҳо, диабети қанд, мушкилоти устухон ва буғумҳо, таъсир ба саломатии равонӣ ва дигар бемориҳои узвҳои ҳозима гардад. Дар вуҷуди инсон зиёд шудани равған ба фаъолияти мунтазами узвҳо таъсири манфӣ расонида, дар натиҷа ба бемориҳои гуногун, ки дар боло зикр шуд, оварда мерасонад.

 

Пешгирӣ аз фарбеҳӣ

Пешгирии бемории фарбеҳӣ нигоҳ доштани хоҳишҳои зиёди истеъмоли ин ё он ғизои серравған, гӯштӣ ва ширинӣ маҳсуб меёбад. Пеш аз ҳама шахсе, ки аз фарбеҳӣ ранҷ мекашад, бояд аз хӯрдани хӯрокҳои тезтайёр даст кашад. Зеро, тибқи далелҳои оморӣ, таркиби хӯрокҳои тезтаёр зиёда аз ҳазор килокалорияро ташкил медиҳад. Миқдори шабонарӯзии таъмини ғизо ба организми инсон бошад, 1500 килокалория аст. Дар давоми рӯз шахс бо истеъмоли як хӯроки тезтайёр қаноат накарда, баъди чанд лаҳза дигар намуди ғизоҳоро низ тановул мекунад. Агар дар маҷмуъ меъёри ғизонокиро барои ин афрод ҳисоб кунем, беш аз 2000 килокалорияро ташкил медиҳад, ки ин фишор ба организм ва зарар ба саломатӣ мебошад. Истеъмоли меваю сабзавот, интихоби тарзи ҳаёти солим метавонад ҳар як нафарро аз фарбеҳӣ пешгирӣ намояд.

 

(«Саёҳатхон Муродиён»)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...