5 гиёҳи муъҷизаноке, ки асабро ором месозанд

5 гиёҳи муъҷизаноке, ки асабро ором месозанд

Солиёни зиёдест, ки муаллими донишгоҳ ҳастам. Дарсҳои зиёд ва корҳои илмӣ асабҳоямро хаставу афсурда кардаанд. Вақтҳои охир бо андак гап ба ғазаб меоям, зуд-зуд асабӣ мешавам. Аз саҳифаи “Канзи шифо”-и “Тоҷикистон”, ки пайваста тавсияҳояшро мехонам, мехоҳам, ки чанд роҳи табобатро бароям пешниҳод кунанд.

 

– Аз эҳтимол дур нест, ки асабонияти шумо таъсири хастагии зиёд бошад. Бисёре аз олимон ба хотири пеш бурдани зиндагӣ ва анҷоми таҳқиқот ҳатто рухсатии меҳнатӣ намегиранд ва пайваста кор мекунанд. Агар шумо ҳам аз ҳамон тоифа бошед, фавран аз пайи саломатиатон шавед. Ба шумо чанд гиёҳи дастрасро тавсия медиҳем, ки асабро ором менамоянд. Ҳамарӯза аз ин гиёҳҳо даво тайёр карда, бинӯшед.

 

Якум.

Решаи сунбул (валериана)-ро бо пудинаи боғӣ ва гули бобуна якҷоя карда, як қошуқи ошхӯрии ин гиёҳҳоро дар 200 грамм оби ҷӯш дар зарфи сирдор аз шаб то саҳар дам кунед, сипас соф карда, дар ягон зарфи шишагин бирезед. Рӯзе 3-4 маротиба аз ин гиёҳоб дуқошуқӣ бинӯшед, асабатонро ором менамояд.

Дуюм.

Ниёзбӯ, тухми карафс ва решаи сунбулро ба миқдори баробар гирифта, омехта намоед ва ду қошуқашро дар термос андохта, аз болояш ним литр оби ҷӯшомадаро бирезеду монед то саҳар истад. Дар давоми рӯз чанд маротиба нимпиёлагӣ аз ин даво бинӯшед.

 

Сеюм.

Асабоният ҳамроҳ бо фишори хун бошад, давои зерин ба дарди шумо мехӯрад: пудинаи сиёҳ, кокутӣ, карафс (реша, барг ё тухмаш), ниёзбӯ (мелиса), решаи сунбул ва дӯлонаи сурх. Решаи сунбул ва дӯлонаро дар зарфе гирифта, 15 дақиқа дар бухори об нигоҳ доред, сипас гиёҳҳои дигарро андохта, монед ним соат истад. Пас аз ин давои ҳосилшударо соф карда, сеқошуқӣ рӯзе 4-5 маротиба бинӯшед, асабҳоятон ором, фишори хунатон муътадил ва табъатон болида мегардад.

 

(«ПРЕССА.ТЖ»)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...