Хосиятҳои шифобах-шии чукрӣ

Хосиятҳои шифобах-шии чукрӣ

Бо фаро расидани баҳор дар кӯҳистони Тоҷикистон яке аз гиёҳҳои серистеъмол ва шифобахш – ревоҷ, ки миёни мардум бо номи чукрӣ машҳур аст, мерӯяд. Ин гиёҳи хӯрданбоб на танҳо маззаи хос дорад, балки дорои хислатҳои зиёди табобатӣ низ мебошад.

 

Тибқи маълумоти «Энсиклопедияи тиббӣ», дар таркиби ревоҷ витамини С, қанд, кислотаҳои органикӣ (ҷавҳари лимӯ, себ ва оксалат), инчунин намакҳои калий (К), калсий (Са), фосфор (Р) ва магний (Mg) мавҷуданд. Ин таркиб ба он хосияти қавии тақвиятбахшӣ мебахшад.

Хосиятҳои шифобахши ревоҷ:

– моддаҳои ғафсгаштаи баданро пароканда мекунад;

– кори меъда, ҷигар ва узвҳои гарммиҷози даруни шикам ва синаро қавӣ мегардонад;

– иштиҳоро мекушояд ва ташнагиро мешиканад;

– шиддати ҷӯшиши сафроро паст мекунад;

– қайи сафровӣ ва беҳузур шудани дилро қатъ месозад;

– фишори баланди хунро паст менамояд;

– хуни сафровиро соф мекунад;

– табҳои гарм ва сафровиро дафъ месозад.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки истеъмоли бардавоми он ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат карда, аз пайдоиши пучак ва чиртакҳо пешгирӣ менамояд.

Дар Тибет ревоҷро давои иллати меъдаву рӯда медонанд ва аз он мураббо, шарбат ва кисел омода мекунанд. Ҳакими бузург Абӯалӣ ибни Сино низ чукриро барои муолиҷаи диққи нафас, заъфи ҷигар, дарди меъда, исҳоли хунин, бемориҳои гурда ва пешобдон истифода мебурд.

Агар талқони ревоҷро бо решаи чоқула якҷо бихӯранд, барои бемориҳои роҳи нафас – аз ҷумла сулфа, зиқ-ун-нафас ва гирифтагии овоз муфид шумурда мешавад. Бо шароби себ истеъмол карданаш барои сустии мушакҳо ва асаб тавсия мегардад. Бо оби гарм нӯшиданаш бошад, оруғ (аз ҷумла турш), дарди рӯда ва баъзе ҳолатҳои чурраро сабук мекунад.

Имрӯзҳо дар тиби муосир хока (0,1-0,3 г), шарбат ва қиёми спиртии решаи ревоҷ ҳамчун воситаи исҳоловар ва тақвиятбахши кори рӯда истифода мешавад. Миқдори яккаратаи решаи ревоҷ дар як рӯз аз 4,5 то 7 граммро ташкил медиҳад. Дар бемориҳои меъда ва ҷигар метавон ба ҷойи он гули сурхро баробари якуним вазни ревоҷ истифода бурд.

Бо вуҷуди фоидаҳои зиёд, истеъмоли ревоҷ бояд боэҳтиёт ва мувофиқи меъёр бошад. Аз ҳад зиёд истеъмол кардан метавонад боиси нохушиҳои меъдаву рӯда гардад. Пеш аз истифодаи табобатӣ машварати табиб тавсия дода мешавад.

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Муҳоҷирон ба Русия бештар даромад оварданд

Дар ним сол аз ҳисоби муҳоҷирон ба буҷети Русия 321 миллиард рубл ворид шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 30% зиёд мебошад.   Ин нуктаро Андрей Кикот, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия дар вохӯрӣ бо Владимир Путин, президенти Русия зикр кард. Ба гуфтаи ӯ, аз ин маблағ, зиёда аз 60...


Тиҷорати Тоҷикистону Русия 21% афзуд

Савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли равон ба 7 млрду 943,7 млн доллар расидааст, ки дар он Русия ҷойгоҳи хост дорад. Дар ин муддат гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия беш аз 1,5 млрд долларро ташкил додааст. Ин дар муқоиса бо январ – июли соли гузашта қариби 21% зиёд мебошад. Дар ин...


Талаби илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст

Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд:   «Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд...


7 маслиҳати муфид ба модароне, ки кӯдакашон дандон мебарорад

Писарчаи шашмоҳаам дандон бароварда истодааст ва бисёр беқарорӣ карда, ангуштонашро мегазад. Азбаски модари ҷавон ҳастам, ҳанӯз таҷриба надорам, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?   Посух: - Табибони кӯдакона мегӯянд, дандонбарорӣ як амри табиӣ аст. Организми кӯдак пурқувват...


Санбӯсаҳои зудпази картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 100 грамм панири тарошида, 700–800 грамм картошка, як бандча кабудӣ, 1 дона пиёз.   Барои хамир: 2 дона тухм, 2 истакон орд, 1 қошуқча намак, 1 истакон кефир. Тарзи таҳия: Картошкаро тоза карда, дар об пазед ва аз он картошкаи кӯфта тайёр кунед. Пиёзро майда реза...