Нақши дуо дар зиндагии мо

Нақши дуо дар зиндагии мо

Нақши дуо дар зиндагии мо

Хонандагони азиз! Дуо муҳимтарин василаи робитаи инсон бо Аллоҳ мебошад. Ҳеҷ фарди мусалмоне аз асари равонӣ, иҷтимоӣ ва тарбиявии дуо бехабар нест, зеро инсон барои тақвияти иродаи хеш ва бартараф сохтани нороҳатиҳои худ ба такягоҳе муҳтоҷ мебошад, ки ӯро ёрӣ ва мадад намояд ва он ҳамоно Парвардигори пок аст, ки ба воситаи дуо ниёзи бандаро бартараф месозад. Яке аз ибодатҳои муҳим ва боарзиш ин дуо аст, ки ба воситаи он банда битавонад бо Парвардигори худ робитае барқарор намуда, шукронаи неъматҳои бешумори Ӯро ба ҷо биорад ва ба ҳамаи шахсоне ки дар зулму шиканча қарор доран дуои хайр бихонад.

 

Имрӯз, хонандагони зиёд бо мо савол медиҳанд, ки чӣ тавр ба мардуми ҷабрдидаи Фаластин дасти ёрӣ дароз кард. Беҳтарин дастгирӣ ба ин мардуми минтақаи Газаи Фаластини зери зулму шиканча қарор дошта, ин дуои хайр кардан аст.

Агар мо дар масъалаи дуо каме дақиқ бинигарем, мебинем, ки ҳамаи мавҷудоти рӯи олам дар ҳоли дархост аз Аллоҳ мебошанд. Худованд мефармояд: «Ҳар ки дар осмонҳо ва замин ҳаст, аз Худо суол мекунад. Ҳар рӯз Худо дар коре аст». Сураи «Раҳмон»; ояти 29.

Дуо силоҳу такягоҳи инсон аст, ки ба василаи он банда иродаи хешро тақвият мебахшад. Аммо чи басо шайтон ин силоҳро бар зидди инсон ба кор мебарад. Банда бояд ба зоти пок муноҷот ва арзи ҳоҷат кунад, ҳоҷатҳои худро бо Ӯ дар миён гузорад, зеро байни Худованду банда ҳеҷ ҳиҷобе нест ва Ӯ ба ҳар дил ва ҳар забоне огаҳ аст. Ҳар кас дар ҳар ҷо хоҳад, метавонад бо Парвардигори худ розу ниёз кунад.

Хонандагони азиз! Шумо метавонен дар бораи фазилати дуо дар саҳифаи 5-ум бихонед.

 

Муҳаммадфарух Азимов

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст

Тоҷикистон бозгардонидани муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи Русия баррасӣ кардааст Кормандони Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ноҳияи Гулкевичи минтақаи Краснодар боздид кардаанд. Дар ин марказ шаҳрвандони...