Моҳи Сафар

Моҳи Сафар

Моҳи Сафар

Моҳи Сафар – ин 2-юмин моҳи солшумории мохтобист (мусалмони), ки пас аз мохи Муҳаррам меояд. Калимаи «сафар» (бо ҳарфи «боғ») метавонад ба маънои «зард шудан», (маънои дигар «холӣ») бошад.

 

Моҳи тирамоҳ буд, ки баргҳо зард шуданд ва арабҳо аз хонаҳояшон ба сафар баромаданд. Тарҷумаи адабии вожаи «сафар» низ ба як падидаи табиъй иртибот дошта, ба маънои луғавии «нафаси хуштаки бод»-ро дорад, ки аз шароити обу ҳавои он моҳ ишора мекунад. Ин моҳ дигар номҳо дорад - "сафарул-музаффар", "сафар ал-хайр" - "муваффақият", "бахт". Ин номҳо дар замони ислом ба хотири раҳоӣ аз таассуби ботил нисбат ба ин моҳ, ки дар замони ҷоҳилият вуҷуд дошт, гузошта шудаанд.

Мардум иштибоҳан фаро расидани моҳи Сафарро бо фаро расидани ҳодисаҳои бемори, зуҳури шайтонҳо, нокомиҳои тиҷоратӣ ва дигар бадбахтиҳо рабт медиҳанд. Мардум дар айёми Сафар талош мекарданд, ки зану шавҳар накунанд ва бо ҳар роҳ худ ва аҳли оилаи худро аз наздикшавии эҳтимоли бадиҳо ва мусибатҳо эмин медоштанд. Мутаасифона, бисёриҳо то ҳол аз ин моҳ ҳазар доранд ва масъалаҳои муҳимро (мувофиқӣ, издивоҷ, тӯй, сафарҳои муҳим ва ғайра) дар зиндагии худ ба замони дигар мегузоранд. Аммо ин моҳ аз дигарон бартарӣ ва фоидаи камтаре надорад. Дуъо, намоз ва дигар амалҳои солеҳе, ки дар моҳи Сафар анҷом дода мешавад, дар баробари ҳар вақт дар назди Худованд пазируфта мешавад. Ҳамчунин маълум аст, ки моҳҳову рўзҳои муборак ҳаст, ки дар он аҷри аъмоли нек зиёд мешавад, вале дар ин муддат ҷазои гуноҳон низ меафзояд. Мо бояд дар тамоми корҳоямон бо пайравӣ аз Қуръони карим ва ҳадиси Расули Худо ﷺ ҳидоят ҷӯем. Донишмандон ва бузургони дин ба мо маънии Китоби Илоҳиро фаҳмонданд, моҳияти гуфтаҳои Паёмбар ﷺ-ро ошкор карданд, мо бояд мувофиқи ин ҳидоят зиндагӣ кунем. Расули Худо ﷺ дилҳои мардумро бо нури ҳақ мунаввар сохт ва ҳар гуна фоли бад ва таассуботи ботилро, аз ҷумла ба моҳи Сафарро аз байн бурд. Ҳақиқат ин аст, ки ягон вақт, рӯз, моҳ ё санаи хосе вуҷуд надорад, ки худ бадбахтӣ бошад, аммо аъмоли одамон метавонад ҳам хуб ва ҳам бад бошад. Вақте, ки ба корҳои нек сарф мешавад, хайр аст ва вақте, ки дар гуноҳ ва нофармони аз Худои таъоло сарф мешавад, бад аст.

Дар ҳадиси шарифи Паёмбар ﷺ мефармояд (маънои): “Дар Ислом ҷои ташом (бадбини) нест, беҳтаринаш тафавул (хушбин) аст” (ал-Бухорӣ).

Дар бораи моҳҳои тақвимӣ Паёмбар ﷺ фармудаанд: «Ҳама моҳҳо моҳҳои Худост ва ҳама рӯзҳо рӯзҳои Худост». Дар ҳадиси дигар Паёмбар ﷺ фармудаанд: “Ҳар вақт адо кардани умра ҷоиз аст” (Бухорӣ).

Метавонед дар аввали моҳ чунин дуоро бихонед: «Аллоҳумма фаррихна би-духули-с-сафари ва-хтим лана би-л-хайри ва-ззафар» (маънои): «Худовандо, моро шод кун ба ворид шудани моҳи Сафар ва онро бо хайру зафар анҷом бидеҳ».

Моҳи Сафар ба ҳамаи мо муборак бод! Худованди мутаъол ба ҳамаи мо насиб гардонад, ки ҳақиқатро рост ва дурӯғро дурӯғ бубинем, моро дар роҳи рост қувват бахшад ва моро аз тасаввуроти нодуруст ва таассуботи хилофи дин нигоҳ дорад! Омин.

 

Муҳаммадфарух АЗИМОВ

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...