Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Дар поёни нахустин рӯзи моҳи шарифи Рамазон, қалби яке аз рӯҳониёни саршиноси кишвар Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ дар синни 80-солагӣ аз тапидан бозмонд. Марҳум яке аз чеҳраҳои саршинос ва таъсиргузори кишвар буд.

Мактаби Мавлавии Ҳиндустонӣ

Дар мавриди санаи таваллуд ва таҳсилоти диниаш худи Домулло Ҳикматуллоҳ менависад: “Соли 1941 дар деҳаи Ғилмони вилояти Қаротегин ва дар хонаводаи деҳқон таваллуд шудаам. Ба таърихи 1952 ба вилояти Қӯрғонтеппа ҳиҷрат овардем. Ин ҷо уламои шаръ бисёр буданд. Бародаркалони мо Неъматуллоҳ… моро ба хондани улуми дин ва арабӣ таъкид карданд… Билохира, бар ҳузури пуранвори ҳазрати Мавлавӣ Муҳаммадҷони Хӯқандӣ расидам ва бақияи улумро он ҷо ба камол расондам…”

Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ таълими ибтидоии диниро дар замони Шӯравии собиқ ва дар назди Мулло Неъматуллоҳ, Домулло Ҷӯрабеки Ғармӣ, Домулло Назрӣ, Домулло Хӯҷаи Кӯлобӣ ва Домулло Шералии Андиҷонӣ гирифта, сипас, дар мактаби Мавлавии Ҳиндустонӣ таҳсил кардааст. Коршиносони масоили дин Домулло Ҳикматуллоҳро, ки “яке аз охирин намояндагони мактаби таърихии тасаввуфу тақво дар тамоми минтақа” меноманд.

Суннатгаро ва мухолифи равияҳо

Домулло Ҳикматуллоҳ, рӯҳонии суннатгаро буд ва равияҳои диние, ки солҳои охир ба ҷомеаи Тоҷикистон ворид мешуданд, маҳкум мекард. Ӯ ҷонибдори таълими дини Ислом бо усули суннатӣ буд: “Ҳоло китобҳои таълимии динӣ хеле зиёд нашр мешаванд, ки саҳеҳ ё носаҳеҳии онро фарқ кардан хеле мушкил аст. Маълум, ки теъдоди онҳо меафзояд. Агар дар ҳар як нусхаи навпайдо як ғалат роҳ ёбад, чӣ қадар мешавад? Таълими дини анъанавӣ, ки дар мазҳаби Имоми Аъзам солҳои зиёд ба як мактаби қавӣ табдил ёфтааст, заминаи муътамад ба ҳисоб меравад.

Хондани “Фарзи айн”-и аслӣ, “Чаҳоркитоб”-и аслӣ, “Қуръон”, ҳадисҳои саҳеҳи Бухорӣ ва ғайраҳоро таълим диҳем, беҳтар аст.” – мегуфт, марҳум. Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ равияи ҳанафияро эҳтиром мегузошт ва мухолифи салафия барин ҷараёнҳо буд. Дар суҳбате гуфтааст: “Таълимоти ахлоқӣ ва эътиқодӣ мувофиқи таълим ва равиши Имоми Аъзам t хубтар шавад, то ҷавонон аз асли эътиқод ва равиши пок огаҳӣ дошта бошанд ва ба масоили хилоф ва ҷудоии навпайдо назар наоранд. Пеши роҳи дигар равияҳоро низ гирифтан лозим аст. Бисёрии онҳо ба ҷуз аз низоъ ва ихтилоф ба аҳли ислом чизе дода наметавонад. Ба мисоли салафия. Салафия гурӯҳеанд навпайдо, таърихи асл надоранд.

Мақсади онҳо ном ё шуҳрат ё ғайри он мебошад. Масоили ихтилофро гирифта, дар байни мардум худро намудор мекунанд. Гуфтугӯйи онҳо ҳама самоӣ буда, аз илми китоб ва суннат чизе намедонанд. Толибилмон ва навҷавононро аз фиреби онҳо барҳазар бояд кард. Чунки онҳо худро салафӣ, яъне пайрави салаф мехонанд, аммо равиши онҳо худраъйӣ буда, мардумро мефиребанд.”

Пуштибони ҳукумат

Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ аз зумраи рӯҳониёне буд, ки ҳамвора аз ҳукумати кунунӣ дар Тоҷикистон пуштибонӣ мекард. Ӯ ҳафт сол қабл аз мардум хоста буд, дар охири ҳар намоз дар ҳаққи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дуо кунанд. Дар як суҳбаташ дар Маркази исломии Тоҷикистон соли 2014 итоат аз сарварон, бахусус “итоат ба подшоҳ”- ро воҷиб донист. “Амри итоат намудан ба подшоҳ… дар чандин аҳодис зикр гардидааст. Инчунин, дар ақидаи аҳли мазҳаби ҳанафӣ итоат намудан ба подшоҳ амри воҷиб мебошад”, – гуфта буд ӯ. Номи ин рӯҳонии тоҷик дар мавриди ҷанг дар Сурия низ дар сархати расонаҳо қарор гирифта буд.

Домулло Ҳикматуллоҳ моҳи январи соли 2015 ҷанги Сурияро “фитна” номид ва гуфт, ширкат дар ин “фитна” барои мусалмонон, аз ҷумла, барои ҷавонони тоҷик, раво нест. Домулло Ҳикматуллоҳ дар гузашта узви фаъоли Шӯрои уламои Маркази исломӣ буд. Соли 2004 намозгузории занонро дар масоҷиди Тоҷикистон макрӯҳ эълом карданд. Мудири онвақтаи бахши фатво гуфта буд, “Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ макрӯҳияти намозгузории занонро дар масоҷид бо далоили қотеъ собит кард ва мунтаҳо, ҳамаи аъзои Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон аз ҳамин мавқеъ пуштибонӣ карданд.” Ҷонибдоронаш ҳамеша изҳороту машваратҳои ӯро муҳиму бамаврид арзёбӣ мекарданд, вале мухолифонаш пайваста барои дастгирии ҳукумат ӯро “муллои давлатӣ” хонда, интиқод менамуданд.

Домулло Ҳикматуллоҳ ва ҷанги шаҳрвандӣ

Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ яке аз чеҳраҳои таъсиргузори минтақа ва кишвар буд. Чанде қабл бо Сайдулло Хайруллоев, собиқ раиси парлумони кишвар, ки дар солҳои 90-ум раиси ноҳияи Рашт буд, суҳбате доштам. Эшон дар мавриди нақши ин рӯҳонии маъруф дар минтақаи Рашт гуфтанд: “Ҳоҷӣ Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ (Худо биёмурзадаш) дар Раштонзамин чун як фақеҳи муътабар байни мардуми минтақа ва берун аз он нуфузи калон дошт. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мухолифони Ҳукумати конститутсионӣ аз манзалати эшон суистифода карда, аз номаш ин “фатво”- ро овоза мекунанд, ки: “Ҳар шахсе дар ҷанг ба муқобили аскарони ҳукуматӣ ҳалок гардад, шаҳиди роҳи ҳақ ҳисоб мешавад”.

Домулло Ҳикматуллоҳ, ки як фарди фозилу оқил ва башардӯст буд, ҳамеша, аз лаҳзае, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шурӯъ шуд, муқобили дар ду сангар бар зидди ҳам омадани тоҷикон баромад мекард, мегуфт, ки ин ҷанги беоқибат ва бародаркуш аст ва набояд ба ин роҳ дод. Аз ин суханони вай мухолифини Ҳукумати конститутсионӣ ба хашм омада, ба қасди ҷони ӯ хонаашро дар деҳаи Ҷафр муҳосира мекунанд. Вай аз марг наҳаросида, ба наздашон баромада мегӯяд, ки шумо фалон саҳифаи китоби муқаддасро боз кунед, фалон ҳадиси Паёмбаррро ﷺ бихонед ва маънии фалон ояи Қуръонро дарк кунед. Баъдан худаш ба онҳо ояҳои ишоратшударо хонда, мефаҳмонад, ки дар чунин ҷанг ҳеҷ кас шаҳид ҳисоб нахоҳад шуд. Баъд аз ин суханон бародараш Домулло Неъматулло бо киноя ба силоҳбадастон рӯ меорад: “Акнун баред, парронед ӯро!” Ҳама сокит аз дари ҳавлии ӯ қафо мегарданд. Фақат 3 нафар силоҳбадаст ба якдигар тир кушода, аз дасти ҳам кушта мешаванд.”.

Талафоти бузург

Коршиносони масоили дин нақши Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободиро дар маънавият ва суботи ҷомеаи Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд ва аз ӯ чун аз нафари хоксору фурӯтан ва дурандеш ёдоварӣ менамоянд: Мунаввари Сафар, рӯзноманигори тоҷик, ки масоили диниро пайгирӣ мекунад, мегӯяд: “Соли 1997 тавассути автобус ба сафари ҳаҷ рафтем. Зимни сафар бо яке аз шогирдони домулло Ҳикматулло, ки ҷавони хеле закиву муаддаб буд, шинос ва ҳамсуҳбат шудам. Чун суҳбат аз авлиё шуд, пурсидам, ки оё дар замони мо авлиё умр ба сар мебаранд? Ӯ бо боварии том гуфт, ки ман бо валӣ будани устодам Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ шаке надорам ва барои тақвияти суханаш чандин лаҳзаҳои хотироташро оид ба ҳаёти домулло нақл кард. Тӯли солҳо чандин бор ба зиёрати эшон мушарраф шудам ва дар баробари ҳашамату заковат ба фурутанию хоксории домулло қоил шудам.“

Абдуллоҳи Раҳнамо, донишманди тоҷик, Домулло Ҳикматуллоҳро яке аз муҳимтарин меҳварҳои исломи суннатӣ дар кишвар ва шахсияти сатҳу аҳамияти умумимиллӣ номид. “Бо рафтани ин рӯҳонии бузургвор бе гумон як қутби маънавии ҷомеа кам шуд, як ҷабҳаи истодагарии милливу мазҳабӣ рафт. Муҳити динӣ ва маънавии мо як ҳавзаи дигар холитар гашт, амнияти эътиқодии мардум як дараҷаи дигар осебпазиртар шуд. Будани эшон дар замони фитнаҳои фикрию динӣ яке аз рамзҳои суннату асолату устуворӣ буд. Барои мазҳаб, барои миллат ва ҳатто барои давлат.”

ОДИЛ НОЗИР (ПРЕССА ТЖ)

Васияти Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

9 васияти Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, ки чанде пеш аз марг ба яке аз шогирдонаш гуфтааст:

1. Пайваста бо таҳорат бошед. Таҳоратро ба таври комил бигиред:

2. Пойҳоро дар таҳорат пурра бишӯед;

3. Китоби Фарзи айн ва Чаҳоркитобро ба фарзандон биомӯзонед, онҳо муҳимтарин китобҳои ҳанафӣ мебошанд:

4. Сари луч, яьне бидуни тоқӣ ва амома намоз нахонед:

5. Дар хатми намоз се дуо намоед мутобиқи таьлимоти Имоми Аьзам:

6. Дар ҳангоми сафар намозҳои суннатиро ҳонед. Воиз ва мавлавиҳои салафӣ, аз ҷумла, хатмкардаҳои Покистону дигар марказҳои динии бемазҳабон аз мазҳаб ғофиланд. Фатвои онҳо моҳияти ҳанафӣ надоранд.

7. Тавассути интернет таьлими динӣ нагиред, Исломро назди уламои ҳанафӣ биомӯзед;

8. Кӯдаконро аз ҳурдсолӣ ба омӯзиши Ислом ташвиқ намоед, то дар ин айём бо намозхонӣ шурӯь намоянд.

9. Намоз болу пари мусалмон аст. Дар хурдсолӣ болу парҳои кӯдаконро қать накунед.

(ПРЕССА ТЖ)

2026-04-01 (Шаввали соли 1447) №4.


Ширкати муштзанҳои ҷавони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонӣ

Дар шаҳри Бангкоки Тайланд аз 8-уми март Ҷоми ҷаҳонии бокс (U-19) оғоз шуд, ки то 15-уми март идома мекунад. Тоҷикистонро дар мусобиқа 10 муштзани ҷавон (8 писар, 2 духтар) намояндагӣ мекунанд.   Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур Аъзамҷон Ҳасанов (50 кг), Аъзам Одилзода (55 кг),...


Бозигарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар клубҳои хориҷӣ

Дар равзанаи зимистонии соли 2026 якбора чанд футболбози тоҷик тасмим гирифтанд, ки фаъолияти худро дар клубҳои хориҷӣ идома диҳанд, аммо аксари онҳо дар Осиё бозӣ мекунанд.   Пурсарусадотарин трансфери ин мавсим гузаштани ҳамлавари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шериддин Бобоев ба дастаи...


Беҳтарин суханон дар васфи модар

Модар - сарчашмаи ҷӯшони ҳаётест, ки ҳастии моро аз файзи худ шодоб мегардонад.   Модар - сарчашмаи меҳру муҳаббат, шавкати беканор, нури ҳар як хонадон аст. Модар - туӣ он моҳи дурахшоне, ки бо нури меҳрборат шабҳои тираю торики моро равшан месозӣ. Модар - ту офтобӣ дар зиндагӣ, ки моро...


Шириние, ки шифо мебахшад

Набот яке аз шириниҳои маъруфи халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Он шакли булӯрӣ дошта, аз қиёми шакар омода мешавад. Набот на танҳо ҳамчун ширинии болаззат, балки як воситаи табобатӣ дар тиби мардумӣ аз қадим истифода мешавад. Набот танҳо ширинии одӣ нест, он хусусияти шифобахшӣ...


Русия назорати муҳоҷиронро сахттар мекунад

Ҳукумати Русия ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард, ки асосҳо барои рад кардани иҷозатномаи кор ё патент барои муҳоҷирон бештар карда шаванд. Лоиҳаи қонун, ки дар сомонаи Думаи давлатӣ нашр шудааст, пешниҳод мекунад, ки мақомоти андоз ба таври худкор (автоматӣ) маълумот дар бораи даромади шаҳрвандони...