Ҳаёт ва фаъолияти имом Тирмизи ва осори у

Ҳаёт ва фаъолияти имом Тирмизи ва осори у

Зимни сафар ба кишварҳои хориҷӣ Имом Тирмизӣ ҳадисро ҷамъ оварда, бо таълифи китобҳо машғул шудааст. Баъд аз бозгашт аз сафар, бо олимону фузало дар мунозираҳои илмӣ ширкат меварзад, ба шогирдони зиёде устодӣ мекунад. Хусусан, бо муҳаддиси шинохта Имом Бухорӣ мубоҳисаҳои зиёди илмӣ анҷом дода, аз ӯ истифода мебарад. Дар ин бора Имом Тирмизӣ дар китоби худ таҳти унвони «Ал-Илал» низ маълумот додааст. Теъдоди зиёди таснифот, аз ҷумла, асари машҳури Тирмизӣ «Ал-Ҷомеъ» низ пас аз бозгашт ба ватан таълиф ёфтаанд. Имом Тирмизӣ соли 892 дар наздикии Тирмиз, деҳаи Буғ вафот карда ва дар ҳамон ҷо дафн шудааст.

 

Осори Тирмизӣ

Имом Тирмизӣ дар тӯли фаъолияти эҷодии хеш як қатор асарҳои динӣ навиштааст, ки теъдоди онҳо зиёда аз даҳ ададро ташкил медиҳанд. Дар байни мероси адабии ӯ, бешубҳа, асари «Ал-Ҷомеъ» аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Ин асар бо номҳои «Ал-Ҷомеъ ас-саҳеҳ» («Маҷмӯаи муътамад»), «Ал-Ҷомеъ ал-кабир» («Маҷмӯаи бузург»), «Саҳеҳ ат-Тирмизӣ», «Сунан ат-Тирмизӣ» («Суннатҳои ат-Тирмизӣ») мавриди истифода қарор гирифта мешавад.

Асари дигари калонҳаҷми муаллиф «Аш-шамоил ан-Набавия» («Фазилатҳои махсуси Пайғамбар ﷺ») ном дорад, ки дар баъзе сарчашмаҳо «Аш-шамоил ал-Муҳаммадия», «Аш-шамоил фи шамоил ан-Набӣ ﷺ» низ номида мешавад. Ҳамчунин, асарҳои «Китоб ат-таърих», «Китоб ал-илал ас-сағир ва ал-илал ал-кабир», «Китоб уз-зуҳд» («Китоб дар бораи тақво»), «Китоб ал-асмо вал-куняҳ» («Китоб дар бораи ном ва лақабҳои ровиён»), «Ал-илал фил-ҳадис» («Дар бораи нуқсонҳо ва мушкилот дар аҳодис»), «Рисола фил-хилоф вал-ҷадал» («Рисола дар бораи ихтилоф ва мубоҳисаҳо дар аҳодис»), «Асмо ус-саҳоба» («Номҳои саҳобагони Пайғамбар ﷺ») низ ба қалами Имом Тирмизӣ тааллуқ доранд.

Аз байни осоре, ки аз ҷониби Имом Тирмизӣ офарида шудаанд, «Ал-Ҷомеъ ас-саҳеҳ» («Маҷмӯаи муътамад») нақши калидӣ дорад. Ин асар, тавре дар боло ишора рафт, бо номҳое чун «Ал-Ҷомеъ ал-кабир» («Маҷмӯаи бузург»), «Саҳеҳ-ат-Тирмизӣ», «Сунан-ат-Тирмизӣ» («Суннатҳои ат-Тирмизӣ») ҳам машҳур аст. Аллома ибни ҳаҷари Асқалонӣ менависад, ки Тирмизӣ ин асарро соли 270 ҳиҷрӣ (884 мелодӣ), яъне пас аз андӯхтани таҷрибаи зиёд дар ҷодаи илму маърифат, баъди ноил шудан ба дараҷаи имоматӣ навишта ба итмом мерасонад.

Дастнависҳои асари мазкур дар як қатор шаҳрҳои мамолики хориҷӣ маҳфуз аст. Ба сифати маъхази муътамади динӣ «Ал-Ҷомеъ-ас-саҳеҳ» чандин маротиба ба нашр расидааст. Барои мисол, соли 1283ҳ (1866м) дар Митоҳ, соли 1292ҳ (1875м) дар шаҳри Қоҳира, ҳамчунин, соли 1980 дар Байрут «Ал-Ҷомеъ ас-саҳеҳ» интишор мегардад. Ба ин асари ҳаётан муҳими Тирмизӣ шарҳҳои зиёде низ навишта шудааст, ки яке аз он шарҳҳо аз имом Абу Бакр Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ал-Ашбилӣ (вафоташ соли 543 ҳиҷрӣ, 1148 мелодӣ) мебошад. Ин шореҳ бо номи ибни ал-Арабӣ дар байни ҷомеа маҳбубият касб кардааст. Ӯ дар асари худ бо номи «Оризат-ал-Аҳвазӣ ала китоб ат-Тирмизӣ», ки аз 13 ҷузъ (қисм) иборат аст, китоби «Ал-Ҷомеъ ас-саҳеҳ»-и Тирмизиро шарҳ намудааст.

Ба ғайр аз инҳо, шарҳҳои форсии «Шарҳ Сунан ат-Тирмизӣ»-и Муҳаммад ибни Абдуқодир Абдут-Таййиб ал-Маданӣ, «Таҳқиқ ва шарҳ Ҷомеъ ат-Тирмизӣ»-и Аҳмад Муҳаммад Шокир (аз даҳ ду қисмаш соли 1937 аз тарафи Мустафо ал-Бобӣ ал-ҳалабӣ нашр шудааст), «Маорифус-сунан шарҳ сунан ат-Тирмизӣ»-и Муҳаммад Юсуф ал-Баннурӣ (қисми аввали он соли 1963 дар Покистон ба табъ расидааст), «Шарҳ Сунан ат-Тирмизӣ»- Сироҷ Аҳмад ас-Сарҳандӣ, ҳамзамон, «Ал-кавкаб ад-дурий ала ат-Тирмизӣ»-и Рашиб Аҳмад ал-Гангуҳӣ (ҷойи интишор ҳиндустон), «Ал-Урф аш-шазий ала Ҷомеъ ат-Тирмизӣ»-и Муҳаммад Анваршоҳ ал-Кашмирӣ (ин асар аз ду ҷузъ иборат аст ва дар ҳиндустон ба нашр расидааст) ва дар охир «ҳошия ала сунан ат-Тирмизӣ»-и Абул-ҳасан Муҳаммад ибни Абдулҳодӣ ас-Синдӣ (соли фавт 1138) аз ҷумлаи шарҳое мебошанд, ки бевосита ба асари «Ал-Ҷомеъ ас-саҳеҳ»-и имом ат-Тирмизӣ бахшида шудаанд.

Асарҳои Абу Исо ат-Тирмизӣ имрӯз низ арзиши гаронбаҳои худро гум накардаанд. Аҳодиси шариф, ки дар осори ӯ, амсоли “Ал-Ҷомеъ ас-саҳеҳ” ва “Аш-шамоил ан-Набавия” оварда шудаанд, аҳамияти калони тарбиявӣ дошта, одамонро ба ҳалолкорӣ, одилӣ, имондориву эътиқотмандӣ, покизагӣ, меҳнатдӯстӣ, раҳмдилӣ, ҳурмату эҳтироми волидон, занону бонувон ва ғайра водор мекунанд.

Ба туфайли таҳқиқу омӯзиши ҳамаҷонибаи зиндагии шахсӣ ва эҷодиёти сермаҳсули муҳаддиси машҳур Абу Исо Тирмизӣ гувоҳи он мешавем, ки бештари фазилатҳои ибратомӯзи ниёгони бузургворамон барои насли имрӯз ҳамчун намуна аст. Пеш аз ҳама, сазовори таҳсин аст, ки Тирмизӣ аз ҷавонӣ илму донишро бениҳоят дӯст медошт, шавқу завқи зиёд ҷиҳати азхудкунии илмҳо, дар ин росто ба тамоми мушкилӣ тоб оварда, ҷидду ҷаҳд барои расидан ба мақсад, яъне баланд бардоштани заковати хеш буд, ки ӯро то ба ин зинаи камолоти маърифату маънавиёт раҳнамун шуд.

Чунон ки дар манобеи хаттӣ зикр мешавад, илми ҳадисшиносӣ аз нимаи дувуми қарни ҳашт то миёнаҳои асри ёздаҳ ба дараҷаи яке аз машғулиятҳои асосӣ ва зарурӣ табдил ёфта буд. Дар ин давра аз мамолики гуногуни Шарқ зиёда аз чорсад муаллиф бо маҳз ҳамин илм (ҳадисшиносӣ) шуғл меварзиданд.

Ҷойи таъкид аст осори пурбаҳои Имом Тирмизӣ дар тарбияи ахлоқии ҷоме нақши бориз мегузоранд. Осори Имом Тирмизӣ танҳо маҷмӯи илмҳои диниро дарбар нагирифтааст, балки онҳо роҷеъ ба илмҳои дунявӣ маълумотҳои зиёде медиҳанд. Масалан, дар шоҳасари ӯ “ал-Ҷомеъ” оид ба таърих, мантиқ, ҳуқуқшиносӣ, табобат, зироат ва ғайра маълумотҳои пурарзиш дарҷ ёфтааст. Аз ин нигоҳ омӯзиши амиқ ва ҳаматарафаи зиндагии шахсӣ ва мероси ғании маънавии гузаштагони бузургонамон ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам аз назари амалӣ аҳамияти бузург дорад.

 

(«Ҳомидов Абдулвоҳид-мутахассиси Раёсати фатво»)

2026-06-01 (Зулҳиҷаи соли 1447) №6.


Варзиши тоҷик дар як ҳафта. Аз медалҳои тилло то ғалабаҳои байналмилалӣ

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2026 ба анҷом расид. Дар мусобиқаи мазкур 240 ҷудокори 34 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.   Тоҷикистонро 40 ҷудокор муаррифӣ карда, ба гирифтани 4 медал ноил шуданд. Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) ва Сомон Маҳмадбеков...


Чанд тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шуданд?

Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев дар суҳбат бо хабаргузории ТАСС гуфтааст, ки соли гузашта зиёда аз 78 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Ин омор назар ба соли 2024 зиёдтар будааст ва дар он сол 42,5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамзамон шаҳрванди Русия шудаанд. Тасдиқи...


Рисолати модар дар тарбияи фарзанд

Офаридгори замину осмонро шукргузорӣ мекунем, ки моро ба тобистони нав расонид. Худо кунад, ки ин тобистон барои ҳар яки мо фасли пурбаракат ва файзбор бошад.   Модар барои ҳар кас маҳбубтарин шахс аст. Дар ҳадис гуфта мешавад «Ҷаннат, ки умеди мо дар он аст, дар зери қудуми модарон...


Дар бораи хулқи нек (некухулқӣ)

Хулқи нек беҳтарин хислати инсон аст. Ҳамин хислат аст, ки қадри воқеии одамиро нишон медиҳад.   Худои таоло ба Паёмбари Худ ﷺ хислатҳои махсус дода буд, аммо аз ҳама бештар хулқи ӯро ситоиш кардааст. Дар Қуръон мефармояд: «Ба дурустӣ, ту ба хулқи бузург оростаӣ» (сураи...


Интиқоли маблағ тариқи ҳамёнҳои электронӣ зери назорат гирифта мешавад

Дар Тоҷикистон интиқоли маблағ тариқи ҳамёнҳои электронӣ зери назорат гирифта мешавад. Дар сурати исбот шудани хусусияти тиҷоратӣ доштани интиқолҳо тариқи ҳамёни электронӣ аз маблағи мазкур андоз супурдан лозим меояд. Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон ҳанӯз...