Ҳаёт ва эҷодиёти Сўфӣ Аллоҳёр

Ҳаёт ва эҷодиёти Сўфӣ Аллоҳёр

Ҳаёт ва эҷодиёти Сўфӣ Аллоҳёр

Сўфӣ Аллоҳёр дар нимаи дуюми асри 17 ва аввали асри 18 дар хонии Бухоро умр ба сар бурда, ҳамчун олими фақеҳ ва шоири мутасаввифи зуллисонайн (яъне тоҷикӣ ва ўзбекӣ) дар тарғибу ташвиқи дини мубини Ислом ва ахлоқӣ ҳамидаи муҳаммадӣ дар таърихи мардуми Осиёи Миёна нақши босазое гузоштааст.

 

Дар бораи соли таваллуди Сўфӣ Аллоҳёр афкори мухталиф мавҷуд аст. Ў тахминан дар байни солҳои 1630 -1650 ва мувофиқи таҳқиқоти охирин соли 1663 дар деҳаи Минглари Каттақурғон ба дунё омадааст. Бобои Сўфӣ Аллоҳёр Темурёр ва падараш Аллоҳқулӣ ашхоси дар илми замони худ пешқадам, соҳиби обрў ва парҳезгор буданд.

 

Илм

Сўфӣ Аллоҳёр дар панҷсолагӣ савод бароварда, дар синни шашсолагӣ қуръонро хатм мекунад. Маълумоти ибтидоиро дар деҳаи Шайхлар гирифта, сипас дар синни дувоздаҳсолагӣ ба Бухорои шариф меравад ва дар мадрасаи ҷўйбор таҳсилро идома медиҳад. Дар омўзиши илми фиқҳ Хоҷа Мўъмин ва Мавлавӣ ғазолӣ ба ў устозӣ мекунанд. Дар синни бисту панҷсолагӣ Сўфӣ Аллоҳёр ба мансаби сардори муҳтасибони Бухоро мушарраф мегардад. Ў дар ин вазифа фидокорона ва ҳалол заҳмат кашида, дар пур кардани хазинаи хонӣ ҳиссаи муносиб мегузорад ва сазовори таҳсину эҳтироми хон мегардад. Вале баъд аз муддате фисқу фасоди аҳли мансаби хонии Бухоро ва аҳволи фуқарои одиро дида, аз вазифаи худ даст мекашад ва роҳи зуҳду тақворо пеш мегирад.

 

Аҳли сулук

Ниҳоят бо инояти Худованд дидаи басираташ кушода мешавад ва даст аз ин дунёи фонӣ кашида ба аҳли сулук мепайвандад. Сўфӣ Аллоҳёрро пири муршидаш Хоҷа Наврўз ба тариқаи нақшбандӣ ҳидоят карда, асрори тасаввуф ва роҳу равиши онро таълим медиҳад. Сипас ў ба шайхи машҳури нақшбандӣ Ҳабибуллоҳи Бухорӣ дасти инобат дода, ба ў дувоздаҳ сол хидмати муридӣ мекунад ва худ низ ба дараҷаи шайхӣ мерасад. Барои ба мардум фаҳмонидани таълимоти шариат ва тасаввуф Сўфӣ Аллоҳёр ба мавзеъҳои гуногуни Тоҷикистон (Панҷакенту қубодиён, навоҳии Водии ҳисору Рашт) ва Ўзбекистон ((Ургуту Шаҳрисабз, ғузору Деҳқонобод, Бойсуну Шеробод, Деҳнав ва ғайра) сафар карда, дар ин маконҳо зиндагӣ мекунад ва ба толибони илму ирфон аҳкоми шариату тариқатро таълим медиҳад.

 

Вафот

Сўфӣ Аллоҳёр солҳои охири ҳаёти худро (1710 - 1721) дар яке аз деҳаҳои Деҳнави Сурхондарё – Катта Вахшивор мегузаронад. Ў ин деҳаро обод намуда, аз қаробулоқ ном чашма ба деҳа ҷўй кашида об меоварад ва соли 1713 бо роҳи ҳашар масҷид бунёд мекунад, ки то ҳол ба мардум хидмат карда истодааст. Сўфӣ Аллоҳёр соли 1721 дар деҳаи Катта Вахшивор вафот мекунад ва дар ҳамон ҷо дафн карда мешавад.

 

Эҷодиёт

Осори Сўфӣ Аллоҳёр ба се забон навишта шудааст: «Маслакул-муттақин» ва «Муродул-орифин» ба забони форсии тоҷикӣ, «Суботул-оҷизин» ба забони ўзбекӣ ва «Махзанул-мутеъин» ба забони арабӣ. Аммо бузургтарин ва пурмуҳтавотарин асари Сўфӣ Аллоҳёр «Маслакул-муттақин» (Роҳи парҳезгорон) аст, ки дар байни хоссу ом бо номи «Маслак» машҳур аст. Ин китоб дар мадрасаҳои Осиёи Миёна, Афғонистон ва ҳиндустон ҳамчун маводи дарсӣ истифода мешавад. «Маслакул-муттақин» манзумаи фиқҳии ирфонӣ дар мазҳаби ҳанафӣ буда, аз 12000 байт иборат аст ва зиёда аз 135 мавзўъро дар бар мегирад. Сўфӣ Аллоҳёр асари худро бо 60 байт дар ҳамду санои Худованд оғоз карда, 15 байтро дар наъти Расули акрам ﷺ мебахшад. Дар бораи ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат, мақомоти авлиё ва каромоти онҳо сухан мегўяд. Баъд дар бораи норасоиҳои худ сухан гуфта, ба фарзандаш насиҳат мекунад ва аз давру замони худ, ки фисқу фуҷур ва беҳаёӣ ривоҷ ёфта, хамру зинову рибо ҳамаро фаро гирифта буд, шикоят намуда, китоби «Таҳорат»-ро оғоз мекунад. Масоили зарурӣ оид ба таҳорату намоз ва закоту рўзаро бо як зеҳни закӣ ва биниши амиқ бо овардани иқтибосҳо аз китобҳои машҳури зиёда аз сад нафар уламои ҳанафӣ дар асари худ ҷой медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар баробари риояи меъёрҳои ахлоқӣ, одоб ва муомилоти исломиро, ки дар зиндагии рўзмарраи мардуми мусулмон зарур аст, дар алоқамандӣ бо талаботи маслаки нақшбандӣ баён мекунад. Аз ин лиҳоз, бобҳои «Муноҷот», «Аз норасоиҳои мусанниф», «Насиҳат ба фарзанд», «Китоби забоеҳ», «Китоби сайд» ва «Баёни масоили мутафарриқа» хеле ҷолибанд. Китоби «Маслакул-муттақин» бо як забони сода ва ба мардуми одӣ фаҳмо бо забони форсии роиҷи асрҳои 17-18 навишта шудааст.

 

Ҳомидов Абдулвоҳид мутахассиси Раёсати фатво, омузгори калони ДИТ

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Санбӯсаҳои зудпази картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 100 грамм панири тарошида, 700–800 грамм картошка, як бандча кабудӣ, 1 дона пиёз.   Барои хамир: 2 дона тухм, 2 истакон орд, 1 қошуқча намак, 1 истакон кефир. Тарзи таҳия: Картошкаро тоза карда, дар об пазед ва аз он картошкаи кӯфта тайёр кунед. Пиёзро майда реза...


Муҳоҷирон ба Русия бештар даромад оварданд

Дар ним сол аз ҳисоби муҳоҷирон ба буҷети Русия 321 миллиард рубл ворид шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 30% зиёд мебошад.   Ин нуктаро Андрей Кикот, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия дар вохӯрӣ бо Владимир Путин, президенти Русия зикр кард. Ба гуфтаи ӯ, аз ин маблағ, зиёда аз 60...


Чипсҳои картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 1-2 дона картошка, 2 қошуқ равғани зайтун, намак ва паприка мувофиқи табъ.   Тарзи таҳия: Картошкаро то ҳадди имкон тунук реза кунед. Барои ин метавонед аз пӯстканак ё комбайн истифода баред. Табақи тафдони хурдмавҷро бо коғази пухтупазӣ пӯшонда, каме равғани зайтун молед....


Беш аз 23,6 миллион рубл музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

Дар ҳафт моҳи соли 2026 дар натиҷаи фаъолияти Намояндагӣ оид ба масъалаҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ба муҳоҷирони тоҷик 23 миллиону 655 ҳазору 452 рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашуда баргардонида шудааст. Ин маблағ...


Талаби илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст

Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд:   «Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд...