Тафсири нахустини Тирмизӣ пайдо шуд

Тафсири нахустини Тирмизӣ пайдо шуд

Тафсири нахустини Тирмизӣ пайдо шуд

“Баҳр-ат-тафсир” (ё “Уммони тафсир”) яке аз асарҳои муҳими Имом Тирмизӣ дар шарҳи Қуръон, ки солҳо муҳаққиқон гумшуда мепиндоштанд, пайдо шуд. Ин асар, ба қавли пажуҳишгарон, нахустин шарҳи Мусҳафи Шариф дар Мовароуннаҳр аст.

 

Фарзанди бузурги миллати тоҷик Абуисо Муҳаммад Тирмизӣ яке аз 6 муҳаддиси муътабари суннӣ аст. Соли 824 дар деҳаи Буғ (ҳоло Шеробод)-и тобеи шаҳри Тирмиз ба дунё омадааст. То синни 26-солагӣ ба омӯзиши улуми динӣ, аз ҷумла назди Имом Бухорӣ (810-870), машғул буд. Минбаъд бо мақсади идомаи таҳсил дар талаби илм ба гӯшаҳои гуногуни Хилофати Араб сафар карда, доираи дониши хешро васеъ гардонид. Дар аснои сафар бо бисёр донишмандони маъруфи замона шиносоӣ пайдо кард. Ҳадисҳои наве ҷамъ овард, ки дар маҷмӯаҳои то он замон мураттабгардида дучор намеомаданд. Дар охири умр нобино шуд, аз ин рӯ, гоҳе бо лақаби «Зарир» низ ёд мешавад. Мазори Имом Тирмизӣ дар деҳаи Шерободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон маъруф ва машҳур аст.

Имом Тирмизӣ дар тӯли зиндагии хеш зиёда аз даҳ асари муҳим навиштааст. Дар байни мероси адабии ӯ, бешубҳа, асари «Ал-Ҷомеъ» аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ин асар бо номҳои «Ал-Ҷомеъ ас-саҳеҳ» («Маҷмӯаи муътамад»), «Ал-Ҷомеъ ал-кабир» («Маҷмӯаи бузург»), «Саҳеҳ ат-Тирмизӣ», «Сунан ат-Тирмизӣ» («Суннатҳои ат-Тирмизӣ») мавриди истифода қарор гирифта мешавад.

Асари дигари калонҳаҷми муаллиф «Аш-шамоил ан-Набавия» («Фазилатҳои махсуси Пайғамбар ﷺ») ном дорад, ки дар баъзе сарчашмаҳо «Аш-шамоил ал-Муҳаммадия», «Аш-шамоил фи шамоил ан-Набӣ саллаллоҳу алайҳи ва саллам» низ номида мешавад. Ҳамчунин, асарҳои «Китоб ат-таърих», «Китоб ал-илал ас-сағир ва ал-илал ал-кабир», «Китоб уз-зуҳд» («Китоб дар бораи тақво»), «Китоб ал-асмо вал-куняҳ» («Китоб дар бораи ном ва лақабҳои ровиён»), «Ал-илал фил-ҳадис» («Дар бораи нуқсонҳо ва мушкилот дар аҳодис»), «Рисола фил-хилоф вал-ҷадал» («Рисола дар бораи ихтилоф ва мубоҳисаҳо дар аҳодис»), «Асмо ус-саҳоба» («Номҳои саҳобагони Пайғамбар ﷺ») низ ба қалами Имом Тирмизӣ тааллуқ доранд.

Ҷойи таъкид аст, ки осори Имом Тирмизӣ танҳо маҷмӯи илмҳои диниро дар бар нагирифтааст, балки дар асарҳояш роҷеъ ба илмҳои дунявӣ маълумоти фаровон медиҳад. Масалан, дар шоҳасари ӯ “Ал-Ҷомеъ” оид ба таърих, мантиқ, ҳуқуқшиносӣ, табобат, зироат ва ғайра маълумотҳои пурарзиш дарҷ ёфтааст. Ҳамчунин, аллома “Наврӯзнома” ном асари шоҳкор дорад, ки дар бораи ҷашни Наврӯз маълумоти фаровон медиҳад.

«Баҳр-ат-тафсир» («Уммони тафсир») низ яке аз шоҳасарҳои Имом Тирмизӣ аст. Бино ба навиштаи муҳаққиқон, ин тафсир нахустин шарҳи Қуръони маҷид дар Мовароуннаҳр мебошад. Китоби мазкур солиёни зиёд гумшуда пиндошта мешуд. Вале дар ин авохир Ҷӯрабек Чӯтматов, ходими калони илмии Маркази байналмилалии пажуҳишгоҳи Имом Тирмизӣ, доктори илмҳои фалсафа дастнависи ин асарро дар Бурдури Туркия пайдо карда, ба чоп омода кардааст. Асар дар нашриёти «Дор ал-кутуб-арабия»-и Истанбул ба забони арабӣ ба табъ расидааст. Асар ба забони ӯзбекӣ низ нашр шудааст.

Шарқшиносон ва исломшиносон пайдо шудани ин асарро бозёфти муҳим арзёбӣ мекунанд. Умед аст, ки аҳли илми тоҷик низ ба ин асар таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд…

 

О. Соҳибзода

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...