Панду андарзҳои Фирдавсӣ

Панду андарзҳои Фирдавсӣ

Байтҳои панду ахлоқӣ аз устод Абулқосим Фирдавсӣ

 

Агар ду бародар ниҳад пушт- пушт,

Тани кӯҳро хок молад ба мушт.

Бузургӣ саросар ба гуфтор нест,

Дусад гуфта чун ними кирдор нест.

 

Чу некӣ кунад кас, ту подош кун

В-агар бад кунад, низ пархош кун.

 

Ба ранҷ-андар аст, ай хирадманд, ганҷ,

Наёбад касе ганҷ, нобурда ранҷ.

 

Ҷавонмардию ростӣ пеша кун,

Ҳама некуӣ андар андеша кун.

 

Бибахшу бихур, то тавонӣ, дирам,

Ки ҷуз ин дигар ҷумла дард асту ғам.

 

Ба ҳар кор – дар пеша кун ростӣ,

Чу хоҳӣ, ки нагзоядат костӣ.

 

Макун дӯстӣ бо дурӯғозмой,

Ҳамон низ бо марди нопокрой.

 

Зи гетӣ ду чиз аст ҷовиду бас,

Дигар ҳар чӣ бошад, намонад ба кас.

Сухан гуфтани нағзу кирдори нек

Бимонад чунон, то ҷаҳон аст, рек[1].

 

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем.

 

Ба гетӣ намонад ба ҷуз номи нек,

Ҳар он кас, ки хоҳад саранҷоми нек.

 

Касе, к-ӯ ҷаҳонро бувад хостор,

Варо дониш ояд, на гавҳар ба кор.

Ҳунармандро шоду наздик дор,

Ҷаҳон бар бадандеш торик дор,

 

Чу дӣ[2] рафту фардо наёяд ба пеш,

Мадеҳ хира бар бод авқоти[3] хеш.

 

Хирадмандию пешбинӣ кунӣ,

Тавоноию покдинӣ кунӣ.

 

Мар онро, ки дониш бувад, тӯша бурд,

Бимирад танаш, ном ҳаргиз намурд.

 

Ҳама сар ба сар дасти некӣ баред,

Ҷаҳони ҷаҳонро ба бад маспаред.

 

Бимонад дуто ҷовидон як гуҳар,

Ҳунармандию донишу додгар.

 

Набошад касе дар ҷаҳон пойдор,

Ҳама номи некӯ бувад ёдгор.

Ба нопокзода мадоред умед,

Ки зангӣ нагардад ба шустан сапед.

 

Зи бадасл чашми беҳӣ доштан

Бувад хок дар дида анбоштан.

 

Падар чун ба фарзанд монад ҷаҳон,

Кунад ошкоро бар ӯ-бар ниҳон.

 

Гар ӯ бифканад фарру номи падар,

Ту бегона хонаш, махонаш писар.

 

Ту чандон ки бошӣ, сухангӯй бош,

Хирадманд бошу ҷаҳонҷӯй бош.

 

Нигар, то чӣ корӣ, ҳамон бидравӣ,

Сухан ҳар чӣ гӯӣ, ҳамон бишнавӣ.

Хирад мояи ҷовидонӣ бувад,

Хирад пояи зиндагонӣ бувад.

Мабошед густох бо ин ҷаҳон,

Ки ӯ тирагӣ дорад андар ниҳон.

 

Ҷаҳон ёдгор асту мо рафтанӣ,

Ба мардум намонад ба ҷуз мурданӣ.

 

Ба анбарфурӯшон агар бигзарӣ,

Шавад ҷомаи ту ҳама анбарӣ.

 

В-агар бигзарӣ сӯи ангиштгар,

Аз ӯ ҷуз сиёҳӣ набинӣ асар.

 

Хирадманд бошу беозор бош,

Ҳамеша забонро нигаҳдор бош.

 

Ниёгони мо номдорон буданд,

Ба даҳр-андарун тоҷдорон буданд.

Набардоштанд аз касе саркашӣ

Ба тезию тундию бедонишӣ.

 

Маёзор мӯре, ки донакаш аст,

Ки ҷон дораду ҷони ширин х(в)аш аст.

 

Чу паймони озодагон бишканӣ,

Нишони бузургӣ ба хок афганӣ.

 

Надонӣ, ки мардони паймоншикан

Ситуда набошанд дар анҷуман.

 

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,

Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.

 

Набошад ҳаме неку бад пойдор,

Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.

 

(«Адабиёти тоҷик»)

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...