Рӯзгори Муҳаммад Авфии Бухороӣ

Рӯзгори Муҳаммад Авфии Бухороӣ

Муҳаммад Авфии Бухороӣ яке аз нависандагон ва адабиётшиносони номдори тоҷику форс мебошад. Авфӣ соли II72 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Гузаштагони нависанда аз аҳли уламои замони худ буданд. Аз ин хотир Авфӣ дар Бухоро бо мададу дастгирии волидайн ва кӯмаки ҷадди донишмандаш Шарафудҷини Абӯтоҳир илмҳои маълуми замонашро дар мадрасаҳои Бухоро, назди орифону фозилони маъруф омӯхт ва ҳифз намуд. Пас аз ин барои такмили дониш, ошноӣ пайдо кардан бо шоирон, ахди илм, машоихи дини мубини Ислом ба сафар баромад. Ӯ шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон, Самарқанд, Хоразм, Марв, Нишопур, Ҳирот, Исфизор, Исфароин (Исфара), Систон, Фараҳ, Ғазнин, Лохур, Дехдӣ ва дигар шаҳрҳову вилоятро дид, аз бузургони илму фарҳанг донишашро такмил дод ва барои кори ояндаи хеш мавод ҷамъ намуд. Пас аз бозгашт ба Самарқанд назди тағояш Шарафуззамон, ки яке аз надимони султони Салчуқи Қилич Тамгочхон буд, омад ва ба воситаи ӯ ба хизмати писари Қилич Арслон - Нусратиддин Усмон камар бает. Дар он рӯзгор шоҳзодаро султон валиахди хеш эълон карда буд. Ба ҳамин хотир шоҳзода нисбати бародарони дигар мукаррамтар буд.

 

Муҳаммади Авфӣ маҳздарҳамин давраи ҳаёташ ба иншои тазкираи «Лубоб-ул-албоб» оғоз кард. Маҳсули сафарҳояшро, ки бо аҳли қалам вохӯрда, сӯҳбатҳо дошт, ба қалам дод. Чанд сол бо ҳамин минвол дар болои асар кор мекарду хизмати шоҳзодаро низ ба ҷо меовард. Чанд сол мегузарад, вале бо сабабҳои номаълум валиахдро тарк мекунад ва боз барои ҷамъ намудани мавод ва сӯҳбат бо адибон ба саёҳати шаҳру вилоёти Мовароуннаҳру Хуросон мебарояд. Авфӣ дар ин сафарҳояш ба Шаҳринав омада мехоҳад, ки ба ҳузури Насруддиншоҳи Кабудҷома шарафёб гардад, аммо мулозимон ба Авфӣ роҳ намедиҳанд. Баъд Авфӣ рубоии зерро навишта ба дасти муқаррабони подшоҳ медиҳад ва илтимос мекунад, ки онро ба подшоҳ расонанд:

Эй шоҳ, ба базл баҳру кони дигарӣ,

Дар қолаби мулку адл ҷони дигарӣ.

3-он рӯй Кабудҷома мехонандат,

К-аз рифъату кадр осмони дигарӣ.

 

Ба подшоҳ рубоӣ писанд афтод ва ба мулозимонаш фармуд:

-Равед ва аз ӯ пурсед, ки аз нигоштани ин абёт чӣ мурод дорад?

Омаданд ва сухани подшоҳро ба Авфӣ расониданд. Шоир ба мулозимон ҳарфе назад ва боз хома ба даст гирифту байги зерро эҷод кард ва баъд онро ба мулозимон дод, то онро ба шоҳ бирасонанд:

Ҳарчанд, ки бар бисоти шатранҷи ҳунар,

Имрӯз, шаҳам, пиёда мебояд рафт.

 

Подшоҳ байтро хонд ва ба истеъдоди шоир офарин хонд. Аспи хубе бо сару абзол ороста, наздаш оварданд. Муҳаммади Авфӣ сару либоси шоҳона пӯшид ва болои маркаб савор шуд ва роҳи хешро идома дод.

Шоир боз ба Бухоро омад, аммо дар ҳамин айём Чингизи хунхор азми Бухоро кард. Аз тарси ҷон Мухаммади Авфӣ ҳам дар қатори садҳо мардум ва аҳли уламою удабо роҳи гурбатро пеш гирифт, ба Ҳиндустон рафт ва дар дарбори ҳокими Синд Носируддини Кубоча (1206-1228) ба хизмат пардохт.Ӯ дар ин ҷо низ ҳамчун надим, ки забони хушу гуфтори ширин дошт, диққати аҳли дарборро бештар ба худ ҷалб намуд. Авфӣ маҳз дар ҳамин ҷо маводи ҷамънамудаашро ба тартиб овард ва иншои тазкираи «Лубоб-ул-албоб»-ро соли 1222 ба анҷом расонид ва онро ба вазири соқибмаърифат Фахриддин Ҳусайн Ибни Шарафулмулк бахшид. Рафта-рафта мақому манзалаташ дар дарбор зиёд гардида, ҳаёти оилавиаш низ рӯ ба беҳй овард. Муҳаммади Авфӣ имконият пайдо кард, то ба нигоштани «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт» огоз намояд. Он чи дар ҷамъомаду сӯҳбатҳо мегуфт, акнун он қиссаву ҳикоёту нақлу ривоётро ба риштаи таҳрир меовард. Пас аз Синд Авфиро ба Деҳлӣ даъват намуданд. Ӯ дар ин ҷо хам яке аз надимони хоссаи султон Шамсиддини Илтутмиш қарор гирифт. Ӯ дар ҳамин ҷо асари насрии худ «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-ро соли 1232 ба анҷом расонид.

 

Мероси илми ва адабии Авфи

Муҳаммади Авфии Бухороӣ пас аз худ ба наслҳои оянда осори илмию бадеии пурарзише боқӣ гузоштааст. Асари «Лубоб-ул-албоб» илмист. Дувумин асари нависанда « Ҷомеъ- ул-ҳикоёт» маҳсуб меёбад ва онро метавон маҷмӯи осори нависанда донист. Ва ниҳоят, асари сеюми адиб «Ал-фараҷ баъд аш-шидҷа» мебошад. Ин асарро қозӣ Абуалӣ Муҳассини Танухй (940-941) ба забони арабй иншо карда буд ва онро Муҳаммади Авфӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума намуд. Ин китоб аз ҳикоёту ривоёт ва ҳодисоту воқеъоти таърихӣ саршор аст ва Авфӣ ҳангоми тарҷума эҷодкорона рафтор намуда, ба ҳикоёту ривоёти он либоси миллӣ пӯшондааст.

«Лубоб-ул-албоб» Ҳамон зайле, ки дар боло ёд кардем, «Лубоб-ул-албоб» тазкира буда, ҷанбаи адабиётшиносй дорад. Нависанда дар баробари аз эҷодиёти адибон овардани намунаҳо дар қисматҳои аввали асар дар бораи хусусиятҳои асарҳои назмию насрй маълумоти назариявй додааст ва фикрашро бо овардани намунаҳо аз эҷодиёти адибон қувват бахшидааст. Дигар ин ки мувофиқи фаҳмишу дониши худ ба асарҳои адибон баҳо медиҳад.

«Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» Ин асар аз маҷмуи осори баргузидаи Авфии Бухороист. Дар он ҷо шеърхои адиб мувофиқи мазмуни ҳикоёт ё ривоёт дода шудаанд. Маводи ин асари бузург дар тӯли солҳои зиёд (аз соли 1210 то 1233) гирд оварда туда, пасон эҷод гардидааст. «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» на танҳо як асари адабист, балки дар дохили он ҳикоёту ривоёти таърихӣ дойр ба хулафои араб, сулолаҳои Тоҳириён, Саффориён, Сомониён ва Салчуқиён, султонҳои Ҳинд, Ғазнавиён оварда шудаанд. Дар онҳо бо тарзи бадеӣ ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии ин хонадонро дар зимни шахсиятҳои таърихӣ - шоҳон, ҳокимон, волиён, хулафои ислом ва ғайра ба қалам дода шудаанд.

«Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» аз чаҳор қисм иборат аст ва ин қисмҳо чунин ном доранд:

  1. Дар маърифати Офаридагори таоло ва зикри анбиё ва авлиё ва таворих. Муҳимаш он аст, ки Авфӣ дар баробари овардани ҳикоёту ривоёт аз рӯзгори авлиёю анбиёи ислом инчунин дар бораи подшоҳони давраи Пешдодиён, Каёниён, Ашкониёну Сосониён ва ё сарварони аҷамтабор ҳодисоту воқеъоти ибратомӯзу пурмӯҳтаво овардааст.
  2. Дар қисми дуюм Муҳаммади Авфӣ дар баёни ахлоқи ҳамида, дар фазилати ҳаё, тавозӯъ, хилм, адаб, раҳмат, шафқат, саховат, лутфу карам, шуҷоъат, сабру таҳаммул, шукру вафо дар амонатдорӣ, дар фоидаҳои машварат ҳикоёту ривоёти ширину рангинро ҷой додааст.
  3. Қисми сеюмро адиб ба баёни масъала ва мавзӯъҳои мазаммати ҳасадхӯрӣ, ҳирсу тамаъ, дурӯғу фаҳш, бахилӣ, ҷаҳлу нодонӣ, зулму тааддй, исрофкорӣ, хиёнату шаккокӣ, ҳикоёт аз рӯзгори дуздон, кору амали занони боақлу зирак ва поку боиффат ва амсоли ин бахшидааст.
  4. Ниҳоят, дар қисми чорум Мухаммад Авфӣ дар бораи дӯстӣ ва фоидаҳои он, дар бораи хизмат дар назди амирону вазирон, ҳокимону волиён ва фоидаю хатари он, дар бораи ишқу муҳаббат ва суду зиёни он, дар бораи тасвири зебоиҳои табиат, дар бораи сохтмони қасрҳо, масоҷиду мадорис, бунёди шаҳрҳо, дар хусуси ҳайвонони хонагӣ ва ваҳшӣ, паррандаҳо ҳикоёту ривоёт овардааст, ки бисёр ҷолиб ва хушоянданд.

Муҳаммад Авфии Бухороӣ ба аҳли ҳунар ва ба хусус ба адибон, ровиёну ноқилон меҳри беандоза дошт. Дар оянда то поёни рӯзгор Муҳаммади Авфӣ дар Деҳлӣ дар дарбори султонҳои таҳҷойӣ зиндагӣ кард. Ӯ хоҳони бозгашт ба Ватан, ба Бухоро буд. Вале истилои муғул барои бозгашти нависанда имкон надод. Балки аллакай як кисми лашкари чингизиён бар сарзамини Ҳинд пойи номубораки хешро гузошта буданд. Дигар натавонист дидори ёру ошно, пайвандон ва наздикони хешро бубинад. Ҳамин тавр, соли 1242 дур аз Ватан дар Деҳлӣ вафот намуд.

 

(«Адабиёти точик»)

2026-04-01 (Шаввали соли 1447) №4.


Русия назорати муҳоҷиронро сахттар мекунад

Ҳукумати Русия ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард, ки асосҳо барои рад кардани иҷозатномаи кор ё патент барои муҳоҷирон бештар карда шаванд. Лоиҳаи қонун, ки дар сомонаи Думаи давлатӣ нашр шудааст, пешниҳод мекунад, ки мақомоти андоз ба таври худкор (автоматӣ) маълумот дар бораи даромади шаҳрвандони...


Бозигарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар клубҳои хориҷӣ

Дар равзанаи зимистонии соли 2026 якбора чанд футболбози тоҷик тасмим гирифтанд, ки фаъолияти худро дар клубҳои хориҷӣ идома диҳанд, аммо аксари онҳо дар Осиё бозӣ мекунанд.   Пурсарусадотарин трансфери ин мавсим гузаштани ҳамлавари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шериддин Бобоев ба дастаи...


Беҳтарин суханон дар васфи модар

Модар - сарчашмаи ҷӯшони ҳаётест, ки ҳастии моро аз файзи худ шодоб мегардонад.   Модар - сарчашмаи меҳру муҳаббат, шавкати беканор, нури ҳар як хонадон аст. Модар - туӣ он моҳи дурахшоне, ки бо нури меҳрборат шабҳои тираю торики моро равшан месозӣ. Модар - ту офтобӣ дар зиндагӣ, ки моро...


Ҳақиқати шармсорӣ

Пас, бидон, ки шармсорӣ бар чанд ваҷҳ аст:   Дар шармсорӣ бинобар бузургворӣ он чӣ дохил мешавад, ки дар ин қавли Ӯ таоло омадааст: «Яке аз он ду духтар, ки бо камоли шарм роҳ мерафт, назди ӯ омад» (Қасас, 25). Гуфтаанд: Духтари Шуайб аз Мӯсо барои он шарм медошт, ки ӯро ба...


Дуруд бар шумо хонандагони азизи мо!

Покизагии даромад ва ҳифзи ҷомеа дар замони муосир   Имрӯз, ки бисёре аз бародарону хоҳарони мо дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, ба тиҷорат ва кор машғуланд, лозим аст, ки ҳисоби солонаи молии худро ба роҳ монанд ва Закоти моли худро адо кунанд. Закот моро аз бухл ва ҳирс дур месозад ва...