Ҳофизи Шерозӣ

Ҳофизи Шерозӣ

Ҳофиз бузургтарин шоири ғазалсарои тоҷик буда, дар таърихи адабиёти форсу тоҷик мақоми баланд дорад. Осори Ҳофиз асрҳо инҷониб дар сарзамини Эрону Ҳиндустон, Афғонистон ва Осиёи Миёна шуҳрат пайдо карда, дар дили ҳазорон пайравону муштоқонаш ҷой гирифтааст.

 

Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Ҳофизи Шерозӣ соли 1321 дар шаҳри Шероз, ки даҳҳо адибони забардаст аз хоки он хестанд, ба дунё омада, тамоми умр дар он ҷо зистааст. Номи шоир Шамсиддин Муҳаммад ва тахаллусаш Ҳофиз аст. Сабаби "Ҳофиз’’ тахаллус гирифтани шоир он аст, ки ӯ Қуръонро аз ёд медонист ва ба 14 навъ онро тиловат мекард.

Падари Ҳофиз, ки Баҳоуддин ном дошт, дар Шероз ба касби тиҷорат машғул буд. Модари ӯ аз аҳли Козрун буд. Зиндагии осоишта дар хонадони Ҳофиз дер напоид. Ҳанӯз дар вақти тифл будани Ҳофиз падари ҷавони ӯ аз олам гузашт. Аз ӯ чанд фарзанди хурдсол ятим монданд. Дар андак вақт мероси гузоштаи падари Ҳофиз тамом шуд. Бародарони ӯ ба ҷустуҷӯи луқмаи ноне ба ҳар тараф рафтанд. Ҳофиз, ки дар байни онҳо аз ҳама хурд буд, бо модараш дар Шероз монд. Модар фарзанди худро аз хӯроку пӯшок таъмин карда натавониста, ӯро ба дари сарватманде ба хидмат дод. Ҳофиз баъд аз чанде ба хидмати нонвоӣ ба шогирдӣ истод ва касби хамиргариро пешаи худ сохт. Касби Ҳофизи хурдсол басе вазнин ва тоқатфарсо буд. Ӯ аз нимаи шаб то субҳ хамир мекард ва музди ба даст овардаашро ба чаҳор ҳисса тақсим мекард; як ҳиссаи онро ба модараш медод, як ҳиссаро худаш сарф мекард ва як ҳиссаи дигарро ба мактабдор дода, рӯзона дар мактаби ӯ мехонд. Чоряки боқимондаро ба бечорагон хайр мекард. Дар мактаб Ҳофиз истеъдоди фавқулоддаи фитри зоҳир намуда, Қуръонро зуд аз ёд кард ва хондану навиштанро низ ба хубӣ омӯхт. Дар маҳаллае, ки Ҳофиз мезист, дӯконе буд, ки онҷо аҳли адаб ҷамъ шуда, муошира ва базми сухан меоростанд. Ҳофиз низ гоҳ-гоҳе аз он маҳфил файз гирифта, ба машқи шеър оғоз кард. Лекин бештари вақти ӯ ба андухтани илм сарф шуда, Ҳофиз дар баробари мустақилона омӯхтани мероси форсизабонон забону адабиёти араб, ҳадису фиқҳ, ҳандасаву нуҷум ва Қуръонро бо ҷидду ҷаҳд омӯхта, дар андак замоне ҳамчун олим машҳур шуд. Ӯ ҳатто ба китоби машҳури «Тафсири кашшоф» шарҳ навишт. Ҳофиз ҷое ба омӯзиши улум ишора карда мегуяд:

Илму фазле, ки ба чанд сол дилам ҷамъ овард,

Тарсам он наргиси мастона ба яғмо бибарад.

 

Дар баробари нооромии замон, задухурдҳои ашрофзодагон, қатлу ғорати бегонагон аҳволи зиндагии Ҳофиз ҳам, бешубҳа тоқатфарсо буд. Махсусан ҳокимону давлатмандони Шероз ба қадри сухани Ҳофиз намерасиданд. Аз ҳамин ҷиҳат шоири бузургвор шикваҳо мекард.

 

Сухандонию хушхонӣ намеварзанд дар Шероз,

Биё, Ҳофиз, ки мо худро ба мулки дигар андозем.

 

Бо вуҷуди ин қадар парешони Ҳофиз шабу руз кор мекард, шеър мегуфт. Ғазалҳои намакини ӯ дар саросари кишварҳое, ки забони тоҷики – форсиро медонистанд, гулгулаҳо меафганд ва ба қавли Давлатшоҳи Самарқандӣ дар ҳама чо мақбули дилу ҳавоси мардуми авом мегардид. Мураттиби номаълуми девони Ҳофиз низ пас аз андаки вафоти у хабар медиҳад, ки шеъри Ҳофиз бо тамоми ҷалол ва шукуҳ дар андак муддате ба аксои Туркистон, Ҳиндустон, Ироқ, Озарбойҷон расида, ғазалҳои шурангези ӯ чунон маъқули хосу ом гашта буд, ки маҷлисе бе нақли сухани завқомези ӯ равнақ намеёфт. Худи Ҳофиз низ шуҳрати ашъори шурангези худро чунин тасвир менамояд:

 

Ба шеъри Ҳофизи Шероз мегуянду мерақсанд,

Сиёҳчашмони кашмирию туркони самарқанди.

Ироқу Порс гирифти ба шеъри хуш Ҳофиз,

Биё, ки навбати Бағдоду вақти Табрез аст.

 

Овозаи Ҳофизро шунида, ҳокимони гуногун аз Ҳиндустону Ироқ мехоҳанд, ки Ҳофиз дар дарбори онҳо хидмат кунад. Ӯро бо ин мақсад даъват мекунанд. Чунончи, дар замони Муборизиддин, ки аҳволи Ҳофиз дар Шероз табоҳ буд, Султон Увайс ӯро ба Бағдод даъват мекунад. Дере нагузашта бародари ӯ Султон Аҳмад Султон Увайсро кушта, дар соли 1382 ба тахт нишаст. Ӯ низ хост, ки Ҳофизро ба дарбори худ ҷалб намояд. Вале Ҳофиз аз Порс ба ҷониби Бағдод рағбат накард ва ба хушкпораи нони ватани худ қаноат намуда, онро аз шаҳди шаҳрҳои ғарибӣ боло мегузошт. Ҳофиз зодгоҳаш Шерозро басе дӯст медошт ва ба он ифтихор мекард. Аз ин рӯ, ба сахтиву зорӣ ҳам бошад, зиндагии Ҳофиз асосан дар Шероз гузаштааст ва дар тамоми умри худ ду бор ба Язд, як бор ба Исфаҳону Ҳурмуз ба сафар баромадани ӯро муҳаққиқон тахмин мекунанд.

Вафоти Ҳофиз дар соли 1390 мелодӣ воқеъ гардидааст. Ҳарчанд Ҳофизи Шерозӣ кайҳо вафот кардааст, вале каломи шӯрангезу ашъори диловезаш ҳазорон шӯридагону ошиқони сухани форсиро тасхир намудаву барои ҳамешагӣ симои ӯро дар дилу дидаи дилбохтагон ва ҳаводоронаш зинда медорад.

 

Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,

Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем.

Агар ғам лашкар ангезад, ки хуни ошиқон резад,

Ману соқӣ ба ҳам созему бунёдаш барандозем.

Чу дар даст аст рӯде хуш, бизан мутриб, суруде хуш,

Ки дастафшон ғазал хонему покӯбон сар андозем.

 

 

Эҷодиёти шоир

Воизон ин ҷилва дар болои минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

Мушкиле дорам зи донишмади маҷлис боз пурс:

Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?

Гўйё бовар намедоранд рўзи доварӣ,

К-ин ҳама қалбу дағал дар кори довар мекунанд.

Ё раб, ин навдалтонро бар хари худшон нишон,

К-ин ҳама ноз аз ғуломи турку астар мекунанд.

Эй гадои хонақаҳ, барҷаҳ, ки дар дайри муғон,

Медиҳанд обеву дилҳоро тавонгар мекунанд.

Ҳусни бепоёни чандон, ки ошиқ мекушад,

Зумраи дигар ба ишқ аз ғайб сар бар мекунанд.

Бар дари майхонаи ишқ, эй малак, тасбеҳ гўй,

К-андар он ҷо тиннати одам мухаммар мекунанд.

Субҳдам аз арш меомад хурўше, ақл гуфт:

"Қудсиён гўйӣ, ки шеъри Ҳофиз аз бар мекунанд".

 

“Адабиёти тоҷик”

 

2026-08-01 (Сафари соли 1448) №8.


7 маслиҳати муфид ба ҷавонон дар боби интихоби арӯс

Ҳар як ҷавонмард мехоҳад бо духтари покдомон ва ҳунарманде оила барпо намояд, ки як умр ҳамсафари вафодори ҳаёташ гардад ва дар тамоми пастию баландиҳои зиндагӣ ӯро ҳамдаму ҳамроз ва ғамхору меҳрубон бошад. Ба хотири кумак ба ҷавонон дар интихоби дурусти арӯс мо чанд маслиҳати муфиди психологиро...


Дар Шаҳристон комплекси сайёҳӣ бунёд мешавад

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон – эко резорт шинос шуд.   Ин иншооти сайёҳӣ аз чор марҳилаи сохтмонӣ иборат аст ва то ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон бунёд...


Алимамад Боймамадов – соҳибкор ва яке аз чеҳраҳои фаъоли ҷомеаи тоҷикони Русия

Дар миёни шахсиятҳои тоҷиктаборе, ки тайи солҳои охир дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва иқтисодии Федератсияи Русия нақши назаррас бозидаанд, номи Алимамад Баймамадов ҷойгоҳи махсус дорад. Ӯ на танҳо ҳамчун соҳибкори муваффақ, балки ҳамчун яке аз фаъолони маъруфи ҷомеаи тоҷикони муқими Русия шинохта...


Русия хариди ангур ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Русия ният дорад хариди ангур, мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Ин масъала дар мулоқоти вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург баррасӣ шудааст.   Ба...


Саволу ҷавоб

Агар ягон хешованд аз дунё гузарад, барои мотами ў то як сол куртаи кабуд пўшидан чӣ ҳукм дорад? Ин амал дуруст нест, фақат барои зане, ки шавҳараш аз олам гузаштааст, муддати 4 моҳу 10 рўз мотам гирифтан ҳатмӣ аст, яъне аз пўшидани либосҳои сурху абрешимӣ ва истеъмоли хушбўӣ худдорӣ мекунад. Агар...