Абдуллоҳи Ансорй

Абдуллоҳи Ансорй

Соли 1006 вақти шукуфоии табиат, ҳангоми гулу ёсуман Абдуллоҳ дида ба чаҳон бикшуд. Волидайн ва мардуми шаҳри бостонии Ҳирот аз дидори тифли навбадунё омада шоду мамнун буданд. Падари Абдуллоҳ аз аҳли тичорат буд.

Ӯ дар таълими фарзанд саъю талоши зиёд варзид. Абдуллоҳ илмҳои маъмули замонашро дар назди донишмандони Ҳирот омухт, забони арабиро аз худ кард. Устодонаш Абулфазл Муҳаммад, Имом Шарифй, Хоча Яхё ва Абуабдуллоҳи Токй дар таълиму тарбияи Абдуллоҳ саҳми босазо гузошганд. Абдуллоҳ ба камол расид. Ӯ дар донистани илмҳои фиқх, ҳадис, тафсир, адаб, мумтоз гардид. Ӯ бештар ба тасаввуф майл кард ва бисёр андешаҳои хешро ба воситаи асарҳои бадеиаш илко намуд.

Ансорй умри пурбаракат дид. Ӯ соли 1088 дар шаҳри Ҳирот, яъне дар зодгоҳаш аз олам чашм пушид. Умри хешро ройгон нагузаронида, асарҳои зиёди илмй ва адабй ба мерос гузошт. Асарҳои «Муночот», «Малфузот», «Ганчнома», «Қаландарнома», «Рисолаи дилу чон», «Канзул солиҳин», «Рисолаи воридот», «Ҳафт Хисор» ва амсоли ин ба калами Ансорй иншо шудаанд. Инчунин дар шаклҳои хурдй лирикй рубой, ғазал, қасида низ табъ озмудааст. Ӯ дар асарҳои насрй ва назмиаш андешаҳои тасаввуфии хешро тарғиб кардааст. Акнун ба шумо хонандагони азиз «Бо дуруд», шогирдони бахуш, аз асарҳои насрй ва назмии Абдуллоҳи Ансорй, чун муште аз хирвор, намунаҳо пешкаш хоҳем кард.

Пандҳои судманд аз асарҳои насрй

  1. Айби мардум бипуш! Ва дин ба дунё мафуруш!
  2. Худ кй ин даҳ фазилат шиори худ созад дар дунёву охират кори худ созад: бо Худо бо сидқу бо халқ боинсоф; бо нафс бо қаҳру бо дарвешон ба лутф; бо бузургон ба хидмату бо хурдон ба шафқат; бо дустон ба насиҳату бо душманом ба ҳилм1; бо чоҳилон ба хомушиву бо олимон ба тавозуъ.
  3. Пурсид, ки дар ҳаққи дунё чй гуй? Гуфт: - Чй гуям дар ҳаққи чизе, ки ба ранч ба даст оранду ба ҳасрат бигзоранд.
  4. Дигар фармуд: Сармояи умрро ғанимат шумор ва тоати ҳақро ғанимат дор!
  5. Аз омухтан нанг мадор!
  6. Начоти нафс дар ибодат чуй!
  7. Дар ҳар коре, ки бошад, ёрй аз Ҳақ талаб!
  8. Аз нодони мағрур ичтиноб2 намой!
  9. Ношунидаю нодида мачуй айби касон: ва ба айби худ бино бош!
  10. То напурсанд, магуй, то нахонанд, марав!
  11. Баландй ба сабр чуй!
  12. Дунёпараст мабош!
  13. Аз омухтани илм маёсой!3
  14. Бар тоат харис бош!
  15. Дар ниҳон беҳтар аз ошкор бош!
  16. Даргузар, то даргузаранд!
  17. Аз худ лоф мазан!
  18. Он чй наниҳодай, бармагир!
  19. Дилро бозичаи дев масоз!
  20. Ҳарчй ба худ раво надорй, бар дигарон маписанд!4
  21. Бандаи хирс5 мабош!
  22. То тавонй нони кас махур ва нон аз ҳеч кас даpeғ мадор!
  23. Аз додай Худой хур, ки ҳаргиз кам нанвад.
  24. Диҳанда Худоро дону аз дарвешй матарс!
  25. Сармоя ба суди6 бисёр мадеҳ!
  26. Офиятро7 ба фармони нафс аз даст мадеҳ!
  27. Душман агар ҳақир буд, хораш мадор!
  28. Бо ношинос ҳамсафар мабош!
  29. Андаки худро беҳтар аз бисёри дигарон дон!
  30. Ҳар чо, ки бошй Худоро ҳозир дон!
  31. Вақтро ғанимат дон!
  32. Ёрро вақти хашму ғазаб биозмой!
  33. То тавонй ниёзи худ бар махлуқ8 арза макун.
  34. Амонат нигоҳ дор, хомушй шиор соз ва беҳудагуиро сари ҳама офатҳо дон!
  35. Ҳочатравоиро кори бузург дон!
  36. Дусти Худойро дар камозорй шинос!
  37. Саодати дунёю охират дар муҳаббати доно дон!
  38. Аз нодон доман даркаш!
  39. Дар сухан касро хичил масоз! Аз сухане, ки ханда ояд ҳазар кун!
  40. Микдори моли худ бо ҳеч кас магуй!
  41. Бо мардуми бешарму беҳаё манишин, ки дар дунёву охират мазаллату уқубат9 бошад.
  42. То хашм нанишинад сухан магу!
  43. Ҳурмати ҳама кас нигоҳ дор, то туро ҳурмат бошад.
  44. Таоми бисёр махур, ки дил сиёҳ кунад ва аз ибодат боз дорад.
  45. Ботинро беҳтар аз зоҳир дон, ки зоҳир назаргоҳи халқ асту ботин назаргоҳи Ҳақ.
  46. Коре накунй, ки дар назари ҳазрати Ҳак Субҳона ва Таъоло хичил ва шармсор гардй.
  47. Чун касе сухан гуяд, хомуш бош.
  48. Пок эътиқодро безавол дон!
  49. Ба сабр баландй чуй ва дунёпараст мабош!
  50. Аз ростй шафеъангез10 сухан аз шаҳодат11 гуй.
  51. Агар роҳат хоҳй ранч каш, бар тоат харис бош!
  52. Диҳанда Худоро дон.
  53. Сармоя ба суд бисёр мадеҳ, ки дар охират зиён дорад.
  54. Худро асири шаҳват масоз.
  55. Аз навкиса вом12 махоҳ.
  56. Ками худро аз бисёри дигарон беҳтар дон!
  57. Тадбир бо мардуми доно чуй.
  58. Ҷавониро ғанимат дон. Ба ҳангоми чавонй корҳои ҳарду чаҳонй бисоз, ёрон ва дустонро азиз дор. Харч ба андозаи дахл кун, илму адаб омуз ва тир андохтану савориҳо ёд гиру ёд деҳ.
  59. Эй азизо! Дари зулм макшой ва аз оҳи мазлумон ҳазар намой, ки зулм намудан аз Худо бехабарист ва мазлумонро ку ба ку рондан мояи бехирадист.

Шеър

Макун, ки оҳи фақире шабе бурун ояд,
Ҳазор ҳамчу ту аз хонумон барандозад.
Зи тири оҳи ятимон магар наметарсй?
Фиғону нола ба Аршу малоик андозад.
Ҳазар намой аз он нолаи саҳаргоҳй,
Ки гар ба куҳ занад, равзане13 дар он созад.
Ба вақти нимишабй гар бигуяд: «Эй Оллоҳ!»,
Ҳазор ҳамчу ту аз хонумон барандозад.
Ҳазор чафшани фулод гар бипушй ту,
Зи оҳи гарми фақире чу мум бигдозад.
Матоз бар сари мазлуми сокин, эй золим,
Ки дасти фитнаи айём ба сарат тозад.
Агар бихил накунад соили14 ситамдида,
Ҷазодиҳанда туро дар Ҷаҳаннам андозад.
Зи бари наври лаимон манол Абдуллоҳ,
Ки гар хасе бизанад, Кирдигор бинвозад.

Каҷрав мабош

Донишманди олитаборе ба Ҳирот бор медиҳад. Дар мачолиси муътабаре ба у сухан медиҳанд. Эшон бо дард лаб боз мекунад: Эй подшоҳи некуном ва эй қозии аклислом! Аввали зулм асар аст ва охири у хисор аст. Бомдоди ситам сим аст ва шабонгоҳи у бим аст. Баҳор буйи бетароват аст ва тирамоҳи у ба шаковат аст. Ибтидои чавр сароб аст ва интиҳои у азоб аст. Имруз туғёни шаҳсаворист ва фардои у шармсорист. Ва иллоҳ оҳи саҳарин мазлум вақте шавад маълум, ки теғ бинад бар cap ва барбод диҳад афсар ва бигуяд аҳли осмону замин: Шоҳо! Качрав мабош чун фарзин, ки ҳамеша бимонй дар зин. Шеър:

Хусраво, ногаҳ ҳазоне даррасад гулзорро,
Ҳамчунин донам набинй равнаки бозорро.
Гар ҳамедонй чй гуфтам, чаҳд кун, дар илм
куш,
Кинаро аз дил бадар кун, бас кун ин озорро.
Дасти зулм аз остини зулм бар мардум макаш!
Оҳи мазлумон саҳаргаҳ бифканад куҳсорро.
Буд Нушервони Одил кофиру оташпараст,
Лек ӯ иқрор карда эзиди чабборро.
Номи ӯ одил барояд в-они ту золим ба Хашр,
Мумино, баргу, ки бар худ чун кашй ин орро.
Эй ки ту мағрури бахту давлати фархундай,
Хочаи соҳибсарири мафраши огандай.
Ё ки Хуршедй ба сурат, ё ки Ҷамшедй ба ҳусн,
Ё ки Зуҳра чеҳра дорй, ё чу маҳ тобандай.
Гарчй Шаддодй, валекин нестй эмин зи марг.
Ҳеч кас гуфтааст ба ту: “То абад пояндай?”,
Гар амирй ҳам бимирй, пири Ансорй бидон!
Хочагй аз ту назебад, cap бинеҳ чун бандай!
Сад сол дар оташам агар маҳл бувад,
Он оташи сузанда маро сахл бувад.
Бо мардуми ноаҳл мабодо суҳбат,
Аз марг батар суҳбати ноаҳл бувад.
Масти туам, аз бодаву чом озодам,
Сайди туам, аз донаву дом озодам.
Мақсуди ман аз Каъбаву бутхона туй,
В-арна ман аз ҳар ду мақом озодам.

Калимаю ибораҳои тоза

  1. Ҳилм - нармй. хушгуфторй.
  2. Ичтиноб - дур шудан, хешро аз ашхоси нолоик, бефаҳм, аблаҳ канор гирифтан.
  3. Майосой - хешро барои омухтани илму дониш канор магир, осуда нанишин, чадал кун.
  4. Маънояш: Гуноҳашонро бахш, то гуноҳи туро бахшанд.
  5. Хирс - хохиш аз хад зиёд, чашмгуруснагй, харисй.
  6. Суд - фонда.
  7. Офият - осоиштагй, сиҳатй, оромй.
  8. Махлук - офаридашуда, халкшуда.
  9. Мазаллату укубат - хорию зори, азобу ранч. чазо.
  10. Шафеъангез - восита шудан ё шафоа гкунанда.
  11. Шаҳодат - гувоҳй додан.
  12. Вом карз.
  13. Равзане - дарича, суроҳие, ки аз он дуд мебарояд.
  14. Соил - гадо.
  15. Ясар - тарафи чап, тавонгарй, давлатмандй, наҳс, номуборак.
  16. Ҷамшед - аввалин подшоҳ дар руи замин, каҳрамони «Шоҳнома»-и Фирдавей.
  17. Шаддод - подшоҳи афсонавй, чорбоги Ирам бунёд кард, даъвои Худойй намуд.

«АДАБИЁТИ ТОҶИК»

2026-04-01 (Шаввали соли 1447) №4.


Тақвими ду даври аввали бозиҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон

Лигаи футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олиро тасдиқ кард.   Мавсими 35-уми Чемпионати Тоҷикистон рӯзи 6-уми март оғоз мешавад. Мавсими нави Лигаи олӣ дар ду марҳила бо ширкати 12 даста баргузор мешавад. Дар маҷмуъ ҳар як даста 22 бозӣ анҷом...


Дуруд бар шумо хонандагони азизи мо!

Покизагии даромад ва ҳифзи ҷомеа дар замони муосир   Имрӯз, ки бисёре аз бародарону хоҳарони мо дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, ба тиҷорат ва кор машғуланд, лозим аст, ки ҳисоби солонаи молии худро ба роҳ монанд ва Закоти моли худро адо кунанд. Закот моро аз бухл ва ҳирс дур месозад ва...


Қаҳрамонии муҳоҷир дар Санкт-Петербург

Губернатори Санкт-Петербург Александр Беглов шахсан ба Хайрулло Ибодуллоев соати губернаторӣ ва медали шуҷоат тақдим кард. Маросими расмӣ дар бинои таърихии “Смольный” баргузор шуд. Ибодуллоев рӯзи 22 феврал ҷони як кӯдаки ҳафтсоларо, ки аз ошёнаи ҳафтуми бино афтоданӣ буд, наҷот дод....


Чӣ гуна моли худро пок кунем?

Ҳамду сано Худованди ягонаро, дуруду салом ба Паёмбари гиромӣ ﷺ ва тамоми олу асҳобаш бод.   Закот яке аз аркони Ислом буда дар бисёре аз оятҳои Қуръон бо намоз якҷо зикр шудааст. Худованд мефармояд: «Ҳаргиз гумон набаранд касоне, ки ба он чи Худованд ба онҳо додааст, бахилӣ мекунанд,...


Ҳақиқати шармсорӣ

Пас, бидон, ки шармсорӣ бар чанд ваҷҳ аст:   Дар шармсорӣ бинобар бузургворӣ он чӣ дохил мешавад, ки дар ин қавли Ӯ таоло омадааст: «Яке аз он ду духтар, ки бо камоли шарм роҳ мерафт, назди ӯ омад» (Қасас, 25). Гуфтаанд: Духтари Шуайб аз Мӯсо барои он шарм медошт, ки ӯро ба...