Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Агар ягон хешованд аз дунё гузарад, барои мотами ў то як сол куртаи кабуд пўшидан чӣ ҳукм дорад?

Ин амал дуруст нест, фақат барои зане, ки шавҳараш аз олам гузаштааст, муддати 4 моҳу 10 рўз мотам гирифтан ҳатмӣ аст, яъне аз пўшидани либосҳои сурху абрешимӣ ва истеъмоли хушбўӣ худдорӣ мекунад. Агар ҳомила бошад, то таваллуди фарзанд аз ин корҳо даст мекашад. («Любоб»)

 

 

 

Аз синни бисту панҷсолагиам хондани намозро оғоз кардам. Мехоҳам ҳамаи намозҳои қазокардаамро ба ҷо оварам. Намозҳои қазоиро чӣ тавр бояд гузорам?

Бародари азиз, равиши гузоридани намози қазоӣ монанди намози адоӣ аст, фарқ танҳо дар ин аст, ки “намози қазоӣ” гуфта ният мекунад. Агар шумо, ки намозҳои якрўзаи қазоии гузаштаро ба ҷо овардан хоҳед, барои аввали онҳо азону иқомат гўед ва дар намозҳои боқимонда фақат иқомат гуфтан кофӣ аст. Пас аз адои намози қазоӣ гуфтани тасбеҳот шарт нест, вале агар гўед, хуб аст ва савоб мегиред. Хондани намози қазоӣ дар ҳама вақт дуруст аст, ба ҷуз се вақт: вақти тулўъи офтоб, вақти рост шудани офтоб дар осмон ва дар вақти ғуруби он. Тариқи осони адои намозҳои қазоӣ ин аст, ки пас аз гузоридани ҳар як намози вақтӣ як ё чанд намози қазоиро ба ҷо оваред, иншоаллоҳ ҳамаи намозҳои қазоии худро адо хоҳед кард. («Мароки Фалох»)

 

 

 

Оё ақди никоҳ ба тариқи телефон дуруст аст?

Бародари азиз, ақди никоҳ тавассути телефон ҷоиз нест, зеро дар маросими никоҳ шарт аст, ки арўсу ҷавон бо шоҳидон дар як маҷлис ва як макон ҳузур дошта бошанд ва суханони якдигарро мустақиман ё ба воситаи вакил шунаванд. («Дурарул Хукком»)

 

 

 

Ҷавони навзан пас аз ҳамхоба шудан бо ҳамсараш ғусл мекунад. Оё ин ғусл то чанд рўз басанда аст ё ин ки пас аз ҳамхоба шудан бо ҳамсар ҳама вақт ғусл кардан лозим аст? Агар таҳорат кунад, дуруст аст ё на?

Бародари азиз, ғусл яке аз фароизи мусулмонӣ аст ва ҳар як фарди мусулмон бояд равиши шаръии онро бидонад. Пас аз ҳамхоба шудан бар марду зан ғусл воҷиб мешавад. Агар пас аз ин байни онҳо боз ҳамхобагӣ сурат гирад, бори дигар ғусл бар онҳо ғусл воҷиб мегардад. Пас аз ҳамхоба шудан таҳорати бидуни ғусл кофӣ нест. («Мароки Фалох»)

 

 

 

Шавҳарам дар ҳолати асабоният барои тарсонидани ман гуфт, ки “агар телефони маро қапидӣ, ту ба ман се талоқ”, пас аз ин астағфируллоҳ гуфт. Оё бо ин шарт талоқ воқеъ мешавад?

Хоҳари азиз, дар сурати мазкур агар зан телефони шавҳарашро ба даст бигирад, се талоқ мешавад. Бояд кўшиш ва эҳтиёт кунад, ки ҳаргиз ба он даст нарасонад. («Дурарул Мухтор»)

 

 

Ҷанобат чист ва чӣ маъно дорад?

Бародари азиз, калимаи ҷанобат дар луғат ба маънои дур будан аз покӣ ва таҳорат аст. Дар истилоҳи шариат ҳолати нопокиест, ки пас аз хуруҷи манӣ дар бадани инсон ба вуҷуд меояд, яъне дар ин ҳолат инсон аз таҳорату покӣ дур мемонад. Аз ин рў, ғусл кардан ва шустани тамоми бадан бар ў фарз мегардад. Дар ҳолати ҷанобат намоз гузоридану Қуръон хондан бар инсон ҳаром аст. («Шарху Викоя»)

 

 

Зан баъд аз таваллуди фарзанд то чанд муддат бояд намоз нагузорад?

Зан пас аз таваллуди фарзанди нахустин то чил рўз дар ҳолати нифос қарор мегирад, аз ин рў, дар ин муддат бояд аз намоз гузоридан худдорӣ кунад. Пас аз таваллуди фарзанди дуюму сеюм зан дар нифос одати муайян пайдо мекунад, масалан, бист ё сӣ рўз ё сию панҷ рўз нифос мебинаду бас. Дар ин ҳолат шарт нест, ки то чил рўз мунтазир шавад, балки пас аз тамом шудани рўзҳои одаташ дар нифос бояд ғусл карда намоз гузорад. («Бахру Роик»)

 

 

Оё ба фарзандон гузоштани номҳои пайғамбарон ё саҳобагон дуруст аст? Зеро бисёр нафаронеро дидам, ки номи пайғамбар ва ё саҳоба доранд, аммо ба корҳои ҳарому нораво даст мезананд. Оё ин амали онҳо паст задани номи ин бузургон нест?

Бародари азиз, гузоштани номи неку ва зебо суннати ҳазрати Пайғамбар ﷺ аст. Вазифаи волидайн ин аст, ки ба фарзанди худ номи зебо ва муносиб гузоранд ва дар баробари ин ба ў ахлоқу одоби волои инсонӣ биёмўзанд, то ки дар оянда сабаби ифтихори волидон гардад.

 

 

 

Ман хонаамро фурўхтам ва бо маблағи он дар бозор дукон ба иҷора гирифта, тиҷорат мекунам. Алҳол дар хонаи иҷора зиндагӣ дорам. Оё аз ин маблағ закот додан лозим аст?

Бародари азиз, агар он маблағе, ки шумо бо он тиҷорат мекунед, ба ҳадди нисоби, яъне 650 000 рубл расида бошад, пас дар ин сурат аз он закот мепардозед. («Ихтиер»)

 

 

Ман бо шахсе якдигарро дўст доштем. Ў маро ҳамчун зан қабул кард ва ман ўро ҳамчун шавҳар, лекин никоҳ накардем. Ў маро бо ҳама чиз таъмин мекунад. Оё ба ман ҳаққи шавҳарӣ дорад?

Хоҳари азиз, никоҳ ва издивоҷ суннати ҳазрати Пайғамбар ﷺ аст ва ҳар гуна муносибати бидуни никоҳ дар байни марду зан амали номашруъ ва гуноҳ ба ҳисоб меравад. Чунин муносибат дар байни шумо нораво ва сабаби наҳсию бебаракатӣ дар молу ҷону хонадон мегардад. Бинобар ин, бояд шумо бо якдигар ақди никоҳи шаръӣ анҷом дода, ҳамчун зану шавҳари ҳақиқӣ зиндагӣ кунед, дар ин сурат баракат хоҳед ёфт.

 

 

Оё гузоридани намоз бомдод якчанд дақиқа қабл аз вақташ гуноҳ аст?

Гузоридани намози бомдод қабл аз дамидани субҳ ҷоиз нест, аммо пас аз дамидани субҳ ҷоиз аст, вале дар ҳолати равшан шудани осмон гузоридани он савоби бештар дорад. («Нурул Изох»)

 

 

Хоҳиш мекунам, ки моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамариро пайдарпай номбар кунед?

Бародари азиз, моҳҳои ҳиҷрии қамарӣ ба тартиб инҳоянд: Муҳаррам, Сафар, Рабиъул-аввал, Рабиъул-охар, Ҷумодал-ўло, Ҷумодал-ухро, Раҷаб, Шаъбон, Рамазон, Шаввол, Зулқаъда, Зулҳиҷҷа.

 

 

Холаам ба бародарам шир додааст, аммо ба ман на. Оё ман метавонам бо духтари холаам издивоҷ кунам?

Бародари азиз, шумо метавонед, ки бо духтари холаатон издивоҷ кунед. («Ихтиер»)

 

 

Агар мард ба занаш гўяд, ки “ҳамин моҳ ба ягон ҷо равӣ, ҷавобатро додам”, пас зан ба хонаи ҳамсоя ё дорухона равад, талоқ мешавад?

Бародари азиз, дар масъалаи мазкур агар зан пеш аз тамом шудани моҳ ба хонаи ҳамсоя ё дорухона равад, талоқи боин шуда, таҷдиди никоҳ ва пардохти маҳр воҷиб мешавад. Агар пас аз гузаштани моҳи мазкур равад, талоқ намешавад. («Бахру Роик»)

2026-08-01 (Сафари соли 1448) №8.


ЭЪТИМОДЕРО НАШОЯД

Кас наёбад ҳеҷ чиз аз чор чиз, Ёд гир аз носеҳ, эй соҳибтамиз. Нест аввал дӯстӣ андар мулук, Ин сухан бовар кунад аҳли сулук. Сифлаеро бо мурувват нангарӣ, Ҳеҷ бадхӯе наёбад меҳтарӣ. Ҳар кӣ бо моли касон дорад ҳасад, Бӯи раҳмат бар димоғаш кай расад. Он кӣ каззоб аст, мегӯяд дурӯғ, Нест...


Дин ва арзишҳои милли

Худованд дар Қуръон сураи Ҳуҷурот ояти 13 ба одамон чунин хитоб кардааст: «Эй мардумон, ба дурустӣ ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо ҷамоатҳо ва қабила сохтем, то ин, ки якдигарро шиносед». Ин ояти карима аз мардум даъват ба амал овардааст, ки одамон якдигарро шиносанду...


Шарм аз гӯшаи имон аст

Бидон, ки аз шартҳои муридӣ пайваста оташдон будани ботини ӯст. Фузайли Иёз (қдс) гуфт: «Панҷ чиз аз нишонаҳои бадбахтӣ аст: сангдилӣ, хушкии чашмон, бешармӣ, рағбат ба дунё ва орзуи дурудароз».   Ва ҳам гуфтаанд, ки чун ҳайбат ва шарм аз банда бирафт, дар вай хайре боқӣ...


8 тоифаи занон, ки дили шавҳарро ба осонӣ ёфта метавонанд

Дар тӯли зиндагияшон мардҳо бо бонувони зиёде рӯ ба рӯ мешаванд, вале онеро интихоб менамоянд, ки аз нигоҳи мард беҳтарин аст. Мехоҳед донед, ки ҳангоми интихоби бахт мардҳо ба чӣ аҳамият медиҳанд? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!   Зани гапдаро Барои он ки аробаи зиндагӣ дар нимароҳ чаппа нашавад,...


Русия хариди ангур ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Русия ният дорад хариди ангур, мева ва сабзавоти Тоҷикистонро афзоиш диҳад. Ин масъала дар мулоқоти вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников бо вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург баррасӣ шудааст.   Ба...