САВОЛУ ҶАВОБ

САВОЛУ ҶАВОБ

САВОЛУ ҶАВОБ

Амалҳои суннат пеш аз рафтан ба намози идона кадомҳоянд?

Дар рӯзи ид (рӯзи 1-уми моҳи Шаввол) субҳ зуд аз хоб бедор шуда, ғусл карда, либосҳои аз ҳама зеборо бояд ба бар намуд. Хурдани хурмо (финик) ба шумораи ток ( 3, 5 ё 7) дона суннат мебошад. Дар ҳадиси Паёмбар I, ки аз Анас ﷺ ривоят шудааст, омадааст: «Паёмбари Худо I сахар (барои намози идона) бидуни хӯрдани теъдоди хурмо берун намебаромаданд» (ал-Бухорӣ). Мардҳо хушбўиҳо зада, ба сўи масҷид равон шаванд, дар як роҳ ва бозгаштан бо роҳи дигар ва оромона дар роҳ такбирҳо хонед («Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар, ла илоҳа илло Ллаҳу, валлоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар ва лиллоҳи л-ҳамд»). Дар роҳ мебояд кушодарўй буда ва ба камбағалон садақа дод. Дар рўзҳои ид бояд мусулмонҳоро табрик намуд. Дар рўзҳо ид бояд хешовандон ва дўстонро дидорбинӣ намуда, озору ранҷишҳоро бахшид ва бо қаҳрӣ будагон оштӣ намуд. Ба ғайр аз ин, барои хешовандони фавтида садақа дода, қабри ононро зиёрат намуда, ба арвоҳашон дуо ва Қуръон хонд. Барои бачаҳо дар рўзи ид тўҳфа ва либоси нав мехаранд. Бояд қайд кард, ки пас аз баромадани офтоб пеш аз намози идона, намозҳои дилхоҳи суннатро, хоҳ дар масҷид бошад ва хоҳ дар хона, хондан макрух аст. Пас аз адои намози идона ин кароҳият аз байн меравад. (Асосҳои ислом)

Садақаи фитрро чи тавр пардохт мекунанд?

Садақаи фитр ба мусулмононе, ки охирин рӯзҳои Рамазонро дармеёбанд ва берун аз эҳтиёҷоти аслӣ миқдори нисоб молро соҳиб ҳастанд, воҷиб мебошад. Садақаи фитр ба беморе, ки рӯза гирифта наметавонад, ба шахси мусофир ва ба пиронсоле, ки тавони рӯза доштан надорад, воҷиб мебошад. Садақаи фитр бо ҳадисҳои машҳур собит шудааст. Як сол пеш аз закот, дар соли фарзгардии рӯза воҷиб шудааст. Садақаи фитр василаест, барои қабули рӯза ва бартараф шудани азоби қабр. Роҳи таъмин намудани эҳтиёҷоти ниёзмандон ва аз нашъаи Ид истифода барии онҳо мебошад. Рӯзи якуми иди Рамазон баъд аз даромадани вақти намози Ид адои садақаи фитр воҷиб мегардад. Бинобар ин, таъмин намудани эҳтиёҷоти идонаи ниёзмандон, пештар адо кардан мандуб мебошад. Бинобар он, ки садақаи фитр бо дамидани фаҷри аввали рӯзи Ид воҷиб мегардад, агар пеш аз фаҷр кӯдак ба дунё ояд, барои ӯ низ воҷиб мегардад. Агар баъд аз фаҷр ба дунё ояд, садақа лозим намеояд. Ҳар мусулмонро барои худ ва фарзанди ноболиғаш садақаи фитр додан воҷиб мебошад. Фитраи фарзанди болиғ ва ё доро ба падар воҷиб намебошад. Инсон метавонад фитраи фарзандони болиғашро бо иҷозати онҳо бидиҳад. Агар дар оила ва идораи худ бошанд, бинобар одатан иҷозат доштан, метавонад бе иҷозати онҳо бидиҳанд. Инсон фитраи худро ба ҳамсари фақираш, падар, модар, бобову бибӣ, фарзандон ва наберагонаш дода наметавонад. Фитраро пас аз намози Ид гузоштан макрӯҳ аст. Мустаҳабаш, пеш аз намоз додан аст. (Мароки Фалох)

Намози таровеҳ воҷиб аст ё суннат ?

Намози Таровеҳ аз бист ракъат иборат буда, дар моҳи Рамазон адо карданаш суннати муаккада мебошад. Намози Таровеҳро Пайғамбари Худо ﷺ хондаанд ва баъд аз ӯ чаҳор ёри босафо низ идома додаанд. Бо ҷамоат адо кардан, суннати кифоя мебошад. Паёмбар ﷺ гуфта аст: «Ҳар шахсе, ки дар моҳи Рамазон таровиҳ мехонад ва ба моҳи муборак будани он боварӣ дошта, бо умеди гирифтани савоб фақат аз Аллоҳ I рўза медорад, ҳамаи гуноҳҳои гузаштааш бахшида мешаванд». (Бухорӣ). Касе, ки бе ягон узр тарки масҷид карда, Таровеҳро дар хонааш адо кунад, аз фазилаташ маҳрум хоҳад гашт. Агар дар хона бо ҷамоат низ адо кунад, савоби масҷидро ба даст оварда наметавонад. Намози Таровеҳро ду ракъатӣ хондан афзалтар аст. Чор ракъатӣ ҳам адо карда мешавад. (Шояд дар ҷамоат нафари шофии мазҳаб вуҷуд дошта бошад, имомро мебояд, ки ду ракъатӣ адо кунад.) Намози Таровеҳ, агар ду ракъатӣ адо карда шавад, ба монанди ду ракъат суннати намози шом адо карда мешавад. Агар чор ракъатӣ адо карда шавад, ба монанди чор ракъат суннати намози пешин адо карда мешавад. Ҳангоми бо ҷамоат адо кардан, бо нияти таровеҳ ба имом иқтидо мекунад, имом низ ба овоз қироат мекунад. Дар намози Таровеҳ на ин ки имоми хушсадо, балки имоми бо таҷвиду бо тартил интихоб карда мешавад. Вақте, ки намозгузор ба масҷид медарояд, имом, аллакай Таровеҳро шурӯъ кардааст, аввал чор ракъати фарзи намози хуфтанро адо мекунад, сипас, ба имом иқтидо мекунад. Пас аз адои намоз ракъатҳои дарёб накардаашро адо менамояд. Баъдан намози Витрро танҳо мегузорад. Саҳеҳаш ҳамин аст. Агар ҳамроҳи имом намози Витрро хонда, баъдан ракъатҳои боқимондаро адо кунад ҳам, ҷоиз аст. Таровеҳ на ин ки суннати рӯза, балки суннати вақт (моҳи шарифи Рамазон) аст. Касоне, ки ба сабаби узре рӯза дошта наметавонанд, Таровеҳро бояд адо кунанд. Намози таровеҳ қазои хонда намешавад. (Хошия Тахтовӣ)

Дар мавриди Шаби қадр ва махфӣ буданаш мефаҳмондед?

Махфӣ будани шаби Қадр дар ин моҳ, ба он хотир аст, ки мӯъминон ҳар як шаби ин моҳро шаби Қадр дониста, бо тоату ибодат сипарӣ кунанд. Расулуллоҳ ﷺ баъзе аз аломатҳои шаби Қадрро чунин баён фармудааст: Он шаб осмон соф ва беғубор, ҳаво бисёр латиф буда, сард ва ё гарм намешавад. Субҳи он рӯз офтоб андаке пажмурда тулӯъ мекунад. Ибодат дар ин шаб беҳтар аз ибодати ҳазор моҳ мебошад. Ба Пайғамбари Худо ﷺ умри умматҳои гузашта нишон дода шуд. Бинобар ин умри умматашро бисёр андак ёфт. Ба ин хотир Худованд шаберо эҳсон кард, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Дар шаби Қадр тамоми малоика ба замин фуруд меоянд, то асрори илоҳиро мушоҳида кунанд. Бинобар бисёршавии махлуқ дар он шаб, рӯи замин танг мегардад, ки яке аз маъноҳои Қадр тангӣ низ мебошад. Имоми Шаъронӣ шаби Қадрро назар ба рӯзи аввали ин моҳ чунин муайян кардааст. Рамазони шариф: Агар рӯзи якшанбе дарояд, рӯзи 28, шаби 29, шаби Қадр мебошад. Агар рӯзи душанбе дарояд, рӯзи 20, шаби 21 ,шаби Қадр мебошад. Агар рӯзи сешанбе дарояд, рӯзи 26, шаби 27, шаби Қадр мебошад. Агар рӯзи чоршанбе дарояд, рӯзи 18, шаби 19, шаби Қадр мебошад. Агар рӯзи панҷшанбе дарояд, рӯзи 24, шаби 25, шаби Қадр мебошад. Агар рӯзи ҷумъа дарояд, рӯзи 16 ,шаби 17, шаби Қадр мебошад. Агар рӯзи шанбе дарояд, рӯзи 22, шаби 23, шаби Қадр мебошад. Имоми Шаъронӣ 30 сол бо ҳамин усул ба шаби Қадр мушарраф шудаанд. Бисёре аз дӯстони Худо бо ҳамин усул шаби Қадрро дарёфтаанд. Дар шаби Қадр осмон соф ва беғубор мешавад. Дар он шаб ҳама чиз ба Худо саҷда мекунад. Оби баҳрҳо як лаҳзае ширин мегарданд. Мӯъминон ба авфи Илоҳӣ ва мағфирати Худо ноил мегарданд. (Асосҳои ислом)

2026-08-01 (Сафари соли 1448) №8.


Тарбуз давои фарбеҳӣ

Табибон тарбузро беҳтарин ғизои парҳезӣ барои онҳое донистаанд, ки аз фарбеҳӣ азоб мекашанд. Онҳо мегӯянд, ки гирифторони фарбеҳӣ ба осонӣ метавонанд бо истеъмоли тарбуз вазнашонро кам кунанд.   Тарбуз дар таркиби худ 90-95 фоиз об дорад ва он шифобахш аст. Зеро оби тарбуз дистиллатсияшуда...


Дар Шаҳристон комплекси сайёҳӣ бунёд мешавад

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон – эко резорт шинос шуд.   Ин иншооти сайёҳӣ аз чор марҳилаи сохтмонӣ иборат аст ва то ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон бунёд...


10 сабаби фарбеҳӣ

Фарбеҳӣ дар ҷаҳони муосир ба як масъалаи ҷиддӣ табдил ёфтааст. Пӯшида нест, ки фарбеҳӣ натанҳо ба симои зоҳирии инсон таъсири манфӣ мерасонад, балки ба саломатӣ низ зиён дошта, боиси пайдоиши як қатор бемориҳо мегардад. 10 сабаби гирифторӣ ба фарбеҳиро пешкаши шумо мегадонем.   1. Сустшавии...


Шарм аз гӯшаи имон аст

Бидон, ки аз шартҳои муридӣ пайваста оташдон будани ботини ӯст. Фузайли Иёз (қдс) гуфт: «Панҷ чиз аз нишонаҳои бадбахтӣ аст: сангдилӣ, хушкии чашмон, бешармӣ, рағбат ба дунё ва орзуи дурудароз».   Ва ҳам гуфтаанд, ки чун ҳайбат ва шарм аз банда бирафт, дар вай хайре боқӣ...


Дин ва арзишҳои милли

Худованд дар Қуръон сураи Ҳуҷурот ояти 13 ба одамон чунин хитоб кардааст: «Эй мардумон, ба дурустӣ ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо ҷамоатҳо ва қабила сохтем, то ин, ки якдигарро шиносед». Ин ояти карима аз мардум даъват ба амал овардааст, ки одамон якдигарро шиносанду...