Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Ҳабиби Худо чанд фарзанд доштанд?

Фарзандони паёмбар ﷺ аз бачаҳо, Қосим ном дошт, ки паёмбар ﷺ -ро бо номи ӯ куня дода буданд, барои ҳамин паёмбар ﷺ - ро Абулқосим мегуфтанд.

Абдуллоҳ лақабаш Тоҳиру Тайиб буд. Иброҳим дар Мадина ба дунё омад. Бачаҳо дар аёми тифли аз дунё гузаштанд.

Духтарони паёмбар ﷺ, Зайнаб буд, ки шавҳараш Абулъос буд, фарзандон аз Зайнаб, Алӣ ва дуюмаш духтар Умомаҳ буд. Духтари дигари паёмбар ﷺ Фотима буд, ки шавҳараш ҳазрати Алӣ буд, фарзандон аз Фотима, Ҳасан, Ҳусайн, Муҳсин, Руқияҳ, Зайнаб ва Умми Кулсум буданд. Духтари дигари паёмбар ﷺ Руқия буд, ки шавҳараш ҳазрати Усмон буд, фарзандон Руқия, Абдуллоҳ буд, ки дар хурдсолияш аз дунё даргузашт. Духтари дигари паёмбар Умми Кулсум буд, ки паёмбар ﷺ баъд аз ин ки Руқия аз дунё даргузашт, Умми Кулсумро ба никоҳи ҳазрати Усмон даровард. Дар ривояте омадааст, ки Паёмбар ﷺ ба Усмон гуфт:

«Эй Усмон, агар ман духтари дигаре медоштам, ӯро низ ба ту медодам». Меҳру муҳаббати паёмбар ﷺ ба Усмон хело зиёд буд.

Фарзандони паёмбар ﷺ ҳамаашон а Хадиҷа буданд, магар Иброҳим, ки аз Морияи Қибтия буд.

Ҳамаи фарзандон дар ҳаёти паёмбар ﷺ аз ин дунё гузаштанд магар Фотима ӯ баъди шаш моҳ баъд аз вафоти падараш ﷺ гузашт. (“Ӯ дар дили миллионҳост”)

Муъҷизаҳои пайғамбарамон ﷺ кадомҳоянд?

Яке аз муъҷизаҳои калонаш Қуръон аст ва дигаре шикофти синааш ва моҳро Худованд барояш ду пора карда буд ва аз миёни ангуштонаш об ҷорӣ шуда буд, тасбеҳи сангҳо дар кафи муборакаш ﷺ ва тасбеҳи таом, инчуни дарахти хурмо ба сӯяш сар хам карда буд ва уштур дар наздаш шикоят карда буд ва Худованд ӯро аз баъзе корҳои ғайб хабардор карда буд, ҳар коре ки пешгӯӣ мекард, ҳатман он кор рӯй медод. Муъҷизаҳои паёмбар ﷺ хело зиёдан дар ин китоби хурд ҳамашро нависонда наметавонем. (“Ӯ дар дили миллионҳост”)

Ҳабиби Худо дар кадом син хонадор шуданд?

Паёмбар ﷺ дар синни бисту панҷсолагӣ ба Хадиҷа хонадор шуд. Вақте ки паёмбар ﷺ ба моли Хадиҷа бо ҳамроҳии ғуломи Хадиҷа, Майсара ба сафари тиҷорат ба сӯйи Шом баромад, Майсара сидқу амонати паёмбар ﷺ-ро дид ва пас аз баргаштан дар назди Хадиҷа нақл кард. Хадиҷа баъди шунидан сидқу амонати паёмбар ﷺба хулоса омад, ки бо паёмбар ﷺ издивоҷ кунад. (“Ӯ дар дили миллионҳост”)

Домуло дар бораи ахлоқ ва сифатҳои паёмбар ﷺ як ду сухан мегуфтед?

Оишаро дар бораи ахлоқи паёмбар ﷺ пурсиданд? Гуфт: Хулуқаш Қуръон буд.

Аз беҳтарини мардум ва ростгӯйтарин инсон дар суханҳояш ва мулоимтарин табиъат ва мукарамтарини мардум буд, чунон ки Худованд мефармояд:

«Ҳамоно ту бар ахлоқи бузург пойдор ҳастӣ»

(Сураи Қалам, ояти 4)

Яке аз шуҷоътарин ва ботавозуътарин ва бо ҳаётарини инсонҳо буд, ҳатто аз духтари бошарме, ки аз хона берун намеояд, ҳаёи паёмбар ﷺзиёдтар буд, ҳадяро қабул мекарду ҳадя медод. Садақаро на қабул мекарду на мехӯрд, ба хотири худаш ғазаб намекард, балки агар ғазаб мекард, ба хотири Худо ғазаб мекард ва ҳар намуд таъоме ки ба наздаш меоварданд, ӯро барнамегардонд, балки аз он мехурд ва дар таъом таъна ҳам намезад ва чизеро ки барои ӯ намеоварданд, талаб намекард ва таъомашро такязада намехӯрд.

Рӯзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳо мегузашту аз хонаҳояш дуди оташи таъомпазӣ намебаромад, бо фақирону камбағалон менишаст, беморонро хабар мегирифту дар ҷанозаҳо ҳозир мешуд.

Ҳабиби Худо ﷺ поӣҳояшро дар пеши саҳобагон дароз намекард, барои онҳо худашро зебо мекард, дар бораи аҳволашон мепурсид агар касал мешудан зиёрат мерафт ва дар ҳақашон дуо мекард. Дар рӯи саҳобагон табассум мекард ва намемонд ягон касро ки аз қафояш бошад ва мегуфт: Пушти маро барои Малоикаҳо бимонед.

Аз Анас ривоят аст, ки гуфт:

Ман даҳ сол ба паёмбар ﷺхидмат кардам, дар ин муддат ягон вақте нашуда буд, ки кореро карда бошаму ба ман гуфта бошад, ки чаро ин корро кардӣ ва нашуда буд вақте, ки кореро накарда бошам, ба ман гуфта бошад, ки чаро ин корро накардӣ, ё гуфта бошад, ки ту бояд ин корро мекардӣ!!.

Гоҳҳо шухӣ мекард, лекин дар шухиҳояш ҳақро мегуфт ва механдид.

Як зане пеши Ҳабиби Худо ﷺ омаду гуфт: Маро ба болои шутур шинон. Ҳабиби Худо ﷺ гуфт: Ман туро болои бачаи шутур мешинонам. Зан гуфт: Бачаи шутур маро қувват намекунад. Ҳабиби Худо ﷺ гуфт: Ман туро фақат ба болои бачаи шутур мешинонам. Одамҳо ба ин зан гуфтан: Ҳамин шутур бачаи шутур аст.

Як зане дигаре пеши Ҳабиби Худо ﷺ омаду гуфт: Шавҳарам мариз аст, ва шуморо ба хона даъват карадаст! Ҳабиби Худо ﷺ гуфт: Шавҳари ту ҳамон кас аст ки дар чашмаш сафеди дорад? Баъд ин зан ба хона баргашта чашми шавҳарашро кушод. Шавҳараш гуфт: Ту чи кор карда истодаи ? Зан гуфт: Ҳабиби Худо ﷺ ба ман гуфт, ки дар чашмони ту сафедист! Шавҳар гуфт: Чи қадар беақл ҳасти! Одаме ҳаст ки дар чашмаш сафеди набошад!

Барои мардум бисёр меҳрубонӣ мекард. Бо аҳлу оилааш рафтори хуб мекард, онҳоро кӯмак мекард ва мегуфт:

«Беҳтарини шумо касест, ки барои аҳлу оилааш беҳтарин бошад ва ман бар оилаам беҳтарин ҳастам». (Тирмизӣ)

Бародарони гироми! Мо бояд мисли Ҳабиби Худо ﷺ бо оилаҳомон

беҳтарин рафторро кунем.

Оиша мегуяд:

Паёмбар ﷺ чунон дар шабҳо намози зиёд мехонд, ки пойҳояш варам мекарданд, чун инро ба ӯ ёдоварӣ мекарданд, мегуфт: оё бандаи шукргузор набошам?!.

Тахти хобе, ки дар болояш хоб мекард, аз зишттарин пусти дарахти хурмо бофта шуда буд.

Сифатҳои паёмбар ﷺ

Паёмбар ﷺ китфҳои паҳм дошт, пӯсти сафеди моил ба сурхча буд, мӯӣҳояш то поёни гушаш буд ва мӯӣҳои сафедаш дар сараш ва дар ришаш аз 20 дона зиёд набуд, рӯяш монанди моҳи пурра буд, пешониаш кушод буд, дар баӣни китфҳояш хотами нубувват буд, қоматаш на баланди зиёд буду на паст, балки миёна буд, чашмони сиёҳ дошт, дар баӣни дандонҳои болоаш сурохие дошт, сари синааш мӯй камтар дошт ва дар байни синаву шиками муборакаш каме мӯй дошт. (“Ӯ дар дили миллионҳост”)

2026-04-01 (Шаввали соли 1447) №4.


Бозигарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар клубҳои хориҷӣ

Дар равзанаи зимистонии соли 2026 якбора чанд футболбози тоҷик тасмим гирифтанд, ки фаъолияти худро дар клубҳои хориҷӣ идома диҳанд, аммо аксари онҳо дар Осиё бозӣ мекунанд.   Пурсарусадотарин трансфери ин мавсим гузаштани ҳамлавари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шериддин Бобоев ба дастаи...


Беҳтарин суханон дар васфи модар

Модар - сарчашмаи ҷӯшони ҳаётест, ки ҳастии моро аз файзи худ шодоб мегардонад.   Модар - сарчашмаи меҳру муҳаббат, шавкати беканор, нури ҳар як хонадон аст. Модар - туӣ он моҳи дурахшоне, ки бо нури меҳрборат шабҳои тираю торики моро равшан месозӣ. Модар - ту офтобӣ дар зиндагӣ, ки моро...


Ширкати муштзанҳои ҷавони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонӣ

Дар шаҳри Бангкоки Тайланд аз 8-уми март Ҷоми ҷаҳонии бокс (U-19) оғоз шуд, ки то 15-уми март идома мекунад. Тоҷикистонро дар мусобиқа 10 муштзани ҷавон (8 писар, 2 духтар) намояндагӣ мекунанд.   Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур Аъзамҷон Ҳасанов (50 кг), Аъзам Одилзода (55 кг),...


Чӣ гуна моли худро пок кунем?

Ҳамду сано Худованди ягонаро, дуруду салом ба Паёмбари гиромӣ ﷺ ва тамоми олу асҳобаш бод.   Закот яке аз аркони Ислом буда дар бисёре аз оятҳои Қуръон бо намоз якҷо зикр шудааст. Худованд мефармояд: «Ҳаргиз гумон набаранд касоне, ки ба он чи Худованд ба онҳо додааст, бахилӣ мекунанд,...


10 фоидаи рӯза ба саломатӣ

Тадқиқотҳои олимони соҳаи тиб нишон медиҳанд, ки рӯза гирифтан барои саломатӣ низ фоидаҳои зиёде дорад, ки 10-тои онро манзури шумо мекунем.   1.Тоза шудани ҷисм Бо шарофати рӯзадорӣ ҷисми инсон аз дарун тоза мешавад. Рӯзона аз хӯрдану нӯшидан даст кашидани шахси рӯзадор боиси он мегардад,...