Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Ман маблағе ёфтам ва ягон кас набуд, ки пурсам. Дар мавриди ин маблағ чӣ кор кунам, то ки фардо назди Худованд ҷавобгар набошам?

Ин маблағи ёфтшуда дар назди шумо амонат мебошад, пас то ҳадди имкон саъй кунед, ки соҳиби аслии он пайдо гардад. Агар арзиши маблағи мазкур аз ҳафт мисқол нуқра болотар аст, то муддати як сол соҳиби онро суроғ кунед, агар пайдо шуд, хуб, вагарна онро садақа кунед. «Ихтиёр»

 

 

Онҳое, ки бесабаб дар моҳи Рамазон рўза нагирифтаанд, бояд чй кор кунанд ?

Агар мусалмон рўзаи моҳи шарифи Рамазонро бесабаб тарк карда бошад, вай бояд рўзҳои тарк намудаашро бо гирифтани рўзаи қазоӣ ҷуброн намояд. Агар шахси мусалмон нияти руза карда бошад ва бесабаб рўзаашро дар моҳи шарифи Рамазон шиканад, он вазифадор аст, ки на танҳо рўзаи қарзиро ба ҷо оварад, боз инчунин каффоратро низ месупорад. Ҳар касе, ки дар моҳи шарифи Рамазон бесабаб рўза надоштааст, гунаҳгор ҳисобида мешавад. Шахсони тарки рўза намуда, бояд дар назди Аллоҳ Таъоло тавба намуда, авфи гуноҳ талабанд ва вақтро аз даст надода, рўзаи қазоӣ доранд ва агар зарур бошад, тақсими каффорат ба ҷой оваранд. Ҳазрати Муҳаммад ﷺ мегўяд: “Агар касе, ки рўзаро дар Рамазон шиканад, ба ғайри онҳое, ки Аллоҳ Таъоло ба онҳо иҷозат додааст (мусофир, ҳомиладор, бемор ва ғ). , пас ў ҳеҷ гоҳ наметавонад ин рўзро пурра намояд (чунин савобро дарёфт кунад), агар ҳатто тамоми умр ҳам рўза дорад”. (Бухорӣ) «Ҳошияти Таҳтови»

 

 

Шукри Худованд, ҳар соле дар моҳи Рамазон як маротиба Қуръонро хатм мекунаму ба арвоҳҳои гузаштагонам мебахшам. Оё ҷоиз аст, ки ба одами ҳаётбуда хатми Қуръонро бубахшем?

Бародари азиз, савоби ибодат, аз ҷумла савоби хатми Қуръонро ба ҳар касе, ки бахшед, дуруст аст, хоҳ зинда бошад, хоҳ мурда.

Агар мурда бошанд, “ба арвоҳи онҳо” ва агар зинда бошанд, “савоби ин ибодатро ба онҳо бахшидам” мегўед. «Ибни Обидин»

 

 

Ду ҷавоне ҳамдигарро дӯст медоранд ва бо ҳамдигар ишқбозӣ мекунанд. Оё дар назди Худованд инҳо гунаҳкор ҳисобида мешаванд ё на?

Ин ду ҷавон албатта гунаҳгор мешаванд. Пеш аз он ки ҷавондухтарро ҷавонписар ба никоҳаш медарорад, дар ислом дидани рӯйи якдигар ва ё лаҳзае сӯҳбат намудан гуноҳ нест. Аммо онҳое, ки хонадор мешаванд, бояд дар ҳузури маҳрамҳои зан вохӯрӣ намоянд. Вохӯриҳои пинҳонӣ хавфи бадном шуданро ба миён меоранд, барои ҳамин ҳам ишқбозӣ дар ислом раво нест. Дар аксарияти кор ишқбози ба зино ва гуноҳҳои гуногун одамро водор мекунад. Худо ﷻ ҳамаи моро нигаҳ дорад. «Любоб»

 

Намози таровиҳ воҷиб аст ё суннат ?

Таровеҳ (ҷамъи тарвеҳа) ба маънои андаке дам гирифтан дар миёни ҳар чаҳор ракъати намоз мебошад.

Намози таровиҳ ҳам барои мардон ва ҳам занони рўзадор ва онҳое, ки бо сабабҳои беморӣ ва мусофират рўза нагирифтаанд, суннати муаккада мебошад. Гузоридани намози таровиҳ баъди намози фарз ва суннати хуфтан гузошта мешавад ва то дамидани субҳ хондан мумкин аст (танҳо шабона).

Паёмбар ﷺ гуфта аст: “Ҳар шахсе, ки дар моҳи Рамазон таровиҳ мехонад ва ба моҳи муборак будани он боварӣ дошта, бо умеди гирифтани савоб фақат аз Аллоҳ рўза медорад, ҳамаи гуноҳҳои гузаштааш бахшида мешаванд». (Бухорӣ)

Намози таровеҳ аз 20 (бист) ракъат иборат буда, ҳар ду ракъати он бо як салом адо мешавад ва мустаҳаб аст, ки намозгузорон баъд аз адои ҳар чаҳор ракъат миқдоре бинишинанд. Намозгузорон дар моҳи шарифи рамазон намози витрро низ бо ҷамоат (ҳамакаса) адо менамоянд.

Бояд гуфт, ки ба ғайр аз моҳи рамазон намози витр дар вақтҳои дигар бо ҷамоат хонда намешавад. Дар садри Ислом намози таровеҳро мардум бо оҳистагӣ, таамул дар оятҳо ва бо хушӯи ба ҷой меоваранд ва пас аз ҳар чаҳор ракъати он андаке дам мегирифтанд. Имрӯзҳо намози таровеҳ суратан бо ҳамон меъёр ба ҷо оварда мешавад, вале ягона чизе, ки камтар ба он таваҷуҳ мегардад, ҳамон оҳистагии зарурӣ ва хушӯи дар намоз мебошад, ки рӯҳи намозро ташкил медиҳад. Набояд фаромӯш кард, ки ин намози таровеҳ ва моҳи шариф Рамазон дар ҳаёт охирин бошад. Парвардигоро! Рӯза ва ибодати моро қабул фармой! «Фикху муяссар»

 

 

Ман намозхониро оғоз кардам, вале фақат чанд сураи кӯтоҳро аз ёд медонаму халос. Оё иҷозат ҳаст, ки сураҳои намедонистаамро аз экрани телефон ё китоб дар вақти намоз бихонам?

Шукри Худованд, ки ба тоату ибодат пардохтед. Бо чунин тарз намоз гузоштан дуруст нест ва ҳатто намозро фосид мекунад.

Вале чун шумо дар оғози роҳ қарор доред, аз болои варақи китоб як муддат сураҳоро бихонед, то азёд кунед. Худованд бахшандаву меҳрубон ва доност. «Ҳошияти Таҳтови»

 

Ман ба занам калимаҳои (хонаро холи кун) гуфтам. Ин талоқ ҳисобида мешавад ё на?

Калимаҳои “хонаро холи кун” гуфтанро аз кинояҳои талоқ мегӯянд. Аз он ки зан дилатонро гирифтааст ё ғазабе ба ӯ пайдо кардаед ва ин калимаҳоро бо нияти талоқ нагуфтед дар ин маврид талоқ намешавад ва агар нияти талоқ дошда будед талоқ ҳисобида мешавад. «Дурар ул Хуккам»

 

 

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Тоҷикистон бо Озарбойҷон, Чин ва Фаластин бозиҳои дӯстона мегузаронад

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар рӯзҳои FIFA дар моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад. 23-юми сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Озарбойҷон вохӯрӣ анҷом медиҳад. Бозӣ дар варзишгоҳи...


Санбӯсаҳои зудпази картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 100 грамм панири тарошида, 700–800 грамм картошка, як бандча кабудӣ, 1 дона пиёз.   Барои хамир: 2 дона тухм, 2 истакон орд, 1 қошуқча намак, 1 истакон кефир. Тарзи таҳия: Картошкаро тоза карда, дар об пазед ва аз он картошкаи кӯфта тайёр кунед. Пиёзро майда реза...


Маркази нави омӯзишӣ барои муҳоҷирон

Дар шаҳри Душанбе боз як Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ифтитоҳ шуд.   Дар ифтитоҳи ин марказ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода ва дигар масъулини дахлдор иштирок карданд. Чунин марказҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд,...


Резиши мӯй. Кай бояд ба табиб муроҷиат кард?

Дар як шабонарӯз рехтани 50-100 тори мӯй барои инсон одатан ҳолати муқаррарӣ ба ҳисоб меравад. Аммо агар мӯй назар ба пеш хеле бештар резад, ҷойҳои каммӯй пайдо шаванд ё сохтори мӯй тағйир ёбад, ин метавонад нишонаи мушкилоти саломатӣ бошад.   Рехтани мӯй ҳам мардон ва ҳам занонро дар синну...


Талаби илм бар ҳар марду зани мусалмон фарз аст

Барои инсон ҳеҷ шуғле фозилтар ва гуворотар аз илм нест, зеро Худованди Бузург ба сабаби фазилати илму дониш мақому манзалати уламоро баланд намуда, мефармояд:   «Худо ононеро, ки аз мисли шумо имон овардаанд ва ононеро, ки ба онҳо илм ато карда шудааст, ба мартабаҳо баланд...