Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Мехоҳам бидонам, ки оё василаҳои шаръӣ барои муҳофизат кардани худ аз сеҳр пеш аз рух додани он мавҷуд аст. Ва агар ҳаст он кадом аст?

Яке аз муҳимтарин василаҳои муҳофизат кардани худ аз хатари сеҳр пеш аз рух доданаш, ин ҳифз намудани худ бо зикрҳои шаръӣ, дуоҳо ва таъаввузот мебошад, ки дар суннат омадааст.

 

Аз ҷумла:

  1. Қироат намудани ояталкурсӣ баъд аз ҳар намози фариза, пас аз зикрҳои машрӯъе, ки пас аз саломи намоз хонда мешавад.
  2. Ҳамчунин қироат намудани ояталкурсӣ ҳангоми хоб. Ояталкурсӣ бузургтарин ояти Қуръони Карим аст.
  3. Инчунин қироат намудани «Қул ҳуваллоҳу аҳад», «Қул ъаузу бирабби-л-фалақ» ва «Қул аъузу бираббин нос» пас аз ҳар намози фариза ва се маротиба қироат намудани ин се сура дар аввали рӯз, яъне пас аз намози бомдод ва дар аввали шаб, яъне пас аз намози шом.
  4. Қироат намудани ду ояти охири сураи Бақара дар оғози шаб. Аз Расулуллоҳ ﷺ собит шудааст, ки мефармояд: «Касе, ки дар шаб ояталкурсиро бихонад, аз ҷониби Аллоҳ таъоло барояш муҳофиз ва нигаҳбоне гузошта мешавад ва то субҳ шайтон ба ту наздик намешавад».

Ҳамчунин аз расулуллоҳ ﷺ собит шудааст, ки мефармояд: «Касе, ки ду ояти охири сураи Бақараро дар шаб бихонад, ӯро кифоят мекунанд». Маънояш — боз Аллоҳ донотар — ин аст, ки аз тамоми бадиҳо ӯро кифоят мекунанд.

  1. Зиёд паноҳ бурдан ба калимаҳои комили Аллоҳ аз бадии он чӣ офаридааст, дар шабу рӯз ва ҳангоми фуруд омадан ба ҳар манзиле дар шаҳр ё саҳро ё ҳаво ё баҳр, зеро паёмбар ﷺ фармудааст: «Ҳар кас ба манзиле фуруд ояд ва сипас бигӯяд:

«Аъузу бикалимотиллоҳи-т-томмоти мин шарри мо халақ».

(Ба калимаҳои комили Аллоҳ аз бадии он чи офаридааст, паноҳ мебарам), то вақте, ки аз он ҷо наравад, ҳеҷ чиз ба ӯ зараре нахоҳад расонд».

  1. Мусулмон бояд дар аввали рӯз ва аввали шаб (яъне дар субҳу шом) се маротиба бигӯяд:

«Бисмиллоҳи-л-лазӣ ло язурру маъасмиҳи шайун фи-л-арзи ва ло фи-c-caмoи ва ҳува-с-самиъу-л-ъалим». (Ба номи Аллоҳ, ки бо номи Ӯ ҳеҷ чизе дар замин ва осмон зарар намерасонад ва Ӯ шунавову доност).

Ин зикрҳо ва таъаввузот яке аз бузургтарин василаҳои эмин мондан аз бадии сеҳр ва дигар бадиҳо барои касест, ки онро пайваста бо сидқу имон, эътиқод ба Аллоҳ, эътимод бар Ӯ ва хушҳолӣ бихонад. Мо бояд кушиш кунем ки оятҳои Қуронро бо таҷвиду махраҷ хонем. (Шурои уламо)

 

 

Як чанд савол дар бораи закот дорам. 1. Оё пеш аз муҳлат додани закот ҷоиз аст? 2. Аз хонаҳое, ки дар сохтмонҳои баландошёна ҳастанд, аммо таъмир надоранд, закот дода мешавад ё ин ки баъд аз фурўхтан аз маблағи умумӣ ҳисоб мешавад? 3. Дар закот ба ҷои маблағ мошин додан ҷоиз аст? 4. Орду равған, қанду биринҷ ва дигар маҳсулотро харида ба чанд оилаи ниёзманд тақсим кардан дар пардохти закот ҳисоб мешавад?

Ҷавоби саволи 1. Пеш аз муҳлат пардохт намудани закот ҷоиз аст. 2. Агар ин хонаҳо ба нияти тиҷорат сохта шуда бошанд, агарчи таъмир ҳам надоранд, дар онҳо закот воҷиб мешавад. 3. Ба ҷои маблағ (рубл ё дигар намуди асъор) додани мошин дуруст аст. 4. Дар пардохти закот додани маҳсулоти ғизоӣ дуруст ва балки беҳтар аст, зеро мардуми ниёзманд бештар ба маводди ғизоӣ эҳтиёҷ доранд. (Шурои уламо)

 

 

Дар вақти оғўш гирифтани ҳамсар агар аз шармгоҳ об хориҷ шавад ва ба либос расад, оё ғусл воҷиб шуда ва либос бенамоз мешавад?

Аз шармгоҳ (роҳи пеш) чор навъ об хориҷ мешавад: манӣ, мазӣ, вадӣ ва пешоб. Манӣ обе аст, ки дар ҳолати эҳтилом ё ҳамхоба шудан бо ҳамсар ва баъзан дар ҳолати нигоҳи бошаҳват ё оғўш гирифтан бо ҷаҳиш ва шаҳват хориҷ мешавад. Мазӣ обе аст, ки дар ҳолати нигоҳи бошаҳват, оғўш гирифтан ё бўсидани ҳамсар мебарояд. Вадӣ ҳамон оби рақиқи беранг аст, ки гоҳ-гоҳе бар асари хунукзадагӣ хориҷ мешавад. Дар ҳолати хориҷ шудани манӣ ғусл воҷиб мешавад. Дар ҳолати хориҷ шудани мазӣ, вадӣ ва пешоб фақат вузў бар инсон воҷиб мешавад, на ғусл. Дар ҳама суратҳои мазкур агар либос ба яке аз инҳо олуда шуда бошад, шустани он лозим ва воҷиб мешавад. (Ҳошияти Таҳтови)

 

 

Қазои намози витр чанд ракъат гузорида мешавад? Оё дар ин ҳолат дуои қунут хонда мешавад ё на?

Бародари азиз, агар намози витр қазо шуд, ба ҳамон сурат бидуни тағйир қазо оварда мешавад. (Мароқи Фалоҳ)

 

 

Падарам одами хуб ҳастанд, вале намоз нахонданашон маро асабӣ мекунад. Гоҳо бо он кас сари ин мавзуъ ҷангҷол мекунам. Модарам мегӯянд, ки фарзанд ҳақ надорад падарашро ба ягон кор маҷбур кунад. Мехоҳам ба ин масъала равшанӣ андозед?

Шумо ҷавони намозхон бошед, ҳам ҳанӯз ба дарки асли Ислом нарасидаед. Вагарна падаратонро озор намедодед. Падару модар ду гавҳари ноёб ҳастанд, ки дар ҳама ҳолат эҳтироми онҳо воҷиб аст. Агар онҳо дар ҳолати куфр ҳам бошанд, бояд бо онҳо муносибати некӯ дошта бошед. Чунончи Қуръони карим мефармояд: “…Ва бо онҳо дар (маишати) дунё ба ваҷҳи писандида сӯҳбат дор” (Сураи “Луқмон”, ояти 15). Бинобар ин, падаре, ки намоз намегузорад, нисбати ӯ камтарин беэҳтиромӣ боиси гуноҳ аст. Лекин падару модар бояд пойбанди дастуроти динӣ бошанд, то ин ки фарзандон дар беҳтарин рӯҳияи инсонӣ тарбият шаванд. Шумо метавонен дар ҳаққи падаратон дуои хайр кунед ки намозхон шаван. (Шурои уламо)

 

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Тиҷорати Тоҷикистону Русия 21% афзуд

Савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли равон ба 7 млрду 943,7 млн доллар расидааст, ки дар он Русия ҷойгоҳи хост дорад. Дар ин муддат гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия беш аз 1,5 млрд долларро ташкил додааст. Ин дар муқоиса бо январ – июли соли гузашта қариби 21% зиёд мебошад. Дар ин...


Санбӯсаҳои зудпази картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 100 грамм панири тарошида, 700–800 грамм картошка, як бандча кабудӣ, 1 дона пиёз.   Барои хамир: 2 дона тухм, 2 истакон орд, 1 қошуқча намак, 1 истакон кефир. Тарзи таҳия: Картошкаро тоза карда, дар об пазед ва аз он картошкаи кӯфта тайёр кунед. Пиёзро майда реза...


Муҳоҷирон ба Русия бештар даромад оварданд

Дар ним сол аз ҳисоби муҳоҷирон ба буҷети Русия 321 миллиард рубл ворид шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 30% зиёд мебошад.   Ин нуктаро Андрей Кикот, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия дар вохӯрӣ бо Владимир Путин, президенти Русия зикр кард. Ба гуфтаи ӯ, аз ин маблағ, зиёда аз 60...


Аввалин пайванди ҷигар ва гурда дар вилояти Суғд анҷом ёфт

Дар шаҳри Хуҷанд амалиётҳои пайванди ҷигар ва гурда бори аввал дар вилояти Суғд анҷом дода шуданд. Ҷарроҳиҳо дар Беморхонаи клиникии №1-и шаҳр гузаронида шуда, ҳар ду амалиёт бидуни мушкилот анҷом ёфтаанд. Дар ин бора 2 сентябр дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии...


Беш аз 23,6 миллион рубл музди меҳнати муҳоҷирон баргардонида шуд

Дар ҳафт моҳи соли 2026 дар натиҷаи фаъолияти Намояндагӣ оид ба масъалаҳои пардохт нашудани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ба муҳоҷирони тоҷик 23 миллиону 655 ҳазору 452 рубл маблағи музди меҳнати пардохтнашуда баргардонида шудааст. Ин маблағ...