Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

Саволу ҷавоб

 

Дар рўзи ҷумъа гуфтани ибораи “ҷумъа муборак” дуруст аст?

Дар рўзи ҷумъа табрик кардани касе аз нигоҳи шариат амри мубоҳ аст ва монеъе надорад, чунки он маънои дуоро дорад, аслан рўзи ҷумъа муборак аст ва хуб аст, ки гўяд бо баракат бошад. (“Шуроиуламо”)

 

Хоҳиш мекунам, ки моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамариро пайдарпай номбар кунед?

Моҳҳои ҳиҷрии қамарӣ ба тартиб инҳоянд: Муҳаррам, Сафар, Рабиъул-аввал, Рабиъул-охар, Ҷумодал-ўло, Ҷумодал-ухро, Раҷаб, Шаъбон, Рамазон, Шаввол, Зулқаъда, Зулҳиҷҷа.

 

 

Рўзи зодрўзи ҳазрати Пайғамбар ﷺ дар кадом сана аст?

Мавлуди мубораки ҳазрати Пайғамбар ﷺ рўзи 12-уми моҳи Рабиъул аввал, яъне рузи 15-уми сентябр фаро хоҳад расид.

 

 

Лутфан бигўед, ки аз нигоҳи шариат гирди қабрро бо панҷара ё девор маҳкам кардан ҷоиз аст? Дар санги мазор ба ғайр аз исми мутаваффо чиҳоро навиштан мумкин аст (масалан “Бисмиллоҳ” ё номҳои Худованд)? Умуман гузоштани санг болои қабр дуруст аст?

Дар ҳолати зарурат гирди қабрро бо панҷараи чўбин ё девор маҳкам кардан ҷоиз аст. Инчунин болои қабр гузоштани санг ҳамчун нишона машруъ аст. Агар эҳтиёҷ пайдо шавад, навиштани ному насаб ва санаи вафот дар санги қабр боке надорад.

 

 

Таваккул аз таваккал чӣ фарқ дорад? 2. Дар вақти зикр кардан “таваккулту ъалаллоҳ” гуфтан дуруст аст ё “таваккалту ъалаллоҳ”? Худованд аз мову Шумо розӣ бошад.

Шакли дурусти ин калима “таваккул” аст ва он масдар аст ба маънои такя кардан, эътимод намудан ва кори худ ба Худо вогузоштан, вале дар забони гуфтугўи мардум ба шакли “таваккал” ба кор бурда мешавад. (Ғиёс-ул-луғот, ҷ. 1, с. 215; Фарҳанги забони тоҷикӣ, ҷ. 2, с. 297)

      1. Дар вақти зикр кардан “таваккулту ъалаллоҳ” гуфтан дуруст нест, балки “таваккалту ъалаллоҳ” бояд гуфт.

 

 

Домуллои азиз, мегуфтед, ки дар куҷои китоби Қуръон дар бораи намоз хондан қайд карда шудааст?

Дар ояти 17-18 сураи «Рум» Худованди мутаъол мефармояд: «Аллоҳро ситоиш кунед ҳангоме ки шом бароятон фаро расад ва чун субҳ барояд! Ӯ дар осмон ва дар замин ситоиш дорад. Нимаи нисфирӯзӣ ва пас аз нисфирӯзӣ Ӯро ситоиш кунед!» Инчунин дар ояти 114–уми сураи «Ҳуд» Худованд мефармояд: «Ва намозро ду тарафи рӯз ва соате чанд аз шаб барпо дор; ҳамоно тоатҳо гуноҳонро дур мекунанд. Ин барои пандпазирон панде аст».

 

 

Дар таксӣ нишастам ва ба ронанда 500 рубл додам. Ҳангоми фуруд омадан аз ў бақияи маблағро пурсидам. Ронанда бақияро дод. Баъдан дидам, ки ба ман 400 рубл зиёд додааст. Дигар ўро наёфтам. Ин маблағи 400 рублро чӣ кор бояд кунам?

Шумо то ҳадди имкон саъй кунед, ки соҳиби аслии он пайдо гардад. Агар пайдо шуд, хуб, вагарна онро дар ягон роҳи хайр садақа кунед.

 

 

Холаам ба бародарам шир додааст, аммо ба ман на. Оё ман метавонам бо духтари холаам издивоҷ кунам?

Шумо метавонед, ки бо духтари холаатон издивоҷ кунед. (“Ихтиёр”)

 

 

Лутфан бигўед, ки дар вақти ҳайз зан метавонад, ки сураи Қуръон гўш кунад?

Зан дар ҳолати ҳайз ё нифос Қуръон хонда наметавонад, аммо гўш кардани сураи Қуръон барои ў ишколе надорад. («Дурарул Хукком»)

 

 

Тоқӣ ё салла гузоштан суннат аст? Аз ҳадисҳо далел меовардед, зеро баъзеҳо мегўянд, ки суннат нест, балки расми мардуми араб аст. 2. Чаро дар назди хонаи Худо мардон сари бараҳна ва либосҳои нимаурён намоз мегузоранд?

Пўшидани сар аз ҷумлаи одоби либоси мусулмонӣ ва аз суннати набавӣ аст. Расули Худо ﷺ ҳеҷ вақт сари бараҳна намоз нагузоридаанд. Худованд дар ояти 31-уми сураи Аъроф мефармояд: “Эй фарзандони Одам, ба вақти ҳар намоз ороиши худро бигиред”. Муфассирон мегўянд, ки дар ин оят либос бо лафзи “зинат”, яъне ороиш таъбир шудааст ва ишора ба ин аст, ки ҳар намозгузоре мувофиқ ба тавоноии худ беҳтарин либосро дар вақти намоз бипўшад. Чунончи ҳазрати Имом Ҳасан одат доштанд, ки дар вақти намоз беҳтарин либоси худро мепўшид ва мефармуд: “Аллоҳ таъоло зебоиро меписандад, аз ин рў, ман барои ризои Худо зебоӣ ва ороишро интихоб мекунам”. Пас пўшидани сар низ аз ҷумлаи зинат ва ороиши намоз ва аз суннати Расули акрам ﷺ аст, ки бояд риоя шавад.

 

      1. Дар мавсими ҳаҷҷу умра вақте ки шахсе либоси эҳром мепўшад, сарро бояд бараҳна намояд, зеро ин аз талаботи ҳаҷ ва аҳкоми дин аст. Эҳром ду порча матоъи сафеди нодўхта аст, ки ҳоҷӣ дар вақти ҳаҷ ё умра онро ба тан мекунад.

 

Оё ҳамроҳи оила ва фарзандон ба тарабхона ё тамошо рафтан дуруст аст?

Ба сайругашт ва тамошо рафтан ишколе надорад, ба шарте ки дар ин ҳолат дастуроти дин риоя карда шавад, аммо рафтан ба тарабхонае, ки дар он ҷо корҳои хилофи дин аз қабили фаҳшу беҳаёӣ сурат мегирад, дуруст нест, зеро ба аҳли хонадон ва хусусан фарзандон, ки амонати илоҳӣ ҳастанд, таъсири манфӣ дорад.

 

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...