Ободии Ватан дар ободии оила аст

Ободии Ватан дар ободии оила аст

Ободии Ватан дар ободии оила аст

Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман» аз ноҳияи Сангвори зебоманзар модари азиз Тозагул Раҳмонова мебошанд.

 

Саволи мо ба модари меҳрубон чунин аст:

Солҳои охир шумораи вайроншавии оилаҳои ҷавон хеле зиёд гаштааст. Шумо ҳамчун зани рӯзгордида сабаби асосии ин падидаи номатлубро дар чӣ мебинед?

Дар урфият мегўянд, ки «оилаи бегона чун бешаи анбуҳ аст» ва аз берун истода, баҳо додан ба вазъи оилае хеле душвор аст. Аммо вақте мебинем, ки бо сабаби як мушкилии кўчак оилае парешон шудааст, дили кас хун мешавад.

Бадбахтии аз ҳама бузург – ин шикастани тақдири тифлакони волидайни аз ҳамдигар ҷудошуда мебошад. Падару модар шояд барои худ зану шавҳар меёбанд, аммо барои фарзандонашон ҳаргиз падару модар нахоҳанд ёфт. Барои ҳамин, пеш аз издивоҷ андеша бояд кард, чун ин ришта баста шуд, бояд онро мустаҳкам нигоҳ дорем. Ҳама давлату дороӣ пеши як қатра ашки тифлакони аз падару модари хеш зиндаҷудо як фулус арзиш надорад.

Насли мо чизпараст набуданд, онҳо ҳама чизро бо дастони худ сохтан мехостанд. Ҷуфти ҷавон якҷоя бори зиндагӣ мекашиданд, ба қадри тавони худ хонаву дар мекарданд. Ҷавонони имрўз, албатта на ҳама, колопарастанду мехоҳанд падару модар барои онҳо ҳама чизро тайёр карда диҳанд. Баъд, сабр надоранд, ки ин хислати ҳамидаи инсонӣ волотар аз ҳама ганҷи дунёст. Мехоҳанд ҳама чизро яку якбора пайдо намоянду соҳиб гарданд, аммо фаҳмидан ҳам намехоҳанд, ки барои соҳиби чизе шудан меҳнат кардан лозим аст.

Имрўзҳо, шукри ободонии Ватани зебоямон, фарқи байни шаҳру деҳот кам мондааст. Дар деҳоти мамлакат низ хонаҳое қад меафрозанд, ки бо тамоми шароит таъминанд. Ҷавонмардон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, бори ғарибиро ба сар мегиранд, то барои фарзандони хеш ҳама шароитро фароҳам биёранд.

Барои мустаҳкамии оила ва тарбияи фарзандон фақат ҳамдигарфаҳмӣ лозим асту халос. Зану шавҳар аз як гиребон сар бароварда, барои ободии оилаи худ бояд кўшиш намоянд, зеро ободии ватанамон низ аз ободии ҳар оила сарчашма мегирад.

Як омили дигари пешгирии оилавайроншавӣ – ин ба назар гирифтани фикри фарзандон пеш аз хонадор кардани онҳост. Беҳуда нагуфтаанд, ки:

Хишти аввал чун ниҳод меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...