Чӣ гуна пул кор кардану идораи онро омӯзем? Нигоҳи ду сарватманди ҷаҳон

Чӣ гуна пул кор кардану идораи онро омӯзем? Нигоҳи ду сарватманди ҷаҳон

Чӣ гуна пул кор кардану идораи онро омӯзем? Нигоҳи ду сарватманди ҷаҳон

Дар шароити имрӯз нархҳо боло мераванд ва имкониятҳо тағйир меёбанд. Аммо донистани чӣ гуна ба даст овардани пул, нигоҳ доштан ва зиёд кардан он хеле муҳим аст.

 

Коршиносони маъруфи соҳаи молия дар ҷаҳон, ба мисли Роберт Киосаки ва Бодо Шефер таъкид мекунанд, ки инсон пеш аз ҳама бояд муносибаташро бо пул тағйир диҳад, на танҳо маблағро бештар ба даст орад. Дар зер панҷ қадаме оварда мешавад, ки мутахассисони молиявӣ тавсия медиҳанд ва ҳар кас метавонад онҳоро бидуни харҷи зиёд дар ҳаёти худ амалӣ намояд.

 

Қадами аввали роҳи молиявӣ

Роберт Киосаки, муаллифи китоби машҳури «Падари сарватманд, падари камбизоат» мегӯяд: «Мушкилоти бештари мардум на дар набудани пул, балки дар набудани дониш аст». Китобҳо, курсҳои махсус, подкастҳо ва видеоҳои омӯзишӣ метавонанд фаҳмиши моро дар бораи пул, иқтисод, сармоягузорӣ ва имкониятҳои корӣ бештар кунанд. Сарватманди ҷаҳон Бодо Шефер низ таъкид мекунад, ки ҳар шахс бояд қобилияти иқтисодии худро ҳамеша рушд диҳад, зеро дониш беҳтарин сармоягузорӣ аст.

 

Эҷоди буҷети шахсӣ

Мутахассисон ба он назаранд, ки навиштани тамоми даромад ва хароҷот аллакай 30% мушкилоти молиявиро ҳал мекунад. Буҷет ба инсон ёрӣ медиҳад, то дарк намояд, ки пул ба куҷо меравад ва чӣ гуна метавонад хароҷоти нолозимро кам кунад. Бодо Шефер пешниҳод мекунад, ки ҳар шахс бояд бо пули худ “музокира кунад”. Яъне, ҳар як сомонии фоида ва хароҷот назорат карда шавад.

 

Одати хурд, аммо натиҷаи бузург

Агар шахс аз маош танҳо 10% пасандоз кунад, бо гузашти вақт маблағи зиёд ҷамъ мешавад. Ба ибораи дигар, “қатра-қатра оқибат дарё мешавад”. Боз Шефер таъкид мекунад, ки пасандоз танҳо ҷамъ кардани пул нест, балки тарзи фикрронӣ аст. Ин маънои онро дорад, ки пеш аз ҳама барои ояндаи худ маблағ ҷудо намоед, на барои хароҷоти рӯзмарра.

 

Даромади иловагӣ-амнияти молиявӣ

Роберт Киосаки борҳо гуфтааст, ки такя ба як манбаи даромад хатарнок аст. Барои ҳамин имрӯз миллионҳо одам дар ҷаҳон корҳои онлайн, фриланс, тиҷорати хурд ва хизматрасониҳои хусусиро интихоб мекунанд. Даромади дуюм на танҳо маблағ, балки имконяти бештар, таҷриба ва ҳатто роҳи нави касбиро ба вуҷуд меорад.

 

Сармоягузорӣ ва сохтани ояндаи устувор

Пеш аз сармоягузорӣ омӯзиш ҳатмӣ аст. Киосаки таъкид мекунад, ки сармоягузор бояд на пул, балки рафтори пулро омӯзад. Ин метавонад аз пасандозҳои бонкӣ ва харидани тило сар шуда, то сармоягузорӣ дар тиҷорат, моли қиматбаҳо ё амволи ғайриманқул идома ёбад. Коршиносон бар он назаранд, ки «сармоягузории беҳтарин – ин сармоягузорӣ ба дониш аст».

Вақте фаҳмиши иқтисодӣ пайдо мешавад, интихоби роҳҳои дуруст хеле осон мегардад.

Хулоса, саводи молиявӣ на танҳо барои сарватмандон, балки барои ҳар шахс зарур аст. Бо амалӣ намудани панҷ қадаме, ки ном бурдем, ҳар кас метавонад назорати молиявии худро беҳтар намояд. Ҳамчунин, ба ояндаи устувор замина гузорад. Тавре Роберт Киосаки мегӯяд: «Пул барои касе кор мекунад, ки чӣ гуна кор кардани онро фаҳмад». («Пресса.тж»)

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Аввалин пайванди ҷигар ва гурда дар вилояти Суғд анҷом ёфт

Дар шаҳри Хуҷанд амалиётҳои пайванди ҷигар ва гурда бори аввал дар вилояти Суғд анҷом дода шуданд. Ҷарроҳиҳо дар Беморхонаи клиникии №1-и шаҳр гузаронида шуда, ҳар ду амалиёт бидуни мушкилот анҷом ёфтаанд. Дар ин бора 2 сентябр дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии...


Аритмия. Вайроншавии набзи дил чӣ хатар дорад?

Дил муҳаррики асосии ҷисми инсон буда, саломатии мо пеш аз ҳама ба солимии ин узви ҳаётан муҳим вобастагӣ дорад. Аммо ҳолатҳое мешаванд, ки набзи дил вайрон шуда, иллату нуқсон пайдо мекунад.   Аз ҳамин сабаб мо тасмим гирифтем бо табиби нуқсонҳои дил, аритмологи интервенсионии Маркази...


Санбӯсаҳои зудпази картошкагӣ

Маҳсулоти лозима: 100 грамм панири тарошида, 700–800 грамм картошка, як бандча кабудӣ, 1 дона пиёз.   Барои хамир: 2 дона тухм, 2 истакон орд, 1 қошуқча намак, 1 истакон кефир. Тарзи таҳия: Картошкаро тоза карда, дар об пазед ва аз он картошкаи кӯфта тайёр кунед. Пиёзро майда реза...


Зиндагии Аҳмади Дониш

Ташаккулёбии чаҳонбинии Аҳмади Дониш   Яке аз фозилтарин фарзандони Бухорои Шарифи асри XIX Аҳмад Махдуми Дониш, мулаққаб ба Аҳмади Калла (1826-1897) ба ҳисоб меравад. Ӯ дар шаҳри Бухорои Кӯҳна, дар оилаи Носир ном мулло ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби хусусии духтаронаи...


САВОЛУ ҶАВОБ

Мехоҳам маънои сано, тасбеҳот, тасмеъу таҳмид ва зикру дуоҳоеро, ки дар дохили намоз хонда мешаванд, бидонам. Тарҷумаи зикрҳо ва дуоҳое, ки дар намоз хонда мешаванд, ба сурати зайл аст: Сано: «Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа...