Сеҳри муносибати бузург

Сеҳри муносибати бузург

Сеҳри муносибати бузург

Инсон ба хушбахтӣ ниёз дорад. Аз ҷумла барои бахти баланд ва оромии хонавода дойим талош мекунад. Мехоҳед, ки сеҳри муносибати бузурги байни ҳамсаронро бифаҳмед? Ягон сеҳре вуҷуд надорад.

Муносибати намунавӣ чист? Чизи беҳтар, пуррае, ки тақсим нашавад. Ин албатта дар бораи муносибат нест. Дар ҳолати муносибати байни ду одам, албатта хатову ҷудойиҳои хел зиёде рух хоҳад дод. Чунин рӯзгор ба ҳамагон маълум аст. Дар ин ҷаҳон ягон хели муносибати намунавие вуҷуд дорад, ё не? Ҳаргиз чизе комилу намунавӣ набуд. Намуна танҳо Ӯ, яъне Офаридгор аст, ки инсонро сохт (халқ) кард. Дигар касеву чизе намуна нест, ки набуд. Бинобар ин, рафтори байни зану шавҳар ҳеҷ гоҳ намунавӣ шуда наметавонанд.

Ҳамаи мо, ҳам марду, ҳам зан тарафи мусбию ҷониби манфӣ низ дорем. Ҳамчунин баъзе хислатҳои сифатан баландеро соҳиб шудаем, ки иваз кардани онҳо маъне надорад. Нияти ба одами дигар табдил додани касе ба ҷое наоварда аст. Агар мо ба муносибати дохили оилае аз диди дин назар кунем, мебинем, ки дониши динӣ моро ба он даъват месозад, то якдигарро дар шакли ҳастӣ, яъне чӣ тавре, ки ҳастем, ҳамон хел қабул созем. Маҳз ҳамин дин ҳаст, ки ба мо меҳрубонии ҳақиқӣ, якдигарфаҳмӣ, ба ҳамдираг дилгарм буданро ёд дода, дастгирӣ мекунад.

Дин бойис мешавад, ки мо дар бораи “ман мехоҳам”, ё “ба ман лозим аст” фикр кунем. Ҳамчунин дониши динӣ ба он даъват мекунад, ки мо аз болои нафси худ кор кунем. Фард бояд пеш аз он дар зиндагии худ, дар бораи сабаби пойдоиши худ дар табиатро фикр кунад, на дар бораи атроф. Сарзаниш кардан, яъне хеле осон аст, ки ҳама касу чизро ба ғайр аз худи худпараст гунаҳгор ҳисобидан аст. Чунин фаҳмиш ба монанди меҳр андар Офаридгор вуҷуд дорад. Чӣ навъ меҳр ба Ӯст аз инсон? Ин чунин ишқест, ки тамоми рафтори худро баҳри ризоияти Худованд анҷом хоҳем дод. Дар ин ҳолат, аз ҷониби ҳамсарон ягон даъвое ба миён нахоҳад омад. Дар ҳолате, ки Шумо аз барои ризоияти Худованд чизеро бахшидед, ҳеҷ гоҳ аз одамон ҷавоби ҳиссиётеро интизор машавед.

Ҳеҷ гоҳ муносибати худро дар шакли доду гирифт (бартер), яъне ман ба ту, ту ба ман, анҷом надиҳед. Дар ин ҳолат, агар чизи заруриро ба даст наорем, норозигии калоне изҳор карда, дар ғазаб олуда шуда, бисёр вақт қасд мегирем. Магар чунин нест? Масалан, мегӯем, ки: “...Чӣ хел ман зебоям, ҳама корро аз рӯйи шариъат мекунам, лекин касе маро қадр намекунад, ҷаро?”. Чунин ҷараёни фикронӣ дар ҳама табақаи занҳо баръало дида мешавад. Дар ин ҳолат байни зану мард девори нофаҳмӣ, сарзаниш, адовату ранҷиши зиёде ба миён хоҳад бархост. Мо намехоҳем, ки дар ин навбат низ вазнинии масъулиятро ба гардани занҳо гузорем, лекин мутобиқи қонуне, ки на аз тарафи мард ихтироъ шудааст, зан бояд оилаи хешро нигаҳбон бошад. Мард эҷоду зан ҳифз мекунад. Албатта иттиҳоди ду нафар, яъне зану мард чизи хеле нозук аст. На ҳама маврид сулҳ байни ду тараф барпо карда мешавад. Чӣ гуна онро эҳтиёт метавон кард?

Шояд, ҷо ба ҷогузории бартариятҳо кумак кунад? Шояд, замони дигаре ҳамзист шуд? Ҳадафи муштараке метавонад ёрӣ расонад? Ин ҷо ҳатто дӯст доштани якдигар низ ба кор нахоҳад омад. Бисёр вақт байни ҳамсарон мушкилӣ аз гуфтаҳои боло, яъне аз ранҷу малолсозӣ туҳмату ғайбати дигарон ба миён меояд. Бинобар ин, бисёр хуб мешуд, ки агар зане бо даъвою шикояти худ зидди шавҳар барнахоста, баръакс, ҷойи гармеро дар канори ӯ интихоб карда, зидди чунин туҳматҳо якҷо мубориза барад. Агар мард бинад, ки дар паҳлуш занест пур аз меҳру фидои хонавода, қурбони ӯ шуда, ҳеҷ чизро барояш ҳозир, дар оянда, ё баъдан дареғ намедорад. Дар хотимаи суҳбат гуфтанием, ки ҳаргиз душманро интихоб накунед. Танҳо меҳр ба дӯстон оваред.

ОМИНА АБДУЛЛОЕВА

2026-09-01 (Рабиул аввали соли 1448) №9.


Тозаги дар ахлоқи пайғамбар ﷺ

Дини мубини Ислом асрҳо пеш барои тозагӣ ва солимии ҳам бадан ва ҳам рӯҳ таъкид кардааст ва дар ин мавзуъ қоидаҳо ва ҳукмҳои ҷиддиеро пешниҳод намудааст. Ҳамаи ин қоидаҳо ҳифзи саломатии инсонро мавриди ҳадаф қарор додаанд.   Дини Ислом тозагиро яке аз заруратҳои имон ҳисобидааст. Аввалин...


Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ соҳиби 12 медал шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, ки рӯзҳои 15–16 август дар Душанбе баргузор шуд, 5 медали дигар ба даст оварданд. Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 95 кг медали тилло гирифтанд. Шарифҷон Назриев дар вазни беш аз 95...


Чин дар Зарафшон ду нерӯгоҳ месозад

Як ширкати чинӣ дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи барқӣ-обӣ месозад. Ин нерӯгоҳҳо дар ҳавзаи дарёи Зарафшон бунёд хоҳанд шуд. Қаблан гуфта мешуд, ки ин нерӯгоҳҳоро Тоҷикистону Ӯзбекистон муштарак бунёд мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ширкати чинии China Gezhouba...


Зафар Азимов – намояндаи насли нави сармоягузорони тоҷик

Миёни соҳибкорони тоҷиктаборе, ки давоми даҳсолаҳои охир дар фазои иқтисодии Русия мавқеи намоён пайдо кардаанд, Зафар Азимов аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохта ба ҳисоб меравад. Ӯ намояндаи насли нави соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷик аст, ки фаъолияти худро бар пояи донишҳои муосири иқтисодӣ ва таҷрибаи...


Моҳи мавлуди босаодат – моҳи сафо ва муҳаббат

Эй номи Ту беҳтарин сароғоз Бе номи Ту нома кай кунам боз.   Инак моҳи мавлуди гиромии Паёмбари азимушшаън саллаллоҳу алайҳи ва саллам фаро расид. Мавлуди он нафаре, ки Ҳабиби ҳазрати Ҳақ аст ва маҳбуби дилҳои муъминон. Он вуҷуди азизе, ки хушбахтии уммат хушбахтии ӯ буд ва растагории онҳо...