Оинаи чашми духтар - Модар

Оинаи чашми духтар - Модар

Оинаи чашми духтар - Модар

Ҳеҷ шоир мисли модар ин қадар бедор нест,

Дар сари гаҳвораи шеъраш чунин афгор нест.

Ҳаст ҳар як сатри шоир қатрае аз хуни дил,

Ҳамчунон модар, вале ӯро дили хунбор нест.

 

Модар! Дар зери ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву муҷассамаи ҳоксорӣ ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз модар мавҷудоте нест Оре, маҳз бо туфайли ҷонкоҳонии модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лаҳзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирему мегӯем: Модарам! Модарҷонам! Меҳру муҳаббату самимияти модар ва шабзиндадориҳои модар-ин ҳамаро бо ҳеҷ чиз баробар натавон кард. Модар ҳаст, ки мо ҳастему ҳаёт ҳаст. Кист он касе, ки аллаи модаро нашунида бошад, аз шири сафеди ӯ баҳра наёфта бошад.

Модар! Шумо чашмаи ҳастии инсон ҳастед ва ҳаёти инсон ба Шумо вобаста. Калимаи Модар калимае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон як хел оҳанги навозишкорона дорад. Синнусоли мо чанде, ки набошад, хоҳ тифл бошем хоҳ калонсол, барои мо Модар навозишу нигоҳи вай зарур аст. Ва ҳар қадре, ки муҳаббати кас ба Модар зиёд бошад, ҳамон қадар фарахбахшу дурахшон аст.

Муроҷиату муносибати фарзандони дурафтода ҳама ба сўйи модар нигаронида шудаанд ва дарди алами фарзандро касе ҷуз модар дуруст дарк карда наметавонад.

Дар як байти хеле машҳури Низомии Ганҷавӣ омадааст, ки:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст, Дар зери қудуми модарон аст.

Ин байт дар асоси яке аз ҳадисҳои ҳазрати Расули акрам ﷺ эҷод шуда, дар байни мардум паҳн шудааст ва гуфтан мумкин аст, ки он ба шакли зарбулмасал дар байни мардум роиҷ гардидааст. Дар он мақоми модар ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он дунё хеле баланд бардошта шуда, таъкид мешавад, ки ҳатто ҷаннат – макони беҳтарини охирати инсонҳо дар зери қадамҳои модарони мо хоҳад буд. Барои он ки меҳнати модарро фарзандон бидонанд, мегўянд, ки «То баччадор нашавӣ, ба қадри падару модар намерасӣ!». Яъне, он ранҷу азобҳое, ки модару падар мекашанд, танҳо пас аз фарзанддор шудан мефаҳмӣ, ки модарат барои ту чи қадар ғамхорӣ кардааст. Воқеан, модар ҳамон тарзе ки дилаш мехоҳад, ҳамон тавре ки муҳит талаб мекунад, фарзандро тарбия мекунад.

Яъне, фарзандро дар роҳи дуруст, роҳи нек, ростиву росткорӣ, некиву накўномӣ, родмардиву адолатхоҳӣ, дар роҳи инсони комил шудан парвариш менамояд. Ҳамаи шахсиятҳои бузург, сиёсатмадорон, адибону шоирон ҳама фарзандони модар ҳастанд. Ҳама ба бузургии модар қоил будаанд ва ҳамин мазмун дар як зарбулмасал омадааст, ки: «Мардро модар бошад тоҷи сар». Яъне, ҳар куҷое, ки марде ҳаст, модар тоҷи сари ў аст, баракати хонадону давлати ўст, роҳнамои зиндагию маслиҳатгари ў мебошад.

 Ҳамчунин нависандагону олимони фарзона тавсифи модарро дар асарҳои арзишманди хеш баён намудаанд. Хизмати модар намудан қарзи ҳар кас будааст, Хизматаш ҳар кас накард номарду нокас будааст. Пас, биёед модаронамро дӯст дорем, ҳурмат кунем то он даме, ки онҳо ҷон дар баданашон доранд на баъди маргашон.

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Чалпак бо ҳасиб

Маҳсулоти лозима: 3 тухм, 200 грамм орд, 400 мл шир, 30 мл равғани офтобпараст, 100 грамм ҳасиб, 100 грамм панир, 2 помидор, кабудӣ мувофиқи табъ, намак.   Тарзи таҳия: Шир, тухм ва намакро хуб лат занед. Сипас орди аз элак гузаронидашударо илова карда, хуб омезиш диҳед. Помидор, кабудӣ...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...


5 ғизои муфид барои фаъолияти мағзи сар

Мағзи сар яке аз узвҳои асосӣ ва сермасрафи бадан аст ва барои фаъолияти дуруст ба ғизо, об ва микроэлементҳои зарурӣ ниёз дорад. Вақте организм аз ин моддаҳо камбудӣ эҳсос мекунад, инсон зуд хаста мешавад, диққаташ парешон мегардад ва қобилияти хотира метавонад коҳиш ёбад.   Мутахассисони...