Ғизои солим
Ғизои солим

Нони солим барои саломатӣ ва роҳати ба мардум пешниҳод карда мешавад. Ҳамаи мо, ҳатто як сония ҳам наметавонем зиндагии худро бе нон тасвир кунем. Ҳангоми ба фурӯшгоҳ даромадан, ҳар яки мо бӯйи хуши нони тоза пухтаро ба хубӣ ҳис мекунем. Фарқе надорад, ки мо ин нонро мехарем, ё не, лекин лаззати он моро дойимо мафтун месозад.
Замоне 15 сол пеш аз ин, ба мо мегӯфтан, ки пухтани нон аз хамир бо хамирмон (дрожжи) хеле муносиб буда, барои фурӯш низ хуб аст. Пухтани ғизои солими бомазза ва дар зинда кардани анъанаҳои бобойӣ даст медиҳад. Ба худ мегӯфтам: “Кӣ чунин нони маро мехарад, он ба кӣ лозим?”.
Сол ба сол, тарафдорони ғизои солим бештару бештар мешавад, ки ҳатто нони бе хамирмон пухтаро беҳтар шуморида, барои хонавода мехаранд. Ҳамин хел бошад? Мумкин ин як навъ намойиш дар бозори нон бошад?
Фарқи асосии нон дар чист?
Чунин нонро, нони бе хамирмон мегӯянд. Зери вожаи “нон” мо кулча, ё фатирро низ дар назар дорем, ки танҳо аз орду об пухта шуда, яке аз маъмултарин нон барои мардуми Осиё Ҷанубӣ, Африқо ва Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Шаклан нони бехамирмон бо каме нармии дамида, ё варам карданаш аз нони бо дигар маводҳои иловакарда хеле фарқ мекунад. Маҳсулоти дар корхонаҳои нонпазӣ, ки бо хамири табийӣ нисбати нони оддӣ, каме зиёдтар нигаҳдорӣ шуда, зуд сахт намешавад. Ҳоло, барои касе пӯшида нест, ки аз қадим то ба ҳозир дар кишварҳои Руси қадим ва Қафқоз нони бо хамирмони оддӣ пухта мешуд.
Ордро бо об хелида, 1 шабонарӯз дар ҷойи гарм мегузоранд, то ба хамир бирасад, баъд боз бо оби дигар, ҳамин тавр чанд маротиба хелида мегиранд. Дар чунин омеха микробу организҳои зиёд пайдо шуда, баъдан ҷараёни туруш шавӣро ба вуҷуд оварда, оқибат хамири хеле пухта омода мегардад. Хушбахтона сеҳри хамирсозӣ аз ҷониби нонвоёни забардаст кушода шуда, ҳоло боз ҳам хубтар истифода мегардад. Хамир карданро ҳар яки мо дар шароити хона ба осонӣ метавонем анҷом дода, ҳар гуна нони гарми бомаззе пухт.
Тафовути кулчаи бо хамирмон пухта дар он аст, ки барои ба дурустӣ расидани хамир 1 шабонарӯз интизорӣ бояд кашид. Хамири бо турушак хелида, дар 3 соъат метавонад расад, ки дар корхонаҳои бузурги нонпазӣ ба хубӣ истифода карда шуда, дар 1 шабонарӯз чандин маротиба хамирхелӣ карда, ба мо нони гарму бомазза омода мекунанд.
Аз чунин пухтан чӣ фоида аст?
Александр Кунитсин табиби диетолог дар чунин ақида аст, ки бактерияҳои зиёд орду обро туруш карда, хамири барои бадани инсон фойидарасонеро ба вуҷуд меоранд.
Маҳсулоти хамиртуруш дошта башад, ҷараёни ҳазмшавиро дар рӯдаҳо тез карда, кӯррударо аз ҳар гуна маводи зиёда мешӯяд. Нони ба воситаи химиртуруш пухташуда, дар таркиби худ бактерияҳое дорад, ки маззаи нонро каме турш мекунад.
Таркиб ва қувватнокӣ.
Барои пухтани чунин нон орди сабӯсдори гандум дар андозаҳои гуногуни одатан 1:1, ё 1:4-ро истифода мекунанд. Ба шарофати дар таркиби нон будани чунин маводҳо, баъди пухтан дар таркиби он витаминҳо А,Е,В боқӣ мемонад, ки барои парвариши бадан хеле хуб аст. Сиркои некотин (халестелин)-и хуни баданро танзим карда, барои пайдо шудани гемоглобин сабагор магардад.
Албатта ҳаҷми қувватнокии нон аз хамиртуруш ва орди интихобшуда вобастагӣ дорад. Масалан, нони пудраи ҷавдор 199, аз гандум 225 килоколор аст. Акнун, бори дигар фоидаи нони бе хамирмон пухтаро дида мебароем, ки:
1. Кори ҳазм кардани ғизои дохили шикамро беҳтар мекунад.
2. Дохили рӯдаҳоро аз ҳар гуна моеи ҷамъшуда халос мекунад.
3. Маҳсулоти бе хамиртуруши дар нонвой пухта шуда, намегузорад, ки шикам дам карда, одамро нороҳат созад.
4. Ба шарофати магния ва калияи дар худ дошта, ҳолати кори дилро хеле сабук месозад.
5. Чунин маҳсулоти камқувват-доштаро парҳезкорон истеъмол кунанд ба маврид аст.
6. Хамиртуруше, ки барои пухтани чунин нон истифода мегардад, маводи дохили медаро халалдор накарда, ба ишкамравонӣ намерасонад.
7. Лактобактерияҳои дар нон вуҷуд дошта, ба хубтар ҳазм кардани витамину минералҳо оварда, баданро аз нерӯ, ё энергия саршор мекунад.
Чунин нон ба занон аз он кӯмак мекунад, ки доимо зебову ҷавон бошанд. Ба мардон бошад, қуввату тавонойӣ медиҳад. Нони бехамирмон барои кӯдакон низ хеле фоидаовар аст. Барои он, ки дохили он калий вуҷуд дорад ва барои инкишофи устахони кӯдак, сири дандон ва тараққӣ ёфтани фаъолияти мағзи сари ҷавон кӯмак мекунанд.
Барои касоне, ки аз дунболи халос шудани вазни зиёди бадан ҳастанд, истеъмоли камтари он одамро сер мекунад, ки аз пурхӯрӣ нигаҳ медорад. Ғизошиносон дар 1 рӯз хурдани 100-200 грамм чунин нонро тавсия медиҳанд, ки аз фоида холӣ нест.
Пизишкон ба одамони бемории қанд (диабет) дошта, тавсия медиҳанд, ки, аллбатта бо меъёри муайяни дар 1 рӯз 100-150 грамм нони бе хамирмон пухтаро истифода кунанд.
Нони бе турушак, ё хамирмон пухта, чанд бартарӣ дорад, лекин дар назад бояд дошт, ки ин ғизои орди гандум аст. Нисбати нони хамирмон бошат каме ба сири дандон таъсир мекунад.
Чизи муҳими дигар он аст, ки кори корхонаи нонпазиро хуб омӯхт, зеро бархе аз нонвойхонаҳо ба ҷои хамиртуруш ва махмари ваҳшӣ истифода мекунанд, ки ба бадани одам таъсири бад дорад.
Нони хубро чӣ тавр интихобу нигаҳ дошт?
Ҳангоми хариди нон ба он аҳамият бидиҳед, ки дар таркиби он қанду асал вуҷуд дошта бошад. Албатта нони навпӯхта бошад, на нони чандрӯзаи зағора баста. Нони тоза бояд сахтаки хӯбӯй бошад.
Лозим аст, ки чунин нонро дар карбоси аз риштаи зағирпоя бофта нигаҳ доред, ки аз замон қадим ба мо маълум мебошад. Дар ҳавову ҳарорати хона, нон то 7 шабурӯз бе осебе нигаҳдорӣ мешавад. Нонро дохили яхдон гузоштан, тавсия дода намешавад, ки дар хунукӣ мазза ва хӯшбӯйиашро гум мекунад. Ҷойи аз ҳама хуби нигаҳ доштани нон, ин нонмонаки аз чӯб сохташуда мебошад. Агар илоҷ бошад, нонро дохили халтаи плостикӣ, ё салафан магузоред.
Мавзӯйи дигар. Нони хонагии бо обу қурғот.
Осонии ин дастур, ё тарзи пӯхтан дар он аст, ки имконияти нонро хеле тез пухта дорад. Чунин сеҳрро ба назар бигиред, ки ҳар гуна нони бо содда пухта варамаки мулойим шуда, пеш аз истеъмол хамирро чанд соъат зери карбос гузоред, то хубтар варам кунад, ё нағз бирасд. Барои он, ки то замон пеш аз қабули ғизои дигар гарму нарму хӯб ба дастархон пешниҳод кунед.
Нони ҷавдор.
Ду истакон орди ҷав, 1 қошуқи чойхӯрӣ намак, ним қошуқча қанд, 2 қошуқ пудра ва дигар хушбӯйиҳоро ҳамроҳ карда, 1 истакон оби гармро рехта, то хамир гаштан хелидан лозим мешавад. Баъд аз хелидан, метавонед каме истиҳат, дим гиред, ё зуд зувола гирифта, шакли нонро болои рафида соз карда, болои он каме кунҷид пошида, дохили нонпазак (духовка) зери 180 дараҷа гармӣ, на камтар аз 40 дақиқа нигоҳ доред, ки хуб пухта шавад.
Нони сабӯсдори бо қурғот
Хамирро аз 450 грамм орд, 1 қошуқи чойхӯрии намак ва ним қошуқча содда омода карда, 350 грамм ҷӯрғот рехта, хуб хелидан зарур аст. Баъд шакли нон, ё кулчаро сохта, боли онро бо корд хатреза кард. Дохили нонпазак зери 180 дараҷа гармӣ, 35-45 дақиқа нигоҳ дошт.
Эзоҳ!
Метавонед нони питор (лаваш)-и бо ҷурғоту аз ҳар гуна ордро дар моҳитоба (скавародка) пазед. Ҳамчунин хамирро то 1 сантиметр тунук карда, боли моҳитоба (скавародка) гузошта пазед. Дар ин ҳолат, болои хамирро пӯшонда, оташи гармиро хеле кам кард. Ҳомон замоне, ки пойини хамир сурх шуд, рӯгардон кунед. Ба ин ҳол, то ҳар ду тарафи хамир бирён нашавад, кулчаи пӯхатро нагиред. Агар зарур гардад, хамирро чанд маротиба метавон рӯгардор кард.
Мебинед, ки нони гарму сурхаку хушбӯё омода сохтаед, ки каме онро гузоред, то хунуктар шавад. Баъди ин, Шумои азизи мо, метавонед аз чунин нони хеле бомазза лаззат баред.
Иштиҳои хубро бароято орзу дорем.!