ОИЛА

ОИЛА

Гӯгирд барои кӯдакон бозича нест

Шумо медонед, ки гӯгирд бозича барои кӯдакон нест?! Онҳое ҳастанд, ки чунин фикр намекунанд. Достон, нақли кӯтоҳи имрӯзаи мо метавонад назари шуморо дар ин бора тамоман дигар кунад.

Мӯсо шашсола аст. Боре падарам диданд, ки Мӯсо дар дасташ қуттии гӯгирд дорад. Онро гирифта, ба писар фаҳмонд, ки кӯдакон набояд бо гӯгирд бозӣ кунанд. Ин хеле хатарнок аст ва метавонад ба оқибатҳои бад оварда расонад. Мӯсои ҷавон ғамгин гашт. Ҳеҷ намефаҳмид, ки барои чӣ падар аз гӯгирд ин қадар метарсад. Ба фикри худаш калон шуда бошад ҳам, лекин то ҳол дуруст гуфтугӯ карданро намедонист ва ба падар чизе ҳам нагуфт. Каме баъд дилгир шуда, дар ҳавлӣ ба ҷустуҷӯйи ягон чиз барои бозӣ карданро сар кард ва баъди гардиш боз бо ҳамон қуттии гӯгирд рӯ ба рӯ шуда монд. Қуттиро дар даст гирифтан замон сухани падар ба ёдаш омад. Ният кард, ки онро ба ҷояш гузорад.

-Чӣ кор шуда мешуда бошад, -гуфта, аз дохили қутти 1 дона чӯбро бароварда, фурӯзон кард. Чӯбча зуд сӯхта, оташи он ҳам нест шуд. Қаноатмандона табассум карда, боварӣ ҳосил кард, ки ягон ҳодисаи нохӯше рух надод. Донаи дигари гӯгирдро дар дода, дид, ки дарозтар сӯхта бошад ҳам, боз оташаш нест шуда рафт. Дар ҳайрат монд. Хост бубинад, ки чӯби сӯхтаистодаро чан вақт дар даст нигоҳ дошта метавонад. Ду донаи аввалро хомӯш кард, лекин донаи сеюмро хост дарозтар дар даст дорад, ки нашуд. Оташ ба ангуштон таъсири сӯзон расонда, маҷбураш кард, ки панҷаро кушода, онҳоро партояд. Оташро болои ҳуҷҷатҳои падар, ки рӯйи мизи қаҳванӯшӣ буданд, партофт. Дар 1 замон оташ ҳуҷҷатҳоро фаро гирифт. Алангаи оташ аз 1 варақ ба варақи дигар гузашта, рӯйи мизро оташи калон гирифт. Мӯсо хост оташро нест кунад, лекин чизе наёфт. Шӯълаи оташ торафт болотару алангаи он сахттар шуд. Забонаки оташ ба пардаи наздики миз расида, дере нагузашта тамоми ҳуҷраро фаро гирифт.

Мӯсо сахт тарсид. Аз дуди ғализ нафаскашияш душвор мешуд, ва хост берун шавад, лекин даромади хонаро оташ баста буд. Хушбахтона, падар дар наздикӣ буд ва зуд писарашро аз дами оташ раҳо кард. Ба идораи оташхомӯшкунӣ занг зад. Сӯхтори хона бартараф карда шуд. Талафот зиёд нашуда бошад ҳам, маҷбур шуданд, ки утоқро аз нав таъмир карда, асбобҳои хонаро иваз кунанд. Мӯсо аз шарму аз тарси зиёд пеши падар истода, ба чашмони ӯ нигарист. Бахшиш пурсида, ваъда дод, ки дигар гӯгирдро ба даст гирифта, бозӣ нахоҳад кард. Падар на аз сӯхтани анҷоми хона, балки аз писар зиёдтар тарсид. Дид, ки ӯ сахт тарсидааст, барои ҳамин сухани сахт нагуфта, сарзаниш накард. Мӯсоро ана ҳамин рафтори бад ва ҳодиса ҷазо дода буд. Бори дигар падар таъкид карда гуфт, ки агар падару модар чизеро барои фарзанд манъ кунанд, ин танҳо барои имнияти онҳост.

Рӯзадорӣ ва гуруснагӣ

Бо дуруд ба Шумо, дӯстони азизи ман! Хадиҷаи бо шумост ва умедворам, ки дилгир нахоҳед шуд, ва аз ҳама муҳим он аст, ки бори дигар ба 1 хулосаи муҳиме оед, ки дар хато накардан ёрирасони шумо гардад.

Ҳусейн бо дӯсташ дар наздикии мадраса зиндагӣ мекард. Ҳини рафтан ба мактаб, пиразанеро медиданд, ки канори роҳ нишаставу дар даст навиштаи: “Кӯдаконам чанд рӯз аст, ки чизе нахӯрдаанд”-ро медиданд. Зан аз роҳгузар кӯмак металабид. Касе дастгирӣ мекарду дигаре гузашта мерафт. Бачаҳо бошанд, на ба зану на ба навишта аҳамияте намедоданд. Боре сари дастархон, модари Ҳусейн гуфт, ки: “... фардо моҳи Шаъбон меояд. Дар ин моҳ рӯза гирифтан хеле матлуб аст.

Ҳусейн дарҳол барои рӯза гирифтан омодагии худро нишон дод, вале дар хиҷолат буд. Аввалин бор аст, ки рӯзадорӣ хоҳад кард ва намедонист, ки аз ӯҳдааш мебарояд, ё не. Субҳ расид. Пас аз наҳорӣ Ҳусайн бо падар барои гузоштани намози бомдод сӯйи масҷид шуданд. Баъди чанде ӯ ҳис кард, ки гурусна шуда истодааст. Канори масҷид, аз пеши мағозаҳо гузашта, чашмаш ба шириниҳо расида бошад, ҳам кӯшиш мекард, ки дар бораи хӯрок фикр накунад. Нисфи рӯз ҳам гузашт. Барои хӯрокхурдан чанд соате монда буд. Писари ҷавон хеле сахт гурусна шуда буд. Дар мактаб бошад, баъзе аз талабаҳо шириниву дигаре чизи бомаззаеро мехӯрд. Ба болои ин, бӯйи ошхонаи мактаб ба димоғаш расида, сараш чарх мезад. Замони ба хона омадан ҳамон зане, ки кӯмак талаб мекард, аз пешаш гузашт.

Ҳусейн дар фикр афтод, ки 1 рӯзи рӯзадорӣ ин қадар дарозу сахт бошад, пас, ҳар рӯз гурусна мондани фарзандони ин зан чӣ хел мегузарад. Ҳусейн бо модар пеш аз хӯрдан (ифтор) кардан, рӯймолро пур аз хӯроки боллазат баста карда, пеши пиразан бурданд, ки худ ва фарзандонро сер кунад. Аз ин баъд, Ҳусейн аҳволи сахти камбизоатонро фаҳмид, ки рӯзҳои дароз гурусна мемонанд. Ҳусен метавонист, ки хона рафта, чизе бихӯрад, лекин ин бечораҳо чунин имкон надоранд. Шафқату ҳамдардиро ҳар яки мо бояд дошта бошем. Сахтдил нашуда, меҳрубон бошем. Биёед ба атроф бодиққат назар кунем. Шояд ба касе кумаки мо лозим ояд. Мумкин аст, ки аз мо ягон чиз пурсиданро шарм мекунанд. Бо чашми диққат ба атроф нигарем ва бубинем, ки мо то чӣ андоза дастгир шуда метавонем.

ОЛФИЯ ИДРИСОВА

2026-07-01 (Муҳаррами соли 1448.) №7.


Бозии дӯстонаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар Турсунзода

Мухлисони футбол дар шаҳри Турсунзода пас аз танаффуси тӯлонӣ боз шоҳиди бозии тими миллии футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Талко-Арена” хоҳанд шуд.   Рӯзи 5-уми июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи рӯзҳои расмии FIFA дар як бозии дӯстона бо тими миллии Ҳиндустон рақобат...


Раҳим Азимов – ягона тоҷик дар Думаи давлатии Русия

Раҳим Азимови 61-сола яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсии тоҷиктабор дар Федератсияи Русия ба шумор меравад. Ӯ айни замон вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия ва муовини якуми раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба амният ва муқовимат бо коррупсия мебошад.  Раҳим Азимов дар Шӯроби шаҳри Исфараи...


Кумаки Русия ба мактабҳои Тоҷикистон

Русия дар доираи барномаи Созмони Милали Муттаҳид ба мактабҳои Тоҷикистон наздики 260 тонна маҳсулоти ғизоӣ кумак намуд. Кумаки башардӯстона равғани офтобпараст ва нахӯди зардро дар бар мегирад. Ин маҳсулот барои дастгирии барномаҳои ғизодиҳии мактабӣ ва беҳтар намудани вазъи таъминоти ғизоии...


Масъала танҳо доштани телефон нест!

Солҳои охир масъалаи танзими рафтори ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ба яке аз мавзуҳои баҳсталаби ҷомеа табдил ёфтааст. Бо рушди технология ва густариши истифодаи интернет, тарзи муносибат ба воситаҳои техникӣ низ дигаргун шудааст. Аммо баъзе маҳдудиятҳо ва иҷозатҳое, ки имрӯз амал мекунанд,...


Маърифати молиявӣ. 5 роҳи сарфа кардани пул

Ҳамарӯза мо барои хариди маҳсулоти рӯзгор вориди мағоза ё бозор мешавем. Оё медонед, ки харид кардан ҳам қоидаҳои худро дорад? Пас, 5 қоидаро бароятон пешниҳод менамоем. Ба назар сода менамоянд, аммо барои сарфаи пулу зиндагии беҳтари шумо кӯмак мекунанд.   Якум, харид аз бозор роҳи хуби...