Волидон ё интернет. Кӯдакро кӣ бояд тарбия кунад?

Волидон ё интернет. Кӯдакро кӣ бояд тарбия кунад?

Дар давраи наврасӣ ҷаҳонбинӣ, самтҳои арзишӣ, худшиносӣ, мавқеи шаҳрвандӣ ва хислатҳои маънавӣ ва ахлоқии шахс фаъолона ташаккул меёбанд. Дар ин марҳилаи рушд ба тарбияи онҳо диққати махсус мебояд. Бахусус, дар замони ҳозир, ки интернет “муаллим”-и фарзандони мо шудааст…

 

Қабл аз ҳама, як чизро бояд хотиррасон кунем, ки дар марҳилаи имрӯзаи тарққиёти ҷомеа нақши интернет дар ташаккули ақидаи шаҳрванди оянда асосӣ мебошад. Дар ҷаҳони имрӯза масъалаҳои амниятӣ сол ба сол муҳимтар мешаванд, зеро зуҳуроти гуногуни экстремизм ва терроризм торафт бештар паҳн мешаванд ва ҷавонони аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва равонӣ осебпазирро ҷалб мекунанд.

Дар ин робита, равоншинос Азалия Зинатуллина ҷанбаҳои асосии муошират бо кӯдакеро, ки зери таъсири идеологияҳои экстремистӣ ва террористӣ қарор гирифтааст, таъкид мекунад ва мегӯяд: “Сафедкунии оммавии экстремизм, терроризм ва дигар фаъолияти ба онҳо монанд бештар тариқи интернет сурат мегирад”.

Ин суханон воқеияти имрӯзаро на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми ҷаҳон тасдиқ мекунанд. Масалан, дар Аврупо ва дигар кишварҳои ҷаҳони мутамаддин бо навбат истифодаи интернетро барои кӯдакон ва наврасон тариқи қонунҳои дохилии худ манъ карда истодаанд. Аз ҷумла, Австралия аввалин кишваре буд, ки ин иқдомро амалӣ намуд ва чунин корро сокинони он бо хушнудӣ қабул карданд.

Душманони миллати тоҷик, ки дар хориҷи кишвар амал мекунанд, низ бо ҳар роҳ мехоҳанд аз тариқи интернет бачагон ва наврасони тоҷикро ба ин бало мубтало кунанд. Мо бояд аз ҳоло садди роҳи онҳо шавем, ки эшон ба мақсадҳои нопоки худ нарасанд.

Барои ин чӣ бояд кард?

Ба ақидаи мо, одатан наврасоне, ки мушкилоти зерин доранд, “муаллими асосӣ”-и онҳо интернет мешавад:

– набудани эътимод ба худ;

– душвории назорат кардани эҳсосоти худ;

– хоҳиши пайваста ҷустуҷӯ кардани лаззати бе заҳмат.

Аломатҳои асосие, ки наврас зери таъсири идеологияи экстремистӣ ва террористӣ қарор гирифтааст, инҳоянд:

– калимаҳои нав дар нутқи кӯдакону наврасон, аз қабили “иншоаллоҳ”, “қасам ба номи Оллоҳ” ва ба ҳамин монанд бештар пайдо мешаванд;

– рафтори кӯдак ба таври манфӣ тағйир ёфтан мегирад, онҳо дағалтар мешванд, ки то ин вақт хоси онҳо набуд;

– тағйироти куллӣ дар тарзи зиндагии онҳо пайдо мешавад. Масалан, волидон медонистанд, ки писарашон – хонандаи мактаби миёна одатҳои бад (авбошӣ, тамокукашӣ) дорад, аммо ногаҳон, бе ягон шарҳ, ӯ аз онҳо даст мекашад. Ё ин ки баръакс, кӯдак ҳамеша кӯшиш мекард, ки тарзи ҳаёти солимро нигоҳ дорад, аммо баъд, ногаҳон, одатҳои бад пайдо мекунад. Ба бозиҳои компютерие рӯ меорад, ки саҳнаҳои зӯровариро дар бар мегиранд. Дар ӯ шавқи зиёд ба санъатҳои ҳарбӣ, машқҳои ҷисмонӣ ва хоҳиши аз худ кардани силоҳҳои теғдор пайдо мешавад (ин маълумотро аз интернет меҷӯяд). Тағйирот дар тарзи либоспӯшии онҳо дида мешавад ва монанди инҳо.

Ин волидонро бояд водор кунад, ки ҳарчи зудтар аз пайи чораҳои қатъӣ шаванд. Қабл аз ҳама, онҳо истифода аз интернетро бояд барои фарзанди худ маҳдуд ва ё пурра манъ кунанд (ҳарчанд ин кор мушкил аст). Онҳо бояд ба писару духтарони худ тарзи ҳаёти озодонаро ҳамеша дар суҳбатҳои худ талқин намоянд ва онҳоеро, ки майли рӯ овардан ба мубаллиғони амалҳои экстремистӣ доранд, сари вақт аз кирдори номатлубашон огоҳ намуда, оқибати бади ин корашонро бо мисолҳои мушаххасу ҳаётӣ собит намоянд. Зеро, тавре тоҷикон мегӯянд, “фарзанд лой асту падару модар кулол”, ҳар чӣ онҳо аз ин лой созанд, ҳамон хоҳад шуд…

 

Шуҳрат АҲМАДЗОДА,

муовини директори мактаби миёнаи №65-и ш. Душанбе

 

2026-10-01 (Рабиул ахири соли 1448) №10.


Муҳоҷирон ба Русия бештар даромад оварданд

Дар ним сол аз ҳисоби муҳоҷирон ба буҷети Русия 321 миллиард рубл ворид шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 30% зиёд мебошад.   Ин нуктаро Андрей Кикот, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия дар вохӯрӣ бо Владимир Путин, президенти Русия зикр кард. Ба гуфтаи ӯ, аз ин маблағ, зиёда аз 60...


Тоҷикистон бо Озарбойҷон, Чин ва Фаластин бозиҳои дӯстона мегузаронад

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар рӯзҳои FIFA дар моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад. 23-юми сентябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Озарбойҷон вохӯрӣ анҷом медиҳад. Бозӣ дар варзишгоҳи...


Аввалин пайванди ҷигар ва гурда дар вилояти Суғд анҷом ёфт

Дар шаҳри Хуҷанд амалиётҳои пайванди ҷигар ва гурда бори аввал дар вилояти Суғд анҷом дода шуданд. Ҷарроҳиҳо дар Беморхонаи клиникии №1-и шаҳр гузаронида шуда, ҳар ду амалиёт бидуни мушкилот анҷом ёфтаанд. Дар ин бора 2 сентябр дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии...


Муштзанҳои тоҷик ба Бозиҳои ХХ-уми Осиё мераванд

Аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳрҳои Айтӣ ва Нагояи Ҷопон Бозиҳои XX-уми Осиё баргузор мегардад. Дар мусобиқа варзишгарони 45 кишвари қора барои 217 маҷмуи нишонҳо мубориза мебаранд. Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқа 117 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Аз намуди бокс дар ин мусобиқаи...


Аритмия. Вайроншавии набзи дил чӣ хатар дорад?

Дил муҳаррики асосии ҷисми инсон буда, саломатии мо пеш аз ҳама ба солимии ин узви ҳаётан муҳим вобастагӣ дорад. Аммо ҳолатҳое мешаванд, ки набзи дил вайрон шуда, иллату нуқсон пайдо мекунад.   Аз ҳамин сабаб мо тасмим гирифтем бо табиби нуқсонҳои дил, аритмологи интервенсионии Маркази...