Зан будан хушбахтист

Зан будан хушбахтист

Баъзан шунидан мумкин аст, ки: “Ин ҷаҳон на барои зан, балки барои мард офарида шудааст”. Мо занҳо фикран бо чунин сухан розӣ ҳастему лекин...

Дар ҳақиқат мардҳо бисёр тарафи рӯзгорро ҳаллу фасл мекунанд. Доимо дар сафи пеш ҳастанд. Аз зиндагӣ баҳра мегиранд. Дар рӯйи замин пеши касе вазифадор нестанд, ки гузориш диҳанд. Маҳз ҳамин қисми пурқуввати одамон мақоми сарони давлатҳоро ишғол карда, ҷангзову дар гирифтани пеши роҳи даргирӣ (конфликт)- ҳо хеле фаъоланд. Ба болои ин мо занҳоро нишон медиҳанд, ки чӣ кор кунем, чӣ рафтор дошта бошем, чӣ либосу ба куҷо равем, дар куҷо ва чӣ тавр зист карданро пешниҳод мекунанд. Намуна (модел)-и муносиб барои ҳар хонавода, ин марди қавӣ, роҳбарикунанда, қумандон, ҳоким ва паҳлуш 1 зани заъифи таслим, нарм ва бе чуну чаро иҷрокунандаи ҳама дастури шавҳар мебошад.

Наход, ки ин ҷаҳони хурди дар талош будаву нопадид шуда истода, воқеан ҳам барои мо (зан)-ҳо эҷод нашуда бошад? Бинед, мо доим пушти парда, дар канору беамал ҳастем, ё дар ҳар маврид он (ҷаҳон) барои марду зан, ба ҳарду баробар ду тақсим бошад? Биёед якҷоя ҷустуҷӯ карда, 5 далели қатъиеро пайдо кунем, то исботи он шавад, ки зан будан хушбахтии бузург аст! Боз ҳам маълум нест, ки кадоме аз мо ҷинси латиф, ё ҷинси қавӣ буда, дар ин баҳс бурд хоҳем кард. Ҳар рӯз мо занон аз эҳсосоти зиёди хеш атрофи рангинкамони боварнакарданӣ мечархем. Танҳо мо ҳастем, ки бо ақли солим меҳрубонӣ дорем. Аз меҳрубониҳо шодӣ карда, ашк мерезем. Дар девор тортанакро дида, аз тарс ларзон шуда, низ ба ҳоли вазнини хеш механдем. Мо даҳҳо гунаи нақши рангро фарқ мекунем. Ҳатто замоне, ки мо эҳсосот нишон надиҳем ҳам, обфишони баланд дохили мо фавора дорад. Оташфишони фаровон, хуршеди тобон, борони найсон дар вуҷуди мост. Ай мардони ҳушманд! Ақли солим, мантиқи эҳтиёткорӣ куҷост? Занон меҳрубонаду дилдода, нарманду ғамгин, дар шӯранду ваҳм ва боз ҳам шайдои ишқу ошикӣ. Ин ба он маъно нест, ки мардон ба таври комил аз тавонойии таҷрибаи эҳсосот дуранду гӯё занон аз ақли солим маҳрум. Ҷонофарин моро аз якдигар дар сохти гуногуни ҷисмӣ офаридааст. Мо (яне зану мард) ҳеҷ гоҳ ҳиссиёту фикрронии якхела надорем. Зан будан хушбахтист, барои он, ки мо модар ҳастем.

Замоне мешавад, ки кафи пойи хурдакаки дар бадан буда, зарбаи сахт ба тани модар мезанад, ки чунин ҳиссиёти баландро танҳо зан медонаду тамом. Чӣ хел ҳадияи ниҳоят бузурге аз Офаридгор аст, ки 9 моҳ дар бадан тифлро парвариш кунӣ, ки ангуштакони майда, бинича ва мижгони ноаён, вале руҳи хеле бузурге ба дунё хоҳад омад. Ҳар шаб зани ҳомилаи дар ибодат, ё рӯзадор будан, подоши бузурге дарёфт мекунад. Ҳар зан барои таваллуди кӯдак ҷоизаи 70 соли намозгузорӣ ва рӯзадориро дарёфт хоҳад кард. Барои тоқату истодагарӣ подоши ҳаҷкардаро низ соҳиб мешавад. Замоне, ки зан ҳомила мешавад, подоши ӯ барои рӯза гирифтан дар рӯз ва намозгузогии шаб, ки дар роҳи Бузургвор аст, ҳисоб карда мешавад. Зан будан хушбахтист, чунки мо зебо ҳастем. Агар либоси наве харида, мувофиқи он рӯймолеро интихоб кунем, роҳату ором истироҳат дошта бошем, оромона барои сайру тамошо ба соҳили дарё равем, он замон зани дӯстдоштаи мисли маликаи зебойӣ хоҳед шуд. Хушбахтии дигарро дар он мебинем, ки доимо дар орову зебо кардани сару либос, чашму абру, дасту пой ҳастем то, ки зудтар дили мардро ба даст оварем. Чунин корҳои хеле майдаи муҳимро танҳо зан метавонад анҷом дод. Далели дигар он, ки зани солеҳи барои дар ин ҷаҳон буданаш, ба 70 ҳазор бор дар биҳишт дидан баробар аст.

Ҳамчунин як зани батақвои мусалмон будан кофӣ нест? Зан будан хушбахтӣ барои он аст, ки ҳаққи оромона дар хонавода буданро дорем. Ҳақи қонунии зан дар он аст, ки Офаридгор барои ҳар яки мо додааст. Озод будан аз таъмини хонавода, бахшидани ҳаёт барои фарзанду марди дӯстдошта, ки натанҳо фармондори хона, балки таъмингари рӯзгор аст. Зан будан хушбахтӣ аст, барои он ки моро Худованд хеле дӯст дорад. Албатта тавре, ки мардонро дӯст медорад, лекин моро ҳифз, эҳтиёт, навозиш карда, роҳи хосаро ба сӯйи биҳишт ҳидоят дорад. Хуб. Билохир, розӣ шавед, ки дарвозаи биҳишт барои ҳама боз ҳаст ва дар умри кутаҳи хеш ба даст овардани ризоияти шавҳар арзиши талош кардан дорад. Ай Худованди бузург! Мардонеро канори мо ато кунед, ки мо зани ҳақиқӣ будани худро доимо ҳис кунем.

САФИЯ ФОКИНА

Аз русӣ тарҷумаи

Шамсиддини Муқим

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Пешниҳоди муфтӣ: ҷавонон бояд пеш аз издивоҷ давраи омӯзишӣ гузаранд

Саидмукаррам Абдуқо-дирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар як суханронии ахири худ аз афзоиши ҷудошавии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карда, пешниҳод намудааст, ки ҷавонон пеш аз издивоҷ дар бораи оиладорӣ китоб хонанд ва ҳатто аз як давраи кӯтоҳи омӯзиши зиндагии муштарак...


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Оши туппа

Маҳсулоти лозима: Гӯшти қимма, пиёз, сабзӣ, равғани растанӣ, зира, нахӯд ва лӯбиёи таркардашуда, хамири бурида.   Тарзи таҳия: Сараввал гӯшти қимма, пиёз ва сабзиро дар каме равғани растанӣ бирён карда, об резед ва зираю намак пошед, сипас нахӯди таркардашуда ва лӯбиёро андозед. Пас аз...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...