Ҳақиқати шармсорӣ

Ҳақиқати шармсорӣ

Пас, бидон, ки шармсорӣ бар чанд ваҷҳ аст:

 

Дар шармсорӣ бинобар бузургворӣ он чӣ дохил мешавад, ки дар ин қавли Ӯ таоло омадааст: «Яке аз он ду духтар, ки бо камоли шарм роҳ мерафт, назди ӯ омад» (Қасас, 25). Гуфтаанд: Духтари Шуайб аз Мӯсо барои он шарм медошт, ки ӯро ба зиёфат мехонд. Пас, шарм дошт, ки мабодо Мӯсо даъвати ӯро напазирад. Сифати соҳиби зиёфат шармгинӣ аст ва ин аст шармсорӣ бинобар бузургворӣ.

  1. Шармсорӣ бинобар ҳишмат. Мисли Алӣ (раз), чун ӯ шавҳари Фотима (раз) – домоди Паёмбар ﷺ буд, Миқдод ибни Асвадро фармуд, ки аз эшон дар бораи ҳукми беруншавии мазӣ суол кунад.
  2. Шармсорӣ бинобар хору ҳақир шумурдан. Мисли Мӯсо, ки гуфт: «Парвардгоро! Гоҳе маро ба чизе аз дунё ҳоҷат афтад, вале шарм медорам, ки онро аз Ту бихоҳам». Худои азза ва ҷалл гуфт: «Аз Ман бихоҳ, ҳатто намаки хамиратро ва алафи гӯсфандатро!».
  3. Шармсорӣ бинобар инъом. Ва он шармсории Парвардгор субҳонаҳу аст, ки ба банда номае муҳркарда диҳад, баъди аз Сирот гузаштанаш. Дар он чунин навишта шуда: Ту ҳар он чӣ буд, кардӣ, вале Ман шарм медорам, ки онро бар ту ошкор намоям. Пас, бирав, ҳамоно, Ман омурзидамат!

Паёмбар ﷺ ҳақиқати шармсориро баён карда чунин гуфтааст: «Эй мардум! Аз Худо шарм бидоред ончунонки сазовори шармсорӣ аст»! Гуфтанд: «Мо шарм медорем, эй Паёмбари Худо ва сипос Худойро!». Гуфт: «На чунин аст, валекин касе аз Худо шарм медорад, ончунонки сазовори шармсорӣ аст, пас, бояд сарашро ва он чиро, ки дар вай аст нигаҳ дорад ва ишкамашро ва он чиро, ки дар вай аст, нигаҳ дорад ва маргу фарсудашавиро ёд кунад ва ҳар кӣ хоҳони охират аст, зинати ҳаёти дунёро тарк намояд. Пас, ҳар кӣ ин корҳоро кард, ба таҳқиқ, аз Худо шарм доштааст, ончунонки сазовори шармсорӣ аст».

53

Ҳакиме гуфтааст: «Шармро аз роҳи ҳамнишинӣ бо касе, ки аз ӯ шарм медоранд, зинд гардонед!»

 

Шарм аз гӯшаи имон аст

Бидон, ки аз шартҳои муридӣ пайваста оташдон будани1 ботини ӯст. Яъне, ҳамеша фурӯзон будан аз шарми кӯтоҳӣ дар пешгоҳи Худои таъоло.

Фузайли Иёз гуфт: «Панҷ чиз аз нишонаҳои бадбахтӣ аст: сангдилӣ, хушкии чашмон, бешармӣ, рағбат ба дунё ва орзуи дурудароз».

Ва ҳам гуфтаанд, ки чун ҳайбат ва шарм аз банда бирафт, дар вай хайре боқӣ намонад.

Шарми банда аз Худои таоло ба андозаи имон ва зуҳди ӯ дар дунёст. Бузургон гуфтаанд: «Шарм ва унс дари дилро мекӯбанд ва агар дар он зуҳду парҳезгориро ёфтанд, бимонанд, вагарна бираванд».

Дар каломи Ӯ таоло омада: «Ва дар ҳақиқат он зан оҳанги вай кард ва Юсуф низ оҳанги ӯ кард, агар бурҳони Парвардгорашро надида буд» (Юсуф, 24). Дар мавриди тафсири «бурҳон» гуфта шудааст, ки Зулайхо ҷомаеро бар рӯи буте, ки дар кунҷи хона буд, афканд. Юсуф гуфт: «Чӣ кор мекунӣ?» Зулайхо гуфт: «Аз вай шарм медорам». Юсуф гуфт: «Ман аз ту авлотарам ба ин, ки аз Худои таоло шарм бидорам».

 

Намунаҳое аз шарм назди аҳли тариқат

Намунаҳои бузурги шарм аз Худои таоло аз гузаштагони шоиста ба зуҳур пайвастааст, ки ҳамаи онҳо бе такаллуф ва худнамоие аз сӯи онҳо будааст. Баъэе аз онҳо аз Худои таоло шарм медоштанд, ки дохили масҷид шаванд, чун он хонаи Худост ва онҳо ба Худо нофармонӣ ва аз амри Ӯ саркашӣ кардаанд. Ривоят кардаанд, ки марде дар беруни масҷид намоз мехонд. Ба вай гуфтанд: «Чаро ба масҷид намедароӣ, то дар он намоз бихонӣ?» Гуфт: «Аз Худои таоло шарм медорам, ки ба Хонааш дароям, чун Ӯро нофармонӣ кардаам».

Баъзе аз онҳо аз Худо шарм медоштанд, ки аз дигаре, ғайри Ӯ, шарм доранд. Яке аз онҳо гуфт: «Шабе берун шудем ва аз бешае гузар кардем.

 Мардеро хуфта дидем ва аспаш дар болои сараш ба чаро машғул буд. Ӯро бедор кардем ва гуфтем: Оё аз хобидан дар чунин ҷои ваҳмангези пур аз ҳайвоноти дарранда наметарсӣ? Ӯ сар бардошту гуфт: Ман аз Ӯ таоло метарсам, ки аз ғайри Ӯ тарсам. Сипас сарашро гузошту ба хоб рафт.

Абубакри Варроқ гуфт: «Чӣ басо ду ракъат намоз аз барои Худои таоло мегузорам ва чун аз он берун меоям, аз шарм худро ба манзилаи касе медонам, ки аз дуздӣ баргаштааст».

 

Шарми Худо аз бандааш

Бидон, ки Ҳақ таоло аз бандагонаш шарм медорад. Дар Таврот навишта шудааст: «Аз саркашӣ шарм дор, ки Ман аз азоб додани ту шарм медорам!» Ва дар китобе илоҳӣ аст: «Бандаи Ман нисбат ба Ман беинсофӣ мекунад, Маро фаро мехонад ва Ман шарм медорам, ки дуояшро рад кунам, вале ӯ Маро нофармонӣ мекунаду аз Ман шарм намедорад».

Паёмбар ﷺ дар ҳадисе гуфтааст: «Ҳамоно, Худованд бисёр шармгин ва бахшанда аст; чун банда дастонашро ба сӯи Ӯ бардошт, шарм медорад, ки онҳоро холӣ баргардонад».

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид

«Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум дар таърихи х-уд Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Дар бозии ниҳоии мусобиқаи «Ҷоми Тоҷикистон2026» футболбозони Хуҷанд бар тими «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо...


Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд

Муфтии Тоҷикистон аз муҳоҷирон хост, ки дар тарбияи фарзандон фаъол бошанд Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки бо аҳли оилаи худ робитаи доимӣ дошта бошанд ва дар тарбияи фарзандон саҳми фаъол гузоранд. Тибқи иттилои...


Саволу ҷавоб

Ҳамсояамон мегўяд, ки бо тасбеҳ зикри бисёр кардан дуруст нест, чунки он бидъат аст. Оё ин ақида дуруст аст ё на? Худованд дар каломи худ бандагонашро ба бисёр зикр гуфтан амр кардааст, чунонки мефармояд: “Эй мўъминон, Худоро ба ёд кардани бисёр ёд кунед”. (Сураи “Аҳзоб”,...