Чойкаҳаку раҳдавак – давои гурдадард

Чойкаҳаку раҳдавак – давои гурдадард

Чанд сол боз аз бемории илтиҳоби гурда азият мекашам. Ростӣ, аз гирифтани сӯзандорӯ ва хӯрдани ҳабҳои гуногун ба ҷон расидаам. Мегӯянд, ки дарди гурдаро бо алаф ва гиёҳҳо табобат кардан беҳтар аст. Аз табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ мехоҳам, ки ба ман роҳҳои табобатро тавсия диҳанд.

Гулшан, ноҳияи Айнӣ

– Гулшанбону, шумо дар зеботарин минтақаи Тоҷикистон – водии Зарафшон зиндагӣ мекунед, ки дар он ҷо гиёҳҳои шифобахш хеле зиёданд. Илтиҳоби гурда бар асари гузаштани микробҳо аз узвҳои ҳампаҳлу, хоса аз рӯда ба гурдаҳо сар мезанад. Микробҳо дар гурда таҳшин мешаванд ва дар ҷое, ки микроб ҷой мегирад, газак ба вуҷуд меояд. Илтиҳоб, яъне пиелонефритро сари вақт табобат накунанд, беморӣ куҳна шуда, метавонад касро ба оқибатҳои ногувор, аз ҷумла ба норасоии гурда мубтало созад. Якчанд гиёҳҳое мавҷуданд, ки иллатҳои гурдаро даво мебахшанд. Аз ҷумла, гиёҳи ҳамешабаҳор (календула), чойкаҳак (зверабой), мармарак (шалфей), риш ё пӯпаки ҷуворӣ, раҳдавак, тухми зағир, ҷағ– ҷағ барои гурда доруи бебаҳоянд. Ду– се номгӯйи ин гиёҳҳоро дар ним литр оби ҷӯшомада дам партоеду баъдан аз дока полонда, ҳар рӯз се маротиба пеш аз хӯрок тақрибан 50– граммӣ бинӯшед, газаки гурдаро даво мебахшад.

Ман ҷавони олуфтааму тозагиро меписандам. Аммо як чиз маро нороҳат менамояд, ки ин арақкунии пойҳоям аст. Бо вуҷуди он, ки поямро пайваста мешӯям, боз ҳам арақ карда, бӯи нохуш пайдо мешавад. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед.

Раҳимҷон аз ноҳияи Ёвон

– Дар ҳақиқат ҳам пои баъзеҳо сахт арақӣ аст. Бӯи нохуш ҳангоми омезиш ёфтани арақ бо бактерияҳои пой пайдо мегардад. Дар ин сурат дезодоранти триклозан ё хлоргексидиндори махсус барои пой пешбинишударо истифода баред. Ғайр аз ин, шумо метавонед шабона поятонро ба маҳлулоби пӯстлохи дарахти булут (кара дуба) тар кунед. Ин тавсияҳо зуд ба шумо кумак мекунанд ва аз ин оризаи нороҳаткунанда наҷот меёбед.

Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Оилаи солим - ҷомеаи солим

Оила яке аз муқаддасотест, ки ҳар шахси соҳибшарофат онро қадр менамояд ва дар пойдории он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Чунон ки аҳли фаҳм фармудаанд: “Оилаҳо давлатҳои хурдеанд, ки як давлати мустақилро ташкил медиҳанд”. Агар ба таърихи оиладорӣ назар андозем, мебинем, ки вақте Худованд...


Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳҳои офтобӣ месозад

Ширкати «LONGi»-и Чин барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ менамояд. Масъалаи бунёди нерӯгоҳҳо ва дигар масоили марбут ба соҳаи энергетика дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Чин дар...


Фоидаҳои ҷигари мурғ

Қаблан дар Тоҷикистон касе ҷигари мурғро намехӯрд, вале ҳоло он дар ҳамаи мағозаҳо фурӯхта мешавад.   Ҷигари мурғ яке аз маҳсулоти серғизо ба шумор меравад. Он аз оҳан, витамини А, витамини В12, фолат ва сафеда бой аст. Маҳз ба ҳамин далел метавонад барои пешгирӣ ё кам кардани хатари баъзе...


Поянда бод Бахтномаи миллати тоҷик — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Конститутсия баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Бо қабули ин санад роҳи рушди давлатдории миллии тоҷикон муайян гардид. Сиёсатшиносони дохилу хориҷӣ онро аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Конститутсия 6 ноябри соли 1994 бо овоздиҳии...


Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон — 24 ноябр

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана баъд аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) муқаррар шудааст. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад ва...