Манфиати рӯзадори

Манфиати рӯзадори

1. Рӯзадори ахлоқро қавӣ мегардонад. Рӯзадори ёди Аллоҳ Таъолро дар дили мо бедор гардонида, масъулиятшиносиро бештар намуда, дилро аз ҳисиёти разилона ва қабеҳ пок гардонида, аз муносибати бад бо одамон ва рафтори номақбул нигоҳ дошта, билохира, моро тарбият мекунад. Рӯзадори чашми моро аз нигоҳи манъ шуда, забони моро аз дурӯғ ва суханҳои бемаънӣ, гӯшҳои моро аз ғайбат, ишками моро аз ғизои ҳаром, дастони моро амалҳои мазамматкунанда, пойҳои моро аз рафтан ба ҷойҳои манъкардашуда, муҳофизат ва нигоҳ медорад. Ҳикмати ибодат аз ин иборат аст, ки мо аз барои Аллоҳ Таъоло ҳукму фармони Ӯро ба ҷо оварем ва аз гуноҳҳо дар канор бошем.

2. Рӯзадори меҳру шавқатро зиёд мегардонад. Одаме, ки гуруснаги ва нодориро намедонад, ҳаргиз мушкилии одами наздикашро дарк карда наметавонад. Шахси рӯзадор, ки азоби гуруснагию машаққатро кашида, омодааст, ба одамони камбағал дасти ёрӣ дароз намуда, ба онҳо кумак мерасонад, то ки онҳо аз ин мушкилӣ раҳоӣ ёбанд.

3. Рӯзадори василаи қадр ва шукргузории неъматҳои ато кардаи Аллоҳ аст. Инсон ба қадри чиз он вақт мерасад, ки аз он маҳрум шуда бошад. Дар ин вақт рӯзадорон да бисёр неъматҳои ато кардаи Парвардигор дар канор мемонанд ,ба қадри онҳо мерасанд, боз бештар эҳтиёт кардани онҳоро ёд мегиранд ва боз бештар шукри Аллоҳ Таъолоро барои ин неъматҳои ато намудааш мекунанд.

4. Рӯзадори одамро солим мегардонад. Расулуллоҳ ﷺ гуфта аст: “Рӯза гиред, сиҳатӣ меёбед”. (“Кашфу-л-хафо”, ҷилди 2, саҳ. 33). Бо шарофати рӯза узвҳои ҳозимаи 11- моҳ бетанаффус кор карда омада, як моҳ “дам гирифта», баъди ин корашон беҳтар мегардад. Олимон исбот кардаанд, ки рӯза барои ҷисми инсон фоида дорад. Мувофиқи нуқтаву назари олими франсуз, барандаи ҷоизаи Нобелӣ, доктор Алексис Карреля дар вақти рӯза аз ҷисм маҳсули таҷзияи ҷамъгардида хориҷ гардида, боиси таҷдиди ҷисм мегардад.

5. Рӯзадори ба инсон сабру таҳаммул меомӯзад. Ҳар касе, ки худро дар вақти муайян ба нахӯрдану нанӯшидан одат кунонидааст, ӯ қобилияти пурраи паси сар намудани мушкилоти зиндагиро дошта, азобу уқбат ва дарду аламро бо сабру тоқат ва таҳаммул карда метавонад. Ҳазрати Муҳаммад ﷺ мегӯяд: “Рӯза ними тоқат аст”. (Тирмизӣ, “Даъват”,86).

6. Рӯзадори сабабгори омӯрзиши гуноҳи мусалмонон мебошад. Дар Қуръони карим омадааст: «Ва мардони рӯзадоранда ва занони рӯзадоранда ва мардони муҳофизаткунандаи шармгоҳи худ ва мардону занони Худоро бисёр ёдкунанда-омӯрзиш ва музди бузург муҳаё кадааст». (Сураи Аҳзоб-35). Паёмбар ﷺ гуфта аст: “Ҳар кӣ Рамазонро аз рӯи имону ихлос бигирад, ҳамаи гуноҳҳои дар собиқ кардааш бахшида мешаванд”. (Бухорӣ, “Имом”, 28; Савм, 6; Муслим, “Сиём”, 203).

7. Рӯзадори сабабгори ба Ҷаннат ворид гардидани мусалмонон мегардад. Паёмбар ﷺ фармудааст: «Ба ростӣ, дар Ҷаннат даре ҳаст, онро ки Райён (серобӣ) гӯянд, аз он дар рӯзи Қиёмат рӯзадорон ворид мешаванд ва аз он ғайри онҳо касе надарояд”. Гӯянд: “Рӯзадорон куҷоянд? Онҳо (барои даромадан) бармехезанд, ба ғайри онҳо касе аз он надарояд. Ва чун онҳо ворид шаванд, (он дар) баста гардад ва аз он касе надарояд». (Бухорӣ, “ Савм”, 4; Муслим, “Сиём”, 166).

8. Рӯзадори шафоаткунандаи Рӯзи Қазо мегардад. Паёмбар Муҳаммад ﷺ мегӯяд: “Рӯза ва Қуръон, дар рӯзи Қазо бандагони Аллоҳ Таъолоро шафоат мекунанд. Рӯза мегӯяд: “Эй Худованди ман, ӯро хӯрдан нагузоштам ва пеши роҳи нафси ӯро гирифтам. Шафоати маро қабул фармо”. Қуръон мегӯяд: “Ман монеи хоби шабонаи ӯ гардидам. Шафоати маро қабул фармо” Ҳар ду шафоати (ин бандаро) мекунанд”. (Аҳмад ибни Ҳанбал, “Муснад”, 2, 174).

9. Аллоҳ Таъоло дуои рӯзадоронро мустаҷоб мегардонад. Мусалмони рӯзадор имконияти бештари аз Аллоҳ Таъоло талаби наҷот ва хушбахтиро дар ин Дунё ва Охират дорад. Илова бар ин, бояд ӯ дар ҳаққи Ислом ва мусалмонон дуои хайр кунад. Паёмбари Худо Муҳаммад ﷺ чунин мегӯяд: «Дуои се нафар рад карда намешавад: ҳокими одил, рӯзадор то рӯза кушоданаш ва мазлум». (Ибни Моҷа, 1, саҳ. 557, № 1752). «Рӯзадорро ҳеҷ гоҳ дуояш ҳангоми рӯзакушоӣ рад карда намешавад». (Ибни Моҷа, 1, саҳ. 557, № 1753).

Дуои рӯзакушоӣ ҳангоми ифтор: «Аллоҳумма лака сумту ва бика оманту ва алайка таваккалту ва ало ризқика афтарту. Бираҳматика ё арҳама-рроҳимин». Маънояш: «Парвардигоро, барои ризогии Ту рӯза доштам ва ба Ту имон овардам ва ба Ту такя дорам ва ба ризқи додаи Ту ифтор кардам».

Асосҳои маърифати исломӣ

2026-11-01 (Ҷимодул-аввали соли 1448) №11.


Муҳоҷирон дигар наметавонанд зиёда аз як миллион рублро аз Русия бароранд

Аз Русия бо худ ба Ватан бурдани пули нақд барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик душвор мегардад. Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонидааст, ки тибқи он қоидаҳои аз кишвар баровардани пули нақд сахттар карда мешаванд. Дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Русия хабар дода...


Рӯзи 16-уми ноябр — рӯзи таърихӣ ва муҳим барои миллату кишвар

Тавре ба ҳамагон маълум аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муайян карда шудааст. Мо ҳамасола ин рӯзро ҳамчун рамзи қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар роҳи эъмори давлати миллии тоҷикон — «Рӯзи Президенти...


Намояндагии вазорат аз муҳоҷирон хост ба ҳисобҳои ношинос пул нафиристанд

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба корт ва суратҳисобҳои шахсони номаълум ва созмону фондҳои ношинос маблағ интиқол надиҳанд. Намояндагӣ рӯзи 22-юми сентябр ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва фондҳои қалбакӣ...


Тарғиби илму дониш дар «Хирадномаи Искандари»-и Абдурраҳмони Ҷоми

Вақте ки дилҳо аз илму дониш шодобу мунаввар мешаванд, муносибатҳои байни одамон, раҳму шафқат бештар мегардад. Ҷомеаи инсонӣ пеш меравад, тараққӣ мекунад, ноадолатӣ, бедодгарӣ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.   Мақсаду мароми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун инсондўсти бузург таълим додан ва тарбия...


Гули бобуна ба кадом дардҳо давост?

Аксари табибон ҳангоми бемориҳои гуногун ба беморон нӯшидани гиёҳоби бобуна (ромашка)-ро тавсия медиҳанд. Мехоҳам донам, ки бобуна чӣ фоида дорад?   Посух: - Гули бобуна дар ҳақиқат хусусиятҳои табобатии зиёде дорад. Ин гиёҳи мӯъҷизанокро дар саросари Тоҷикистон пайдо кардан мумкин атс,...